Евгений Чигрин

Соли 1961 дар шаҳри Мала Вискаи вилояти Кировоград (ҶШС Украина) таваллуд ёфтааст. Муаллифи чаҳор китоби шеър: «Ронанда» (2012), «Халиҷи бехоб (2014), «Тӯби зериобӣ» (2015) ва «Роҳбалади ноаён» (2018). Иштирокчии ҷашнвораҳои шеъри русӣ ва байналмилалӣ. Шеърҳояш ба бисёр забонҳои Аврупо ва Шарқ тарҷума ва дар шакли китобҳои алоҳида дар Лаҳистон, Украина ва Сербия нашр шудаанд. Барандаи ҷоизаҳои Хазинаи фарҳангии Сахалин, байналмилалии Артийск, ба номи Константин Симонов, ҷоизаи байналмилалии ба номи Арсений ва Андрей Тарковскийҳо (Украина), адабии Горкий, адабии умумироссиягии ба номи Павел Бажов, «Золотой Дельвиг», ба номи Сергей Аксаков ва ғ. Узви ПЕН-клуби байналмилалӣ ва Иттифоқи нависандагони Москва. Дар Москва ва Красногорски назди Москва зиндагӣ мекунад.
Мунаққид Павел Басинский қайд менамояд, ки «Чигрин мавзўъ, ҳатто «ҷуғрофия»-и шоиронаи худро дорад. Шарқ, Ҳиндустон, Қрим... Шеърҳояш дилчаспанд, мисли офтоби Шарқ, чун майи қримӣ. Онҳо моҳиронаанд...