Денис Новиков
Соли 1967 дар Москва таваллуд шудааст. Дар Донишкадаи адабиёти ба номи А. М. Горкий таҳсил кардааст. Дар шуъбаи назми маҷаллаи «Огонёк» кор мекард. Ашъораш аз соли 1985 инҷониб нашр мешавад. Нахустин маҷмуаи шеърҳояш соли 1989 ба табъ расид. Дар солҳои 90-ум се маҷмуаи дигараш аз чоп баромад: «Тиреза дар моҳи январ» (1995; охирсухани Иосиф Бродский), «Караоке» (1997) ва «Худсоз» (1999). Дар Англия, баъдан дар Исроил зиндагӣ мекард. Бо доираи адабӣ робитаро қатъ намуда, дар давраи пеш аз ҷоизабозӣ нашри ашъорашро хотима дод, бинобар ин ӯ барандаи ягона ҷоиза — маҷаллаи «Арион» мебошад. Соли 2014 вафот кардааст.
Пас аз марг ду маҷмуаи ашъораш — «Виза» (2007) ва «Дарё — абрҳо» (2017) нашр шуданд. Адабиётшинос ва мунаққид Артём Сквортсов дар тақризаш ба нахустин маҷмуаи ў навиштааст: «Денис Новиковро ҳанӯз дар ҷавониаш дар устохонаи шоирӣ ҳамкасбонаш ба унвони шоири баробарҳуқуқ мешинохтанд, вай адабиётро тарк кард, баъдан аз дунё дар синну соле гузашт, ки бисёриҳо дар он нав ба камолоти эҷодӣ мерасанд. Ў яке аз шоирони боистеъдоди насли худ буд».