Роман Сенчин

Роман Валеревич Сенчин (с. т. 1971) — носир, мунаққиди адабӣ. Барандаи ҷоизаҳои Ҳукумати Федератсияи Россия (2012) ва «Китоби бузург» (2015).
Дар Кизил (Тува) таваллуд шудааст. Вай дар омўзишгоҳи бинокории Ленинград таҳсил кардааст. Дар Минусинск дар театр монтажчӣ, челонгар, посбон, фаррош, боркаш шуда кор кардааст. Дар рўзномаҳои «Кизил», «Абакан» ва «Минусинск» ҳикояҳо чоп мекард. Донишкадаи адабии ба номи А. М. Горкийро хатм кардааст.
Нахустин нашри москвагии вай маҷмуаи ҳикояҳои «Рўзи бе ҳисоб» («Знамя», 1997) аст. Сенчин муаллифи романҳои «Нубук», «Дар зинапояи сиёҳ», «Яхи зери пой», «Иттилоот», «Борон дар Порис», «Минтақаи зериобшаванда», «Елтишевҳо», як қатор ҳикоя, қисса, очерк ва мақолаҳои мунаққидӣ мебошад.
Мунаққидон Сенчинро ба ҷумлаи «реалистони талхмизоҷ» нисбат медиҳанд. «Пафоси ногузир, ки ба зершуури адабиёти волои суннатии рус ҷойгир шудааст» (Лев Пирогов), хоси эҷодиёти Сенчин аст. Кўшишҳои вай ҷиҳати дарёфти «ҳақиқати адабӣ», «воқеият», ҳуҷҷатикунонидани тахайюл бештари вақт тақозо менамояд, ки насри ў ҳамчун ҳақиқати бевосита оид ба Россияи муосир қабул карда шавад.

Асарҳои муаллиф

1 Асар