Алексей Паршиков
Соли 1954 дар шаҳраки Олгаи Приморск таваллуд шудааст. Кӯдакиаш дар Киев ва Донетск гузаштааст. Академияи хоҷагии қишлоқи Киев ва Донишкадаи адабии ба номи А. М. Горкийро хатм кардааст. Ӯ ба маҳфили шоирони ғайрирасмии солҳои 80-ум шомил буд, ки баъдан осори онҳо номи «метареализм»-ро гирифт. Соли 1991 ба Сан-Франсиско (ИМА) кӯчид, дараҷаи магистрро дар шӯъбаи славяншиносии Донишгоҳи Стэнфорд соҳиб шуд. Аз соли 1995 дар шаҳри Кёлн (Олмон) зиндагӣ мекунад. Муаллифи китобҳои шеърии «Қаду қомати гувоҳии дил» (1989), «Cyrillic Light» (1995), «Баргузида» (1996), «Ангарҳо» (2006) ва ғ. Шеърҳояш ба забонҳои англисӣ, даниягӣ, идишӣ, чинӣ, олмонӣ, ҳолландӣ, сербӣ, узбекӣ, финнӣ, фаронсавӣ, ҷопонӣ ва ғайра тарҷума шудааст. Дар бисёре аз ҷашнвораҳои шеър дар Аврупо ва Амрикои Шимолӣ ширкат кардааст. Барандаи ҷоизаи ба номи Андрей Белий, ҷоизаи «Биеннали шоирон дар Москва». Соли 2009 вафот кардааст.
Ба ақидаи файласуф, забоншинос ва шеършинос Михаил Епштейн, Паршиков «ба назми рус як ҳамбастагии беохир, рангорангӣ, густариши кайҳонии образҳои метаморфозиро ворид кардааст. Аммо вай на танхо мета-реалист, балки презенталист ҳам буд ва дар назм маҳз ҳамин хусусиятро меҷуст: чизеро, ки воқеиятро дар айни замон аз кунҷҳо, мавқеъҳо, проексияҳои гуногун ба таври қатъӣ, на рамзӣ ва абстрактӣ нишон медиҳад».