Сергей Круглов
Соли 1966 дар Красноярск таваллуд шудааст. Дар шуъбаи рўзноманигории Донишгоҳи Красноярск таҳсил кардааст. Соли 1999 рутбаи рўҳониро гирифт, дар калисои Спасский дар Минусинск, дар калисои Воскресение Словушего дар Успен Вражек дар Москва хидмат кардааст. Барномаҳои ҳарҳафтаинаи «Поэзия. Движение слов»-ро оид ба шеъри муосири рус дар «Радиои культура» мебурд. Муаллифи як қатор нашрияҳои интернетии православӣ мебошад. Муаллифи сездаҳ маҷмуаи шеър, аз ҷумла «Аз салиб берун овардани мор» (2003), «Оинача» (2007), «Пешниҳод» (2008), «Нусхабардор» (2008), «Сурудҳои мардумӣ» (2010), «Баҳори Лазарев» (2010), «Маликаи Шанбе» (2016), «Лирика» (2022). Наср низ менависад. Шеърҳояш ба чанд забони аврупои ва осиёӣ, аз ҷумла англисӣ, арабӣ, итолиёвӣ, испанӣ, чинӣ ва ғайра тарҷума шудаанд. Барандаи ҷоизаҳои Андрей Белый (2008), «Московский счёт», «Anthologia» (2016) ва ғайра мебошад. Дар Минусинск зиндагӣ мекунад.
Адабиётшинос ва мунаққид Борис Дубин қайд менамояд, ки: «Круглов одатан аз номи инсони хурд ҳарф мезанад, яъне дар иерархияи анъанавӣ аз номи заифтарин, хурдтарин шахс. Нуқтаи назари ӯ пасттар аст, ҳатто аз сатҳи чашмҳо пасттар аст (аз ин рӯ, вай чунин биниши васеъ, диди атрофи наздик ва мунисро дорад).