Лейтенанти ман
(порчаҳо аз роман)
Бомбаборони аввал
Тарси ҳақиқӣ, тарси даҳшатнок маро, ки ҳанӯз ҷавон будам, дар ҷанг фаро гирифт. Ин аввалин таркиш буд. Қатораи мо — ихтиёриёни лашкари халқӣ, аввали июли соли 1941 ба чабҳа мерафт. Қўшунҳои немис босуръат ба самти Ленинград мешитофтанд. Баъди ду рўз поезд ба станцияи Батетская омад, ки аз шаҳр саду панҷоҳ километр дур аст. Сарбозони мо ба фаровардани бор шуруъ намуданд, ки тайёраҳои немисҳо ба мо ҳуҷум карданд. Намедонам чанд адад буданд. Дар назарам, ҳаво аз онҳо тира шуд. Осмони софи гарми тобистон садо бароварда, ларзид, садо баландтар шудан гирифт. Сояҳои сиёҳи парвозкунанда ба сари мо омаданд. Ман аз тепачаи роҳи оҳан ғелида, зери буттаи наздиктарин шитофтам, рӯ ба замин хобидам, сарамро даруни растаниҳо ҷо кардам. Бомбаи аввалин афтод, замин ларзид, баъд бомбахо тўда-тўда меафтиданд, садои таркишҳо ба ғулғулаи пайваста табдил ёфт, хама чиз ба ларза омад. Тайёраҳо пайиҳам барои нишон гирифтан поин мешуданд. Ҳадаф ман будам. Хама мехостанд ба ман тир зананд, ба замин нишеб гашта, ба ҳадде ба сари ман наздик меомаданд, ки шамоли гарми муҳаррикашон муйҳоямро тит мекард.
Тайёраҳо фиғон мекашиданд, бомбаҳо вақти афтодан баландтар нула мекашиданд. Фиғони онҳо ба майна зада, ба сина, ба меъда медаромад, узвҳои дарунро хароб мекард. Фиғони ваҳшиёнаи бомбаҳои афтода фазоро пур карда, барои нолаи мо ҷой намемонд. Ин садои пурдаҳшат, тамоми эҳсосотро аз ман берун кард, дар бораи чизе фикр кардан ғайриимкон буд. Даҳшат маро пурра фурӯ бурд.
Боз як фиғони омадани бомбаи аз тайёра партофта. Ман худро ба замин пахш кардам, ки бомба болотар аз ман ҳуштак кашида гузарад. Инро аз тарс омўхтам. Вақте вай ҳуштак мекашад, ягон сония фосила ҳаст. Барои пок кардани арақи часпак, арақи махсуси зишти бадбўйи тарс ва лаҳзае сар боло кардан. Аммо он ҷо, аз умқи кабуди офтобии осмон як ғиреви нави ҳанӯз паст ва ларзиши нав пайдо шуд. Ин дафъа салиби сиёҳи тайёра дақиқан ба буттаи ман меафтад. Ман кӯшидам худро ғунча карда ҷуссаи бузургамро хурдтар созам. Ман ҳис мекардам, ки пайкарам дар болои алафҳо намоён аст, пойҳои пайтобапечам метобанд, шинели дар пуштам печонда маълум аст. Бар сарам хок рехт. Ҳуҷуми нав. Садои тайёраи поин фуруд оянда маро ба замин парчам кард. Охирин лаҳзаи умрам баробари ин ғирев наздик меомад. Дуо хондам. Ягон дуоро намедонистам. Ман ба Худо бовар надоштам, бо диломи нави маълумоти олии худ, бо тамоми илми астрономия, қонунҳои аҷиби физика медонистам, ки Худо вуҷуд надорад, вале ман дуо мехондам.
Осмон хиёнат кард, ягон диплому дониш ба ман кумак карда натавонист. Бо марг, ки аз ҳар тараф ба сўи ман парида меомад, тани танҳо мондам. Лабҳои тафсидаам пичиррос заданд: «Худовандо, раҳм кун! Маро наҷот деҳ, нагузор бимирам, аз ту илтиҷо мекунам, ки бомба дуртар афтад, ба ман нарасад. Худовандо, раҳм бикун»! Ман ногаҳон маънии ин ду калимаро, ки кайҳо боз маълум аст, кашф кардам — Худовандо... раҳм бикун!.. Умқи мадори то ҳол бароям номаълум кушода шуду аз он ҷо сухани гарм ба зеҳнам омад, ки ҳеҷ гоҳ намедонистам ва боре зикр накарда будам. — Худовандо, маро нигоҳ дор, ба хотири ҳама муқаддасот... Бомба дар наздикӣ таркиду тани хунолуди касе ба ҳаво хест ва як пораи баданаш дар наздикии ман афтод. Манораи баланди хиштии насоси обкаш оҳиста-оҳиста, хомўшона, чун дар хобу хаёл, хам шуд ва дар болои қатора афтидан гирифт. Дар назди локомотив таркиш ба амал омад ва тепловозро буғи сафед печонд. Таркиш роҳҳоро вайрон кард, шпалаҳо парида, вагонҳо чаппа мешуданд, тирезаҳои вокзал аз дарун ранги арғувонӣ гирифтанд, вале ҳамаи ин дар чои дуртар буд, ман мекўшидам онро набинам, ба он тараф нигоҳ накунам, ман ба пояҳои сабз нигаристам, ки байни алафҳо як мӯрчаи сурх ҷунбуҷўл мекард, як гамбўсаки ғафси сафед дар барги алаф овезон буд. Дар алафзор зиндагии муқаррарии тобистона бе саросемагӣ, оҳиста, зебо, оқилона идома дошт. Худо наметавонист дар осмони пур аз нафрати маргбор бошад. Худо ин ҷо буд, бо гулҳо, кирмҳо, ҳашарот...
