Дина Рубина

Дина Илинична Рубина (с. т. 1953) — носир, драматург ва эссенавис. Барандаи ҷоизаи «Китоби калон» (2007).
Соли 1953 дар Тошканд, дар хонадони рассом ва омўзгор таваллуд шудааст. Пас аз хатми консерватория дар донишкадаи фарҳанг, ба ҳайси тарҷумон аз забони ўзбекӣ, корманди радиои Москва кор кардааст. Баъдан ба Исроил муҳоҷират намудааст.
Аввалин ҳикояаш дар маҷаллаи «Юность» ҳангоме чоп шуд, ки 16 сол дошт. Қиссаи «Кай барф меборад, охир?», ки низ дар ҳамин маҷалла соли 1977 чоп шуд, шуҳратмандаш намуд. Солҳои 90 ба таълифи жанрҳои пургунҷоиштар — романҳои фалсафию психологӣ ва қиссаҳои оилавӣ гузашт. Соли 1996 романи «Инак, зуҳур!»-ро, ки дар бораи муҳоҷирони Исроил нақл мекунад, ба анҷом расонд. Шаш романи дигараш, аз ҷумла, «Дар тарафи офтобрўяи кўча», «Корвони Наполеон», «Қанории Рус» мавсуфро чун яке аз адибаҳои машҳури Россия муаррифӣ карданд.
Насри Дина Рубина бисёр пурҷўшу хурўш, рангин, дорои сужетҳои ҷолиб мебошад. Қаҳрамононаш асосан зиёиёни русу исроилианд. Мунаққидон ўро барои «андешаҳои зинда», «ақли фарогир» ва «таваҷҷуҳи накоҳанда ба садоҳои зиндагӣ» (Алла Марченко) тавсиф кардаанд.