Даниил Гранин
Даниил Александрович Гранин (1919—2017) — нависанда, сценариянавис, публитсист, ходими ҷамъиятӣ. Муаллифи асарҳои ҳарбӣ, «шаҳрӣ», насри таърихӣ, мустанад. Барандаи Ҷоизаҳои давлатии ИҶШС (1976), Федератсияи Россия (2001, 2016) ва бисёр ҷоизаҳои дигар.
Дар шаҳри Волыни вилояти Курск таваллуд шудааст. Донишкадаи политехникии Ленинградро хатм кардааст. Энергетик шуда кор мекард. Соли 1941 ихтиёрй ба фронт рафт. Аввалин ҳикояҳои Гранин соли 1937 чоп шуда буданд. Роману қиссаҳои солхои 60-ум навиштааш дар бораи мушкилот ва саъю талошҳои олимони чавони шўравй — «Ҷўяндагон», «Баъди туй», «Алайҳи раъду барқ меравам», «Фикри шахсии ман» ва гайра ба адиб шуҳрати зиёд оварданд. Соли 1979 дар ҳамкорӣ бо Алес Адамович филми мустанади «Китоби муҳосира»-ро офарид, ки тадқиқоти миқёсан васеи муҳосираи Ленинградро дар бар мегирад. Насри таърихӣ навиштааст. «Зубр»-и ӯ яке аз маъруфтарин «романҳои замони бозсозӣ» дар бораи генетики маъруф Николай Тимофеев-Ресовский буд.
Насри ҳарбӣ, очерк, публитсистика навиштааст. Дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол, ташаббускори як қатор лоиҳаҳои фарҳангию хайриявӣ буд.