Тайёраҳо гаштаю баргашта меомаданд, ин карусели даҳшатбор интиҳо надошт. Вай мехост тамоми ҷаҳонро нест кунад. Наход, ки ман бояд на дар майдони муҳориба, балки ҳамин тавр ҳақир, бе ягон амалиёт, бе ягон тир парондан бимирам? Ман норинҷак доштам, аммо нашавад, ки онро ба сўи тайёраи ба сарам бо фиғон поиншаванда партоям. Тарс маро пахш кард. Чӣ қадар тарс доштам! Бомбаборон мавҷҳои нав ба нави тарсу ҳароси зишти нангини пуриқтидорро ба вуҷуд меовард, ман дар назди он оҷиз будам.
Дақиқаҳо мегузашанд, маро накуштанд, маро ба як маҳлули иборат аз обу лойи арзони ларзанда табдил доданд, дигар одам набудам, махлуқи ночизе шудам, пур аз ваҳшат.
...Хомушӣ оҳиста баргашт. Ҳама чиз чирс-чирс садо карда, дар оташ месўхт. Маҷрӯҳон нола мекарданд. Манораи обкаш тамоман чаппа шуд. Ҳаво тафсон буд, дуд ва чанг фазои бешамолро пур карданд. Фақат осмони зарар надида буд ва бо ҳамон зебоии бенуқсонаш медурахшид. Паррандагон ба сурудан даромаданд. Табиат ба кори муқаррарии худ баргашт. Вай тарсро намедонист. Вале ман муддати дароз ба худ омада натавонистам. Дарунам холӣ буд, ба худ нафрат доштам, ҳеҷ гумон намекардам, ки ман чунин тарсуям.
Бомбаборон кори худро кард, маро якбора ба аскар табдил дод. Воқеан, ҳамаи дигаронро низ. Даҳшати дидаамон чизеро дар вуҷуди мо дигар кард. Пас аз ин бомбаборонро ба таври дигар қабул кардем.
Ман ногаҳон фаҳмидам, ки онҳо бесамаранд. Онҳо пеш аз ҳама ба рӯҳу равон зарба мезананд, дар асл, ба аскар расидани бомба кори он қадар осон нест. Ман ба осебнопазирии худ бовар кардам. Яъне ба ақидае, ки ман метавонам осебнопазир бошам. Ин эҳсоси махсуси сарбоз аст, ки имкон медиҳад оромона паноҳ ҷӯем, бо садои мина ё бомбаи парвозкунанда ҷои шикастро муайян кунем. Ин интизории марг нест, балки ҷанг аст.
Мо тарсро бо он рафъ мекардем, ки муқовимат менамудем, тир мепаррондем ва барои адў хавфнок мешудем. Дар моҳҳои аввали ҷанг аскарони немис бо тоскулоҳ, шинели сабз, автомат, танк, ҳокимият дар ҳаво ба дили мо тарс меоварданд. Онҳо дар назари мо шикастнопазир менамуданд. Ақибнишиниҳоро бо хамин эҳсос асоснок кардан мумкин аст. Силоҳи онҳо пуриқтидор буд, шуҳрат доштанд, ки ҷанговари ҳирфаиянд, ними Аврупоро гирифтаанд. Мо, ихтиёриёни халқ хеле хақир менамудем: шими кабуди аспсаворон, ба ҷойи мўза попўшии паст ва бо латта печонда, шинели аз қад дароз, дар сар пилотка.
Се моҳ гузашт ва ҳама чиз тағйир ёфтан гирифт. Мо бо чашми сарамон дидем, ки гулўлаҳои мо низ дар болои душман таркида онҳоро нобуд мекунанд, немисҳо низ дод мезананд, мемуранд. Ниҳоят, дидем, ки немисҳо низ ақибнишинӣ мекарданд. Нахустин набардҳои на чандон калони маҳаллӣ рух доданд, ки немисҳо фирор мекарданд. Ин кашфиёт буд. Аз маҳбусон фаҳмидем, ки мо — ихтиёриҳо бо шими хандаовари лашкари савора низ дар дили онҳо тарсро ба вуҷуд меовардаем. Матонат, хашму ғазаби ҷанговарони мо пешравии босуръати немисҳоро дар хатти ҷабҳаи Луга боздошт. Ҷузъу томҳои лашкари немис дар ин ҷо дармонданд. Рўҳияи пасти мо бо зарбаҳои аввалини ҳайратангез аз байн рафт. Мо дигар наметарсем.
