Иля Бояшов

Иля Владимирович Бояшов (с. т. 1961) — нависанда, муаррих, тарҷумон, барандаи Ҷоизаи «Бестселлери миллӣ» (2007) мебошад. Факултаи таърихи Донишкадаи давлатии омўзгории Ленинград ба номи Гертсенро хатм ва ба ҳайси роҳбалад, хаткашон, киномеханик ва посбон кор кардааст. Баъдан дар омўзишгоҳи ҳарбии баҳрии Нахимов аз фанни таърих дарс дода, муҳаррири нашриёт ва котиби масъули маҷаллаи «Аврора» будааст. Аввалин асарҳояш дар матбуот соли 1988 ба чоп расидаанд. Баъди нашри романи «Роҳи Мури» Бояшовро «Кустуритсаи наср» меномидагӣ шуданд. Романи «Танкчӣ ва ё Бабри сафед», қиссаҳои «Биҳишт» ва «Пилла» ҳам дар байни хонандагон маъруфанд. Ба ақидаи мунаққидон, «навиштаҳои Бояшов ба эстетикаи авомона, анъанаҳои масхарабозонаю хандаовар, ки арзишҳои ранҷи иҷтимоиро сарфи назар мекунад, майл доранд...»(Дмитрий Голинко-Волфсон).