Олга Славникова
Олга Александровна Славникова (с. т. 1957) — нависанда, очеркнавис, адабиётшинос. Барандаи Ҷоизаи «Букери Россия» (2006), «Ясная Поляна» (2018).
Дар Свердловск дар оилаи муҳандисони мудофиа таваллуд шудааст. Дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Урал таҳсил кардааст. Дар нашриёт ва маҷаллаи «Урал» кор мекард, ки нвиштаҳои аввалинаш чоп шудааст. Романи нахустини Славникова «Донишҷуйдухтари соли якум» соли 1988 нашр шуд. Аввалин романи калони ў «Сўзанболи ба андозаи саг калон шуда», ки бо усули реализми сеҳрнок навишта шудааст, ба мунаққидон ва хонандагон таассуроти калон бахшид. Романҳои «Танҳо дар оина», «Ҷовид», «Сабуксар», «Ҷаҳиш ба дарозӣ», «2017», маҷмӯаҳои ҳикояҳо ба ӯ ҳамчун устоди насри дараҷаи олӣ шӯҳрат овардаанд.
Дар насри Олга Славникова масъалаҳои фалсафӣ ва тезутунди иҷтимоӣ бо забони маҷоз пайвастаанд. Ба гуфтаи мунаққидон, «ҳар китоби вай моли дастбоф аст».