Ту ин шабро муқаддасгаҳ намудӣ...
* * *
Ту ин шабро муқаддасгаҳ намудӣ,
Ҳама чизу ҳама анҷоми онро,
Ҳамин як оби оддӣ, нону майро
дуогӯ — роҳиб оташ дар камин аст,
тиреза ҳамчу чашми ҷабрдида
нигаҳ андохта бар шаб
ва дастархони омурзиш бихобид
ба болои булут-мизи ҳаворӣ*.
Аё, дунёи ашё, эй муқаддас офариниш!
Аё, эй хонаи лабрез аз амни Худованд!
Аё устун, аё болори бунёд!
Замину осмонро дода пайванд,
Ту бар фарзанди зинокор дар шаб.
Хурӯс аз пас сарояд аз сари бом,
Фирорӣ дил занад чун тири паррон.
Разилу пасту гирёну шабушкин
Расам чун бозпас, ёбам туро шаб
Ба шавқи хуни вақте рафта аз ман.
Ба чӣ ҷуръат гузорам пои худро,
Ки олудаст аз ғаждии ҳастӣ
Ба рӯи фарши поки хонаи ту,
Ба рӯи он гилемакҳои тоза?
Куҷо будӣ? — намепурсанд аз ман,
Фақат монанд мизе пеши гулхан.
* Апостол
Ту ин шабро муқаддасгаҳ намудӣ,
Ҳама чизу ҳама анҷоми онро,
Ҳамин як оби оддӣ, нону майро
дуогӯ — роҳиб оташ дар камин аст,
тиреза ҳамчу чашми ҷабрдида
нигаҳ андохта бар шаб
ва дастархони омурзиш бихобид
ба болои булут-мизи ҳаворӣ*.
Аё, дунёи ашё, эй муқаддас офариниш!
Аё, эй хонаи лабрез аз амни Худованд!
Аё устун, аё болори бунёд!
Замину осмонро дода пайванд,
Ту бар фарзанди зинокор дар шаб.
Хурӯс аз пас сарояд аз сари бом,
Фирорӣ дил занад чун тири паррон.
Разилу пасту гирёну шабушкин
Расам чун бозпас, ёбам туро шаб
Ба шавқи хуни вақте рафта аз ман.
Ба чӣ ҷуръат гузорам пои худро,
Ки олудаст аз ғаждии ҳастӣ
Ба рӯи фарши поки хонаи ту,
Ба рӯи он гилемакҳои тоза?
Куҷо будӣ? — намепурсанд аз ман,
Фақат монанд мизе пеши гулхан.
* Апостол