Дар давраи муҳосираи Ленинград маҳорати ҳарбй баробар шуд. Ҷанговарони мо, ки гурусна буданд, тиру аслиҳаамон камтар буд, дар давоми 900 рўз мавқеи худро аз душмани шикамсер ва саропо мусаллаҳ бо руҳи волои худ нигоҳ доштанд.
Ман аз тачрибаи шахсии худ истифода мебарам, ба фикрам, тақрибан ҳамин холати аз тарс халос шудан дар ҳама ҷабҳаҳо ба амал омад. Тарс дар ҷанг ҳамеша ҳаст, дар дили аскарони ботаҷриба низ ҳаст, вале онҳо медонанд, ки аз чӣ бояд тарсид, чӣ тавр рафтор кунанд, медонанд, ки тарс заифкунандаи нерў аст.
Тарси шахсиро аз тарси оммавӣ фарк кардан зарур аст. дувумӣ боиси талвосаи умум мешавад. Чунин аст мисол, воҳимаи ба муҳосира афтодан. Вай худ аз худ ба вуҷуд меояд. Тирпарронии пулемётҳои немис дар ақибгоҳ, як нидои «Иҳота карданд!» садо медиҳад ва метавонад фирор сар шавад. Онҳо роҳро муайян накарда, танҳо барои аз муҳосира баромадан ба ақибгоҳ метозанд. Нигоҳ доштани мавқеъ ва нигоҳ доштани фирориён ғайриимкон буд. Тарси оммавӣ андешаро фалаҷ мекунад. Дар ҷараёни набард, вакте асабҳо таранг мешаванд, як фарьёд, як тарсончак кофист, ки воҳимаи умумиро ба вуҷуд орад. Тарси муҳосира моҳҳои аввали ҷанг пайдо шуд. Баъдан мо аз муҳосира баромадан, рахна кардани онро ёд гирифтем, дигар аз иҳота шудан наметарсидем.
Ба тарс ханда мухолиф аст ва ин аҷиб нест. Дар тарс ханда намекунанд. Вале агар ханданд, тарс мегузарад, вай ба ханда тоб намеорад, ханда ӯро мекушад, рад мекунад, вайро ҳеҷ мекунад, ҳадди ақал як лаҳза дур месозад. Ба ин муносибат як ҳикояро мехоҳам мисол оварам, ки аз забони ҳаҷвнависи маъруф Михаил Зощенко шунидаам.
Чанде пеш аз маргаш маҳфили эҷодии ўро дар Хонаи нависандагон ташкил карданд. Зощенко таҳти фишор қарор дошт, асарҳояш чоп намешуд, нутқашро манъ карда буданд. Шаби эҷодй ба таври пинҳонӣ, зери пардаи ҳисоботи эҷодӣ гузашт. Рӯйхати даъватшудагон маҳдуд. Зощенко хурсанд буд, ў вактҳои охир таҳти назорат буд, ягон ҷо намерафт, ўро ба ҳеҷ ҷо даъват намекарданд — метарсиданд.
Маҳфил самимӣ ва идона гузашт. Зощенко нақл кард, ки бо навиштани чиҳо машғул аст. Ў силсилаи «Сад қиссаи аҷибтарини ҳаёти ман»-ро тартиб дод, баъзеи онхоро ба мо хикоят кард. Ӯ аз рўи коғаз нахонд. Ў дастнавис надошт. Аз афташ, ҳанўз онҳоро сабт накарда буд. Яке аз он ҳикояхо бевосита ба мавзўи мо дахл дошт. Ман мекўшам онро аз ёдам, мутаассифона, бо суханони худам расонам, на бо он забони аҷиб, ки онро танҳо Михаил Зощенко навишта метавонист.
Ин воқеа дар ҷанг, дар ҷабҳаи Ленинград рўй дод. Як гурўҳи разведкачиёни мо бо роҳи даруни ҷангал мерафтанд. Охири тирамоҳ буд. Барг дар зери по хиширрос зада, шунидани садоҳоро душвор мегардонд. Онҳо автоматҳоро дар ҳолати омода нигоҳ дошта, кадам мезаданд. Зиёд роҳ рафта, осуда шуданд. Ва нохост дар як гардишгоҳи роҳ бо немисҳо рўбарў шуданд. Онҳо низ гурўҳи хурди разведкачиён будаанд. Ҳарду гурўҳ гаранг шуд. Бе фармон немисҳо дар як тарафи роҳ ба чуйбор ҷаҳиданд, сарбозони мо дар тарафи дигар. Ва як аскари немис бо хотири парешон ҳамроҳи сарбозони шӯравӣ ба як ҷӯйбор ғелид. Ў хатояшро дарҳол нафаҳмид. Аммо вақте дар паҳлўяш аскари пилоткапўшро дид, питиррос заду аз тарс доду фарёд баровард, ҷаҳида, баргҳои рехтаро тит карда, шитобон ба суи аскарони худ давида рафт. Даҳшат ба ӯ нерў бахшид, аз эҳтимол дур нест, ки ӯ дар ҷаҳиш рекорд гузошт.
