Михаил Попов

Михаил Михайлович Попов (с. т. 1957) ― носир, шоир, публитсист, мунаққид, муаллифи киносенарияҳо. Барандаи ҷоизаи Ҳукумати Москва (2002), ҷоизаҳои ба номҳои Андрей Платонов (2000), Гончаровская (2009) ва ғ.
Дар Харков дар оилаи рассом таваллуд шудааст. Кўдакиаш дар Қазоқистон гузаштааст. Техникуми хоҷагии қишлоқ, баъдан Донишкадаи адабии ба номи А. М. Горкийро хатм намудааст. Дар маҷаллаи «Литературная учёба» кор кардааст, муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Московский вестник» буд. Аз соли 2004 инҷониб роҳбари Шўрои насри Иттифоқи нависандагони Россия аст.
Нахустин асари муҳими ў қиссаи «Нозпарвардаи тақдир» аст, ки соли 1983 ба чоп расидааст. Аввалин романи Михаил Попов «Зиёфат» соли 1986 дар нашриёти «Советский писатель» аз чоп баромад. Попов муаллифи маҷмуаи шеърҳои «Аломат», «Абрҳои фардо» ва беш аз 20 китоби наср аст, аз ҷумла романҳои психологӣ ва пурмоҷарои «Устоҳои хишткори бандӣ», «Плерома» ва ғ. Ў худро ҳамчунин ба ҳайси офарандаи романҳои таърихӣ маълум намуд. Ба қалами вай романҳои биографии «Сулла», «Тамерлан», «Барбаросса», «Олоннэ» тааллуқ доранд.
Насри Попов сужетдор, бештари вақт ғайриодист, вале ҳамеша дар чаҳорчўбаи суннати классикӣ қарор дорад.