Сергей Бирюков

Соли 1950 дар деҳаи Торбеевкаи вилояти Тамбов зода шуда, факултаи филологияи Донишкадаи омӯзгории Тамбовро хонда, он ҷо омӯзгор ва раҳбари студияи адабии донишгоҳ будааст. Номзади илми филологӣ, доктори маданиятшиносист. Академияи Байналхалқии Заумро ташкил карда, муаррих ва назарияпардози шеъри пештоз ва ғайрианъанавии шеъри рус буда, назарияи «визуалӣ» ва шеъри «сенорӣ»-и ҷарангдорро кушода, муҳаққиқи шеъри асрҳои XVII—XXI рус аст. 20 китоби шеър дорад, ки дар Русия, Германия, Испания, Америка чоп шудаанд, аз ҷумла «Инсон дар буришгоҳ» (2010), «Парвози Диназавр» (2011), «Садоангезӣ» (2013), маҷмуаи шеърҳои «Универсум» (2022) ва муаллифи се китоби назарист. Шеърҳояш ба забонҳои зиёд, аз ҷумла англисӣ, арманӣ, белорусӣ, булғорӣ, итолиявӣ, хитоӣ, немисӣ, лаҳистонӣ, руминӣ, фаронсавӣ, ҷопонӣ ва ғайра тарҷума шудаанд. Сармуҳаррири солномаи «Академияи Заум» аст. Ҷоизадори адабиёти байналхалқӣ ва умумироссиягист. Асосгузори ҷоизаи «Нишони байналмилалии ба номи падари футуризми рус Давид Бурлюк» мебошад. Иштирокчии бисёр фестивалҳои адабии россиявӣ ва байналмилалист. Дар шаҳри Халл (Олмон) зиндагӣ ва фаъолияти педагогӣ дорад.
Шоир ва мунаққид Денис Безносов хусусиятҳои поэтикаи Бирюковро чунин арзёби мекунад: «Фазои шеъри Бирюков чунин аст — мо ҳеч гоҳ қаблан намедонем, ки калимае ягон маъни дорад ё не ваё аз ҳама гуна вазифаҳои маъмулияш озод намудаанд, ё баъзе вазифаҳзои маъноияшро аз он гирифтаанду баъзи дигарашро мондаанд. Мо дар лабиренте қарор дорем, ки дар он ҳар як гардиш шубҳанок аст, зеро метавонад ҷиддӣ набошад».