Инро дида, аскарони мо хандиданд, немисҳо низ. Онҳо дар ҷуйҳои сари роҳ рўбарўи ҳам, автоматҳо омода менишастанд ва ба он аскари ҷавони бечора хуб хандиданд.
Баъди ин тирпаронӣ бемаъно шуд. Ханда ҳамаро ба эҳсоси умумибашарй пайваст. Немисҳо хиҷолатмандона қад-қади хандақ ба як тараф рафтанд, аскарони мо ба тарафи дигар. Бе ягон тирпаронӣ пароканда шуданд.
Боғи тобистона
Пеш аз ҷудо шудан ба ҷабҳаҳои гуногун мо се дўст дар паси Кохи Петр, дар пушти як олиҳаи Рими қадим дар қафои мармариаш вохӯрдем. Ин ҷои дӯстдоштаи мо буд. Мулоқотҳоямонро бо духтарон дар ин ҷо мегузарондем. Ин чо сояву салқин буд, нурҳои доғмонанди хуршед дар рўи алафзори даравшудаи Боғи тобистона танбалона харакат мекаранд.
Бен ба қисми артиллерияи зиддиҳавоӣ — зенитӣ ҷой шуд, Вадим ба артиллерияи ҳифзи соҳил. Онҳо аз тупҳои худ фахр мекарданд, ҳарду рутбаи лейтенантиро замони дар донишгоҳ хонданашон гирифта буданд, қуббаҳои сурх дар бари гимнастёркаҳои навашон медурахшиданд. Либоси афсарӣ онҳоро дигар кард. Махсусан Вадим зебо шуд: фуражкаи нўгаш ба осмон, чунон ки худаш мегуфт фуранка, камари борикаш бо тасмаи нўгаш ситорадор баста. Ҳамааш ҷилонок ва дурахшон. Дар тани Бен либоси ҳарбӣ мисли халта ба назар мерасад, ҳоло ба тани ба либоси шаҳрвандӣ одаткардааш «нанишастааст», андўҳаш низ шаҳрвандона, андўҳи ҷудоии қарибулвуқуъи моро бартараф карда наметавонист.
Ман ба онҳо баробар набудам: гимнастёркаам — б/у, х/б — қаблан истифодашуда, пахтагину когазӣ, дар поям — мӯзаҳои аллакай дар пойи касе фарсудагашта, попўшии аз болояш латта печонда ва болои ҳамаи он, шими кабуди аспсаворон. Ба мо, ихтиёриёни лашкари халқӣ ана ҳамин тавр либос мепўшонданд. Баъди чанд сол ман як сурати тирашудаи он рўзҳоро ёфтам. Рассом-аксбардори олиҷаноб Валера Плотников бо компютер ва ҷоду карданҳо муваффақ шуд, ки мо ҳар сеи моро аз торикии вохӯрии охиринамон ба олами равшан барорад ва ман худро дар он намуд дидам. Бо чунин афту башара, бо чунин либос, маълум мешавад, ки ман ба ҷанг рафтам. Ёд надорам, ки онҳо ба ҳолам хандида бошанд, аниқтараш, хашмгин шуданд: воқеан, оё наметавонистанд ба мани ба қавли Вадим ихтиёрӣ сафарбаршуда либоси дурусттар пўшонанд!?
Онҳо бо хашму ғазаб аз даъватномаи умумӣ иқтибос оварданд, ки дар ҳама гуна ҳамоишҳо изҳор мекарданд: «Синаро сипар карда, ба муҳофизати Ленинград бархезед!». Бо сина. Маълум мешавад, мо дигар чизе надорем? Бо сина бар зидди пулемётҳо, танкҳо меҷангем? Ифодаи аблаҳона, аммо, аз рӯи пойтобаҳо, мо пеш аз ҳама — бо сина бархестем алайҳи душмани саропо мусаллаҳ!
Ман гуфтам:
— Ташаккур барои ҳамин пойтобаҳо. Ман базӯр амонати (брон) худро бекор кунондам, ки ба гурўҳи ихтиёриёни лашкари халқӣ дохил шавам.
— Яъне чун аскари қаторӣ дар сафи аскарони пиёдагард? Пурсиданд, ки ба ман лашкари халқӣ барои чӣ лозим? Онҳо як тўдаи ҷангро наомўхта, гўшт барои тўпи душмананд. Ҷанг кори соҳибкасбон аст, — гуфт Бен.
Дилсўзии онҳо маро ба ҳаяҷон овард. Онҳоро хушбахти замон меҳисобидам. Дар донишгоҳ аз Вадим умеди калон доштанд. Худи академик Фок, яке аз аркони физикаи назариявй, умед бар ў дошт. Ҳама бовар доштанд, ки Вадим Пушкарев барои кашфиёти бузург ба дунё омадааст. Бен ҳам чун риёзиётдон маъруфият дошт, ӯро шахсияти маъруфи дигар Лурйе сарпарастӣ мекард. Доктори илм буд, ё аъзо-мухбири академияи илмҳо.
