Батискаф*

Дар тиреза манзара, орад ба ёд аз Писсаро —
По гузорӣ он тараф бар шеър, бо дастат гирифта
Дидаатро ёсумансурат ба дилгармӣ
Зери боли абрҳои ҳар тараф хуфта.

Дар кафам он дид, яъне ту
Ҷумла андар манзари тасвирҳои ноб,
Манзаре, ки бод дастафшон
Раҳгузарро шарфпечон мебарад бо тоб.

Боз палто бар тан ӯ пинҳон ба кунҷе шуд,
Боз рассом «акси борон»-ро бикард изҳор,
Бори чандум ҳавз пайдо гашта з-ин борон,
Дар канори барги зуф, андар бари мушхор.

Ончуноне, ки ба абре абр пайвандад,
Хоби ман бо хобам омезад саропо.
Ман чунон танҳо, наметарсам вале аз тарс,
Он қадар беэътиноям, нестам парво.

Хона дигар мекунад симову соя мекашад
Рӯи ҷевон бол бубрида шабаҳро,
Дар паси парда талотум мекунад борон
Шуста-шуста доғҳои рӯи раҳро.


* Батискаф  — курраи пӯлодин, ки даруни он ниишаста, чуқуриҳои баҳрро тадқиқ мекунанд