Алексей Кудряков
Соли 1988 дар Свердловск (ҳоло Екатеринбург) таваллуд шудааст. Донишгоҳи давлатии техникаи ҷангали Урал ва аспирантураи онро хатм кардааст. Фаррош, боғбон, посбон, муҳандиси саҳна буд. Муаллифи китобҳои «Шеърҳо» (2012) ва «Чақрими кӯр» (2016). Шеърҳояш ба забонҳои юнонӣ, итолиёвӣ, фаронсавӣ ва ғайра тарҷума шудаанд. Барандаи ҷоизаи ба номи Пушкин, ҷоизаи русиву итолиёвии «Белла» аст.
Дар Екатеринбург зиндагӣ мекунад.
«Шеъри Алексей Кудряков махсусан аз ҳангома дур аст. Қаҳрамони лирикии ў бе сояи киноя фикр мекунад. Ӯ худпараст аст ва ба корҳои иҷтимоӣ зиёд таваҷҷуҳ надорад. Кудряков ба таври ҷиддӣ диндор аст ва ҷаҳонбинии ӯ дар шеър на ба таври декларативӣ, балки ба шарофати ҳисси дақиқи робитаи калима бо табиат, логос бо кайҳон — воқеан ба таври шоирона ифода меёбад», — зикр кардааст адабиётшинос ва мунаққид Артём Сквортсов.