Ту ба ӯ: ист, каме сабр намо...
* * *
Ту ба ӯ: ист, каме сабр намо,
аз чӣ сар дард кунад, пешонӣ
пур шавад субҳ зи моеъи сурб,
андар ойина на худро монӣ?
Ту ба ӯ: рӯз ба ҷасту хезе
гузарад субҳ ба бадалгашта ба шом,
рӯҳ чун элаки сӯрох чарост,
ба куҷо ӯ бубарад аз чӣ паём?
Бин, ки баҳмут алаф мехояд,
тимсоҳ аст дар оғӯши рӯд,
ҳама розист дар ин боғи вуҳуш,
кар-кару гав-гаву ҳар гуна суруд.
Олами ман ҳама дорад тартиб,
кӯҳу ҷангал ҳама рӯду дарё,
хомушак рӯи алафҳо хонад,
бо суруде ҳама шавқи худро.
Ту ба ӯ: ист, каме сабр намо,
аз чӣ сар дард кунад, пешонӣ
пур шавад субҳ зи моеъи сурб,
андар ойина на худро монӣ?
Ту ба ӯ: рӯз ба ҷасту хезе
гузарад субҳ ба бадалгашта ба шом,
рӯҳ чун элаки сӯрох чарост,
ба куҷо ӯ бубарад аз чӣ паём?
Бин, ки баҳмут алаф мехояд,
тимсоҳ аст дар оғӯши рӯд,
ҳама розист дар ин боғи вуҳуш,
кар-кару гав-гаву ҳар гуна суруд.
Олами ман ҳама дорад тартиб,
кӯҳу ҷангал ҳама рӯду дарё,
хомушак рӯи алафҳо хонад,
бо суруде ҳама шавқи худро.




