Юрий Мамлеев
Юрий Виталйевич Мамлеев (1931—2015) — нависанда, файласуф, дромнавис. Барандаи Мукофоти Ҳукумати Федератсияи Россия, Ҷоизаи ба номи Андрей Белий ва ғайра.
Дар шаҳри Москва ба дунё омадааст. Падараш, духутури касалиҳои рўҳӣ, замоне ба ҳабс гирифта шуда буд. Соли 1956 Донишгоҳи техникаи ҷангали Москваро ба итмом расонида, муддате дар мактабҳои шабона аз фанни риёзиёт дарс медод. Мамлеев ташаббускори маҳфили хонагии нависандагони контсептуалист («Маҳфили Южин») буд. Соли 1974 ба хориҷа фирор намуда, аввал дар ИМА, баъд дар Фаронса иқомат дошт. Дар Ғарб китобҳояш эътироф шудаанд. Оғози солҳои навадум ба Россия баргашт. Дар Донишгоҳи давлатии Москва дарс медод ва ҳамзамон ба фаъолияти ҷамъиятӣ шуғл меварзиду китобҳояш пайи ҳам ба табъ мерасиданд. Услуби бадеии хешро «реализми метафизикӣ» номидааст.
Дар насри фантасмагорикию (шабаҳмонанд) ҷаҳаннамии ў ҷиҳатҳои тираю фалокатовари шуур ба қалам дода шудааст. Муаллифи китобҳои «Бекорхўҷаҳо», «Гамбити масковӣ», «Дунё ва қаҳқаҳа», «Империяи руҳ», маҷмўаи ҳикояҳо ва рисолаҳои фалсафӣ. Дар китоби «Россияи ҷовид» рўҳи мардуми русро, ки ба андешаи ў «ҳақиқати дуюмро эҷод мекунад» таҳқиқ намудааст.