Александр Кабаков

Александр Абрамович Кабаков (1943—2020) — носир, филмноманавис, журналист ва публитсист. Барандаи Ҷоизаи «Китоби калон», мукофоти ба номи Аполлон Григорев ва чанде дигар.
Дар Новосибирск таваллуд шуда, факултаи механики-математикаи Донишгоҳи Днепропетровскро хатм намуда, муҳандис шуда кор кардааст. Фаъолияти журналистиаш дар рӯзномаи «Гудок» оғоз шудааст. Қиссаи машҳургаштааш «Барнагарданда», ки соли 1989 нашр шуд, ӯро чун яке аз муаллифони машҳури замони бозсозӣ шинос намуд. Ў дар рӯзномаҳои «Московские новости» ва «Коммерсант» кор карда, чун публитсист ва колумнист маводи зиёде нашр намуд.
Кобяков муаллифи бисёр китобҳо, аз ҷумла «Нависанда», «Сохтаном», «Қаҳрамони охирин», «Гуреза», «Ҳама чиз ислоҳшаванда аст», «Афсонаҳои Москва» ва ғайра.
Кобяков асосан дар жанри фантасмагорияи иҷтимоӣ ва тасвири рўзгори шаҳрнишинҳо кор карда, мавзуъҳои рўзмарраро бо садоқат ба анъанаҳои адабиёти классикии рус пайвастааст.