Александр Проханов

Александр Андреевич Проханов (с. т. 1938) — носир, публитсист, сенариянавис, ходими ҷамъиятӣ, барандаи ҷоизаҳои Бунин, «Делвиги заррин» ва ғайра мебошад.
Дар Тбилиси таваллуд шудааст. Баъди хатми Донишкадаи ҳавопаймоии Москва (1960) ба сифати муҳандис дар Пажўҳишгоҳи илмии тадқиқотӣ, чун ҷангалбон дар Карелия кор кард, дар ҷустуҷўҳои геологии Тува иштирок дошт. Ҳамчун хабарнигори «Литературная газета» ба ҳама гўшаҳои СССР сафар намуд, аз Арктика ва бисёр гўшаҳои доғи сайёра мавод таълиф кард. Сармуҳаррири рўзномаи «Завтра», котиби Иттифоқи нависандагони Россия аст.
Аз оғози солҳои 1980 ба жанри романи ҳарбию сиёсӣ рў овард. Романи чорқисмаи «Боғҳои сўзон»-аш дар бораи воқеаҳои Афғонистон нақл мекунад. Охири солҳои 1990 «Ҳафт китоб»-аш ба табъ расид, ки романҳои «Кобулро хоб мебинам», «Инак, насим мевазад», «Сайёд дар ҷазира» ва ғайраро дар бар мегирад. Романҳои «Ҷаноби Гексоген», «Теплоходи Иосиф Бродский», «Пероҳани чеченӣ», «Шарқшинос» ва ғайра дар ҷомеа маъруфият пайдо карданд.
Мавзўъҳои асосии асарҳои Проханов шахсият ва ҷанг, қисмати тамаддуни рус ва ҷаҳон, пошхўрии давлати шўроӣ, фоҷиаҳои геополитикианд. Насри пурсанъати ў аз ғояҳои эҳёи халқу давлати рус ва Иттиҳоди Авруосиё сарчашма мегирад.