Сергей Лукяненко
Сергей Василевич Лукяненко (с. т. 1968) — фантастиканавис, барандаи ҷоизаҳои «Аэлита», «EvrоСоn», ба номи Александр Грин ва ғайра.
Дар шаҳри Қаратов (Қазоқистон) дар оилаи духтурҳо таваллуд шудааст. Баъд аз хатми Донишкадаи тиббии шаҳри Алмаато чанде рўҳшинос буд, баъд дар маҷаллаи фантастикаи «Миры» муҳаррир шуда кор кард. Аввалин ҳикояҳояш соли 1988 чоп шудаанд. Қиссаҳои «Ҷавонмардони чил ҷазира» ва «Хоби ҳастаӣ» шуҳратмандаш карданд. Муаллифи операи сегонаи фалсафӣ-кайҳонии «Ҳудуди гуноҳ», «Шоҳони хаёлот» ва «Сояҳои хобҳо», сегонаи «Имрўз, модар!», «Марде аз сайёраи Замин», романи «Ҳазорхонаи аксҳо» ва ғайра мебошад. Силсилаасарҳои «Дидбон», « Қарордод» ва ғайра мавсуфро яке аз фантастиканависони серхонандаи муосир намуданд.
Бинобар гуфтаҳои мунаққидон, дар асарҳои Лукяненко проблемаҳои инсону ақли сунъӣ ва масъалаҳои ахлоқӣ омезиш ёфтаанд.
Усули худро ҳамчун «фантастикаи амали шадид» муайян менамояд. Дар жанрҳои триллери кайҳонӣ, боевики кайҳонӣ, «киберпанки русӣ» эҷод кардааст. Дар асарҳои Лукяненко проблемаҳои анъанавии киберпанк (инсону ақли сунъӣ ва масъалаҳои ахлоқӣ) омезиш ёфтаанд.