Олег Дозморов

Соли 1974 дар Свердловск (ҳоло Екатеринбург) таваллуд шудааст. Факултаи филология ва аспирантураи Донишгоҳи давлатии Урал, факултаи рўзноманигории Донишгоҳи давлатии Москваро хатм кардааст. Ба сифати ҳаммол, посбон, китобдор, муаллим, рўзноманигор, муҳаррир кор кардааст. Роҳбари Иттиҳодияи адабии Донишгоҳи давлатии Урал ва маҳфили адабии ба номи Лебядкин дар маҷаллаи «Урал» буд. Муаллифи панҷ китоб: «Нуқсон» (1999), «Шеърҳо» (2001), «Ҳаштбайтиҳо» (2004), «Нигоҳ ба баҳмут» (2012), «Лаҳҷаи Урал» (2019). Барандаи ҷоизаи маҷаллаи «Урал», ҷоизаҳои «Русская премия», «Московский счёт». Дар Лондон зиндагӣ мекунад.
Дозморов на танҳо ҷуръати шеърнависиро дар ҳошияи назми классики руср дорад, балки онро хамчун палимпсест истифода мебарад. Ў хаёлеро эҷод менамояд, ки хонанда барои фаҳмидани он ба контекст эҳтиёҷ надорад.