Ман аз дўстии онҳо фахр мекардам, ки маро қабул карданд. Аз ман, муаҳандиси қаторӣ, ягон кас ягон умед надошт... Дар байни онҳо ман як одами одӣ будам. Нисбат ба ман онҳо ашрофзода ба назар мерасиданд. Ҳарчанд дар вуҷуди ман ғурур ва озодӣ маҳв намегардад. Онҳо ҳам маро барои кадом як сифатам дӯст медоштанд.
Вадим аз кисааш обдони пури арақро баровард, аз они падараш будааст, аз замони ҷанги якуми империалистӣ будааст, — фаҳмонд ў. Мо бо навбат нўшидем ва сурат гирифтем. Бен як суратгираки хурд дошт. Аз як роҳгузар хоҳиш кардем. Чашмаки дурахшони объектив ба мо менигарист, аз он ҷо ногаҳон нафаси сард омад, як лаҳзае пардаи туман бардошта шуд, ба ояндаи номаълуме ишора кард, ки ҳамаро интизор буд. Вадим ҷиддӣ шуд, Бен моро ба оғӯш кашид ва итминон дод, ки мо бояд душманро ба осонӣ мағлуб кунем, ҳамин ки «омили зарбаи ногаҳонӣ» гузашт, мо онҳоро бо зарбаи сахт пахш мекунем, чунки
...аз ҷангалистон то баҳрҳои Британия
Лашкари Сурх
аз ҳама
қавитар аст!
Мо ҷудо шудем, бовар доштем, ки ба муддати кўтоҳ. Ба ҳар восита мо душманро торумор мекунем.
Ба зудӣ дилсард гаштем, сардӣ ба ноумедӣ, ноумедӣ — ба хашм нисбат ба немисҳо ва ҳам ба сарварони мо мубаддал шуд, вале ба ҳар ҳол, бовар боқӣ монд, бовари ғазаболудаи девонавор.
Мо аз хиёбони асосӣ баромадем, худоёни Рими қадим ба мо нигоҳ карданд, барои онон ин аллакай як бор рух дода буд — ҷанг, суқути империя, вабо, тахрибҳо.
Моҳи ноябр ман аз Бен, аз ҷабҳаи Карелия нома гирифтам, вай ба батареяи зиддиҳавоӣ фармон медод, танҳо дар сатрҳои охирин, аз афташ, ҷуръат намекард, дар бораи марги Вадим дар наздикии Ораниенбаум сухане навиштааст, ҷузъиёташ маълум нест, хабарро ҳамсабақҳо ба воситаи ҳамдигар расондаанд. «Аммо ман ба ин бовар намекунам» — бо ин номаро анҷом дод Бен. Он вақт ман аллакай ба марг одат карда будам, аммо ба ин хабар ман ҳам бовар накардам. Ман умуман ба ҷанг бовар намекардам ва ҳоло ҳам бовар надорам.
Он якшанбе
Ин ҳам аҷиб, ки ман ҳеҷ гоҳ дар бораи ин аҷоибот фикр накардаам, ман онро як тасодуфи хандаовар медонистам, на чизи бештар аз он. Ишқи ман дар моҳи июни соли 1941 аланга зад, аниқтараш, то ҳамон субҳи якшанбе, 22 июнь, вақте пагоҳӣ ба Дудерхоф рафта, дар гулзор сайру гашт мекардем ва барои худ макони хилват меҷустем. Нияти ман, чунон ки баъдтар эътироф кардам, хеле бад буд. Дар он солҳои ҷавонии шадид ман ҳеҷ имкони аз зан гирифтани чизеро, ки мебоист бахшад, аз даст намедодам. Худи онҳо чунин калимаҳоро истифода мебаранд — «мехоҳам», «медиҳам», «ман намедиҳам», «ба касе хоҳам, медиҳам». То ҳол ман бо занҳо сару кор доштам. Кай, кӣ аз бакорат маҳрум кардааст, ман намедонистам, ба дасти ман занҳои «таҷрибадор» меафтиданд.
Вале инҷо кори дигар буд. Комилан дигар. Ман ҳис мекардам, ки вай духтар аст. Дарвоқеъ, ин маро бештар аз шодӣ меарсонд. Он рӯзҳо муқаррароти ахлоқӣ таассуб маҳсуб намешуданд. Тавре баъд фаҳмидам, тарс ўро бештар аз ман фаро гирифта буд.
