Ранги ғализ
Дар ҳошияи албоми Пол Гоген
...хайр, сешанбеву чоршанбеву панҷшанбе —
Шаб ба ҷумъа, менишинам бе ягон ҳарфу ҳиҷо
Аз навиштан монда килкам, моҳ чун ҳазён
Бе ягон ҳарфи «чаро?»! Хуллас, ҳама расво.
Хайр чӣ? Ин талмудӣ* — ву шеърҳо,
Рӯшанӣ морост аз «Гуфторҳои барбарӣ»,
Ё зи «Рӯзони Худо», бар мағз ворид мешаванд,
Бо ҳазорон ранги аз ғафлат барӣ.
Аз ҳама таҳдиди мустамликадорон
Аз ҳама таҳдидҳои Аврупоӣ,
Бар алайҳи ҷумлаи ақлони солим,
Бо фурӯғу ҷилваҳои худнамоӣ.
Ин тамоми худнамоиҳо ба зоҳир,
Ин ҳама фисқу хурӯшу ҷӯши гарми набз...
Бин, ки аз тасвир мешорад ҳама сӯ хун,
Бо бузургияш шафақ бар шохсори сабз
Инак-инак, меравад заврақ бидуни ман
Ин тараф ҷумъа, дар он сӯ баҳри беохир.
Нимарӯзиву ҳама харчангҳои баҳр
Илтифоти рангҳое мешавад зоҳир.
Инак, он рассом, бар гӯшам биёяд
Савти маргу зиндагӣ аз найнавозе,
Кушта бо як зарб тарси зиндагиро,
Мекашад аз умқи он афсона розе.
Инак-инак, низ ман бо хатми ин шеър
Бигзарам аз баҳри ҷумла шеърҳоям.
Вожаҳоро тофта чун мелаҳои марг,
Чашми ашколуд бар дунё кушоям.
* Талмуд — китоби муқаддаси яҳудиён, талмудӣ — қориёдчигӣ.



