Александр Солженитсин

Александр Исаевич Солженитсин (1918—2008) — нависанда, мустанаднигор, намоишноманавис, шоир, ходими ҷамъиятӣ. Барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт (1970).
Солженитсин дар Кисловодск ба дунё омада, дар Ростови лаби Дон ба воя расид. Пас аз итмоми таҳсил дар факултаи физика-математикаи Донишгоҳи Ростов ба Донишкадаи фалсафа ва таърихи Маскав дохил шуд. Аз соли 1943 дар фронт буд, сазовори чандин орденҳо гардид. Моҳи феврали соли 1945 бо ҷурми руҳияи зиддишуравӣ доштан боздошт ва ба зиндону табъид маҳкум шуд. Пас аз баромадан ба озодӣ ҳамчун муаллим дар яке аз рустоҳои вилояти Владимирск фаъолият кард. Соли 1957 сафед карда шуд.
Нахустин навиштаҳои ӯ — ҳикояи «Як рӯзи Иван Денисович» ва қиссаи «Хонаи Матрёнин», ки дар маҷаллаи «Новый мир» ба нашр расиданд, пурсару садо буданд. Бори аввал мавзуи ГУЛАГ (Сарраёсати урдугоҳҳо ва маконҳои баҳабсгирӣ) дар адабиёт садо пайдо кард. Баъд аз ин чопи осори ӯ боздошта шуд ва барои танқиди низоми шӯравӣ, интишори худсарона ва нашри китобҳо дар хориҷ аз кишвар аз ИҶШС бадарға гардид. Танҳо соли 1994 ба Ватан баргашт.
Тамоми асарҳои бузургҳаҷми Солженитсин падидаҳои муҳими ҳаёти адабию ҷамъиятӣ гардидаанд: ҳам «таҷрибаи пурвусъати таҳқиқи адабӣ»-и «Архипелаг ГУЛАГ», ҳам романҳои «Дар давраи аввал», «Корпуси саратон» ва низ эпоппеяи муҳташами «Ҳалқаи сурх» дар бораи инқилоби русҳо ва заминаҳои маънавии он, ҳамчунин осори насрии ёддоштӣ — рӯзномавӣ ва очеркҳои филологии нависанда.
Солженитсин дар китобҳояш нуқтаи назари махсуси худро дар мавриди таърихи асри ХХ-и Русия ба қалам меорад. Мавзуъҳои аслии таҳқиқоти адабии вай — хислати миллии русӣ дар лаҳзаҳои ҳассоси таърих ва табиати тоталитаризм мебошанд.