Рӯзи каб-кабуди пур аз шукуфтаҳои сирен, бо гармии нав фарорасида, муаттар ҳангоми баробаршавии шабу рӯз, шабҳои сафед, хунро ба ҷўш оваранда буд. Муносибатҳои мо хеле наздик шуда, ба ҳадди ниҳоӣ расиданд. Аз ин садд гузарем, ё рад кунем? На ман қафо гаштан мехостам, на вай. Ў нияташро тахминан медонист ва ман инро мефаҳмидам. Ва аз ин ба ҳоли худ бисёр механдидем. Вай хандида, сарашро ба ақиб партофта, мӯи сиёҳи худро алвонҷ дода, хитоб кард: «Оҳ, об!». Дандонҳои сафеди ў дурахшида ба амал даъват мекарданд. Лаззати хандаи ў маро ба ҳазлу ҳозирҷавобӣ илҳом мебахшид. Мехостам дубораву себора дили ўро ба даст орам. Даври ошиқии мо се моҳ давом кард, барои ман ҳоло басанда набуд. Дар байни хушдорҳояш амак-ҷанобони калон низ буданд. Як мансабдор ўро ба тарабхона мебурд, бо зағораи фишурдаи моҳӣ зиёфат медод, ки аз ин ӯ фахр намуда, ба иззати нафси ман мерасид. Боз як ходими калони лабораторияи марказй, албатта, як марди боистеъдоди зебо буд. Баҳонае ёфта, ба лаборатория сар халондам, ки ба ҳариф назаре кунам. Дарвоқеъ, маълум шуд одами хушахлок аст, аз ман баландтар, мўйҷингила, бо табассуми пурмеҳр. Римма муболиға намекард, ў ҳеҷ дурўғ гуфта намедонист, бо ростқавлии худ ба худаш зулм мекард.
Дар китобхонаи фабрика маҷаллаи амрикоиро оид ба электротехника гирифта, ба кисаи пиджакам гузоштам, то ки муқова ва сарлавҳаи рангааш аз берун ба чашм намояд. Бинад, ки ман хам аноӣ не. Дар Дюдерхоф ҳам худамро нишон додам — аз хандаки васеъ ҷаҳида рекорд гузоштам. Аз куҷое маҳорату тавоноӣ пайдо мешавад, ғаризаи аз қадим бо хун омада нохост ба кор меояд, нерўи зебои табиӣ ба одам бармегардад, бе мондашавӣ суруд мехонанд, парандаҳо сари худро дареғ намедоранд, даъвати ошиқонаашонро, на танҳо ба хотири ҷинси модина пахш мекунанд, баҳор аст, ки ба онҳо нерўи хаётй мебахшад ва ҷинси нарина инро тасдик мекунад, худро месозад, худро боло мегирад.
Ягонагии хушбахтона бо табиат. Мо ҳамхунем, мо ҳам омодаем суруд хонем, дар алафзор даводавӣ кунем, кашокаш кунем.
Пеши назари мо сабзазори атрофаш баста пайдо шуд, онро меъмори чангал махсус офаридааст. Мо дароз кашидем ва оғоз гашт бозии ламс кардан, бўсидан, баъд боз ламс кардан. Дандонҳои сафед, нафаси тозааш ба назари ман шарбати омодакардаи табиат менамуд, гӯё ин рӯзро, баргҳои шаффофи ҷавонро мебӯсам.
Пас аз он ман зуд-зуд аз худ мепурсидам: чаро лабони дигар, баданҳои дигар, ҳамчунон зебою ҷавон, барои ман чунин лаззати ҷисмонӣ надоштанд?
Дарахти булути болои сари мо офтобро бо тӯри сабзи худ дошта гирифт, рӯз ба мо гармии роҳатбахш ва хушбахтӣ навид медод. Ногаҳон овози одамон ба гўш расиданд. Овозҳои баланду дағал. Дигарон ба онҳо посух доданд, аз чап, аз рост. Зуд ба мо наздик шуданд.
Бархеста, сарбозони дар cap пилоткадорро дидам. Онҳо занҷирвор саф кашида, пеш рафтанд, таваққуф карданд, баъзе аломатҳо гузоштанд. Лейтенанти хурде, ки дар сурохии тугмачааш як аломати кубик дошт, ба назди мо омада гуфт:
— Равед, ҳоло дар ин ҷо мумкин не.
— Худаш чӣ гап? — пурсидам ман.
— Ҷанг, — кутоҳакак гуфт ў ва ба тарафе давид.
Сабаби аблаҳонатаре барои рондани мо ба сари ҳеҷ кас намеомад. Рўз ҳам ба ин бовар накарда, бо навои ҳазордастон сурудшро идома дод. Мо зуд рафтем, даст ба дасти ҳам дода, медавидему механдидем ва Римма боз ҳам дилработар мегашт.
Бегоҳ баргаштем. Поезд пур буд. Мо дар тамбур — даҳлези вагон ба ҳамдигар ҷафс шуда меистодем ва аз ин шод будем. Дар гирду атроф дар бораи ҷанг, бомбаборонкуниҳо гап мезаданд. Ҷанг бо кӣ — бо немисҳо? Ман ҳайрон будам, бовар намекардам, аммо аллакай фаҳмидам, ки ин ҳақиқат аст. Ин ҳақиқат чӣ гуна аст, ҳеҷ тасаввуроте надоштам, аммо изтироби умумӣ ниҳоят моро ҳам фаро гирифт.
Маълум набуд, ки достони ишқи мо чӣ гуна ҷараён мегирифт, шояд зуд тамом мешуд, чунон ки бо дигарон буд, ҷавонӣ ошиқиҳои нав ба нав металабад.
