Юрий Поляков

Юрий Михайлович Поляков (с. т. 1954) — носир, рўзноманигор, публитсист, драманавис, шоир, ходими ҷамъиятӣ. Барандаи ҷоизаҳои ҳукуматҳои Россия ва Москва, ба номҳои Гогол, Щедрин ва ғ.
Дар Москва дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Факултаи забон ва адабиёти руси МОПИи ба номи Крупскаяро (ҳоло-МГОУ) хатм кардааст. Номзади илмҳои филологӣ, оид ба назми ҷабҳаи ҷанг рисолаи илмӣ ҳимоя намудааст. Солҳои 2001—2017 сармуҳаррири рўзномаи «Литературная газета» буд. Соли 1974 ба саҳнаи адабиёт ворид шудааст. Нахустин қиссаҳои Юрий Поляков — «ВФ-и сатҳи ноҳиявӣ» ва «Сад рўз то фармон» дар маҷаллаи «Юность» чоп гардидаанд. Дар қиссаҳои «Кор аз болои хатоиҳо», «Апофегей», «Ишқи порисии Костя Гуманков» сабки нависандагии ў, ки мунаққидон онро «реализми иғроқӣ» меноманд, ташаккул ёфт. Муаллифи романҳои «Бузича дар шир», «Фирорро ба нақша гирифтаам...», «Шоҳи қорчӣ», эпопеяи тамасхуромези «Карнайчии гачӣ», романҳои «Ишқ дар даврони дигаргуниҳо» ва ғайра мебошад. Пйесаҳои Поляков дар саҳнаҳои Россия ва Аврупо бомуваффақ пешниҳоди тамошобинон мегарданд. Публитсистикаи ў, аз ҷумла маҷмуаи «Левиафан ва Либерафан», «Устодони санъат, шумо чӣ лозимед» ва ғайра, боиси баҳсу мунозира мегарданд.
Насри Поляков ҳамеша иҷтимоӣ ва хеле замонавист. Ў истеҳзоомез, бо ҳаҷв қаҳрамон ва рафти зиндагии навро тасвир намуда, гоҳо писханду пичинги ў ба лирика мубаддал гашта, оҳанги иҷтимоӣ ба ҳасрати истеҳзоомез табдил мешавад.