Аз вокзал ба завод рафтам. Чизеро, ки дар борааш сухан меронданд, дарк намудан, ба он бовар кардан лозим буд.
Дар завод аллакай номи худро ба сафи ихтиёриён навиштан оғоз гашта буд. Дар назди дари комитети ҳизбӣ ва комитети комсомолӣ навбатҳо пайдо шуданд. Ман ҳам тасмим гирифтам, ки сабти ном кунам: чӣ гуна ҷанг бе ман мешудааст?
Фаҳмидани он душвор аст, ки дар ин амал чӣ бештар буд — ҳисси шуҳратхоҳӣ, ватандӯстӣ, моҷароҷўӣ. Ман ҷангро ҷиддӣ қабул намекардам. Имконияте ба миён омад, ки дар Германия сайру гашт кунам, ба фашистон сабақ диҳам. Моҷароҷўии ман дар сурати аҷибе ғайричашмдошт зоҳир шуд. Боре ба Ленинград омадани Юрий Олешаро фаҳмида, наздаш ба мехмонхонаи «Европа» рафтам. Чаро, барои чӣ? — навакак романи ў «Ҳасад»-ро хонда, мафтун шудам ва қарор додам, ки фикри худро ба ў баён кунам. Дўстам Костя розӣ шуд ва ду студент дари хонаи Юрий Карловичро кўфтем. На гул, на торт барои тўҳфа, ҳатто ягон баҳонаи боақлона ба сар наомад. Олеша нишаста ҳамроҳи занаш чой менушид, ё шояд шароб, ман нафаҳмидам. Аз остона омадани хонанда ба шавқ эълом шуд. Ман дар зинапоя каме сухан гуфтам. Юрий Олеша хомўшона моро гўш мекарду мунтазири он буд, ки баъд чй мешавад, шояд фикр мекард, ки мо хомўшии ба миёномадаро чӣ тавр бартараф мекунем. Ин корро занаш кард, ба ў фармуд, ки «бачаҳо»-ро ба хона даъват кунад.
Дар ёд надорам, ки баъд чӣ шуд: соҳибхона дар бораи сенарияаш чизе гуфт, ки бояд ба навор гирифта шавад. Бе таваҷҷуҳ пурсид, ки мо дар куҷо таҳсил мекунем. Ӯ чизи арзишманде нагуфт, ки ман баъдтар иқтибос оварам. Ин сафарро беҳуда шуморидан мумкин. Вале, ба ҳар ҳол, Юрий Олеша хеле зиндадил шуд ва ман китобҳои ӯро бо меҳру муҳаббат боз хондам — ин одами кӯтоҳқади дар рафтор дурушт чӣ маҳорате дар идора кардани вожа дошт ва чӣ гуна хондани китобҳои дигаронро медонист.
Маро аввал ба сафи ихтиёриёни лашкари халқӣ нагирифтанд, ман дар СКБ — бюрои созандагони дар назди сарбундгари танкҳо Ж. Я. Котин чун муҳандис номнавис гашта будам. Вай ба комитети партиявй, ба саридора, ба комитети комсомол шикоят кард. Чунин шикоятҳо зиёд буданд. Пас аз як ҳафта ба ман муяссар шуд, ки бронамро бекор кунам. Ба дивизияи якуми лашкари халқӣ «1 ДНО» дохил шудам. Ман шод будам. Аз чӣ?.. Ишқ бояд маро аз ин иқдом нигоҳ медошт, оғози достон бад, ихтирои танки нав ҳама эҳсоси ватандўстиро қонеъ мекард.
Моҳи сеюми чанг ман дигар моҳияти ин қарор, якравии худ, ташвишҳоро нафамидам.
Рост, бодиққат назар андозем, мебинем, ки қариб ҳамаи бачаҳои мо — Вадим, Бен, Илья, Леня ба артиш рафтанд. Бо сафарбаркунии комиссариати ҳарбӣ. Костя мисли ман дар пажуҳишгоҳи радио брон дошт ва онро бо ду дасташ дошт.
— Ман намехоҳам кишварро бо синаи худ дифоъ кунам — гуфт ӯ.
— Ин ифодаи маҷозӣ аст, на ба маънои аслӣ.
— Оё ба ту милтиқ доданд? Не? Ана ҳамту. Ту бо чӣ меҷангӣ?
Ҳеҷ чиз маро боздошта наметавонист, ман пеши Римма дар тан гимнастёркаи б/у — то ман касе пўшида, галифеи кабуди аспсаворон, пойпўшҳои вазнини болояш латтапеч пайдо шудам, хандаовар менамудам, аммо худро шоҳзода, савораи чобук эҳсос мекардам. Оҳ, агар таппонча дар камар медоштам, вале ба ман танҳо противогаз ва пеш аз фиристодан ба муҳориба шишае бензин медоданд.
Муаммои асосӣ бароям он буд, ки чаро вай ба ман бартарӣ додааст. Инженери навкор, аз оилаи камбағал, падар дар Сибир, зоҳириан — ҳамтуяк, суруд намехонад, ягон асбоби мусиқӣ наменавозад, варзишгар хам не. Мепурсам, ки сир дар чист? Саъйи абадӣ барои шарҳ додани асрори ишқ.
Бакорати ў далели муҳаббати ў буд, маънои зиёде дошт. Ба мардҳо низ пок будан эҳсоси наҷиб аст. Ба ҳар ҳол, он шаб нағз дар ёдам мондааст. Мо аз кати ғиж-ғиж садо бароваранда ба фарш фуромадем, модару хоҳарам дар хонаи шафат хобиданд; азбаски садоҳои моро мешуниданд, ба шодии беҳад, фарьёд задан, гиря, худдорӣ накардан, чун ҳайвонот худро пурра ба ишқ додан халал мерасонд. Аммо ба ҳар ҳол, ин худдории гуворо буд бо осмони шабона, бо гурриши изтирории прожекторҳо ва шамолак аз тирезаи кушода. Оғози ишқ, шохаи нав сабзида ба сӯи ситорагон, дуриҳои беохир мерафт, ба назар менамуд, ки ҳамеша чунин хоҳад монд.
Ҳафтаҳои охирини дар шаҳр буданам, пеш аз рафтан ба ҷабҳа, ташкил кардани дивизия, машқ дар боғи Шереметьево, картаҳои озуқа, бомбаборонкунй — хама чиз аз бари мо бе мамониат гузашта мерафт, ба муносибатҳои мо халал намерасонд.
Дар ҳама чиз — дар чанг, дар ишқ, корти ғизогирӣ камтаҷриба будем. Ҳеҷ кас ғизо захира намекард, касе дар бораи эвакуатсия — ҷондани мардум фикр намекард. Бо вуҷуди ин, мо рўи абрҳо парвоз намекардем, заминӣ будем, рост ба идораи ЗАГС рафтем. Ман пешниҳод кардам. Дасту дилро не, пешниҳод кардам, ки ақди никоҳ бандем. Пешниҳоди сирф тиҷоратӣ. Моҳи сеюми ҷанг, сентябри соли 1941 буд, немисҳо ба муҷассамаи Пушкин наздик омаданд. Ман медонистам, ки ин издивоҷ оянда надорад, ман ҳам оянда надоштам, зеро то он вақт ман бовар ҳосил кардам, ки Олмонро мағлуб кардан осон нест ва махсусан барои аскари пиёдагард зинда мондан дар ин ҷанг хеле душвор аст. Дар он соли аввал дар хатти пеши фронт як аскар ба ҳисоби миёна чор рўз зиндагӣ мекард. Римма ақаллан метавонад аз ишқи аввалинаш ба аскари чавон ёд кунад, гоҳе оҳ кашида, лаҳзаҳои ширинро ба ёд орад.
Аттестатамро нишон додан бароям маъқул буд, чизи дупула бошад ҳам, ба ҳар хол хати барот...
Дафтари ЗАГС дар кўчаи Чайковский баста буд, онҳо аз хавфи бомбаборони душман ба паноҳгоҳе рафтанд. Ба бинои ЗАГС-и Владимир снаряд афтодааст. То майдони Стачка рафтем. Тайёр будем, аз ЗАГС ба ЗАГС рафтан гирем, ду бор, се бор сабти ном кунем, дар зинапояҳо интизор шавем... Ниҳоят, ба ҳадаф расидем, Римма дар шиносномааш мӯҳри оиладор шуданро гирифт, ба ҳуҷҷати сарбозии ман барои мӯҳр ҷой набуд.
Шаҳр бе гул буд. Дар Невский дар қаҳвахонаи «Норд» ба мо кулчақанд бо мураббо, қаҳва, як ҷуръа шароб пешкаш карданд. Пешхизмат чун фаҳмид, ки тӯй дорем, ба мо эклер — пирожнии идона овард. Римма, хушбахтии ў, чашмонаш, хандаҳояш ҷойҳои холимондаи мизро пур карданд. Ба ман танҳо нигаристан ба ў кофӣ буд. Барои зан қақди никоҳ, тўйи арӯсӣ маънои бештаре дорад. Ман танҳо ба ӯ бо ҳавас менигаристам, ҳазлу шӯхӣ мекардам, талаб менамудам, ки чӣ гуна блин — чалпаку кулебяка — пирожкии дарозрўя бо гўшту моҳӣ пухтанро омӯзад.
Мо барои зиндагии муштарак ягон нақша надоштем, ман ба ҷабха баргаштам, вай ба завод. Рўзи гарм, куртаи кабуди тобистонаи пеши бараш чуқур бурида, нишони хурди тиллоӣ дар сари синаи аз офтоб сурхшуда. Инчунин — як рӯймоли абрешими кабуд, ё гарданбанд. Ногаҳон дарк намудам, ки ғайри падару модарам танҳо ӯ касест, ки хотираи маро пос медорад, ба воситаи ӯ ман боз як муддат дар ин дунё мемонам. Вай интизор мешавад, ман ӯро дар сафи пеши ҷабҳа бо ҳасрат ёд мекунам...