Аз силсилаи «Дирижаблҳо»
Қабристони музофотӣ
Чун фирор мекунам аз ошхонаи бузургу корту қасрҳои пурпечи хонаи худ
ва мегузорам қадам оҳиста аз роҳе, ки нимсадсола пеш
киштии шикастаи моро дар чорчарха қисм-қисм бор карда мебурданд
медаванд умқҳои пушти зону аз кӯҳи қарқҳо, ман ҳама ғӯтида дар дуд.
Кафидаанд ҳаракати решаҳо, роҳашон — фиреб, зинаҳои муруватчарх.
Ин аст ҳосили корҳои бошармонаи ман.
Тарҳи хушк дар андешаи ман гаваккашон зуҳур кард,
Чунин метавонист афтаду истад қуттии афтодаи гӯгирд.
Чӣ гуна тасаввур мекарданд маргро ҳамкорони ман? Чун фитодан ба доира?
Вақте мефитоданд, бовар доштанд, ки онҳоро ба қафо бозмеоранд?
Гумон карданд амон меёбанд, вақте бо ҳуштак ба ҳамдигар бармехӯранд
ду қатораи шабона бо дурахш равона ба сӯи ҳам дар болои пули дароз?
Не, бар сар кулоҳҳои баста бо риштаҳо ба зери манаҳ,
онҳо менигаристанд ба ҷое, ки ҳанӯз таркиши сиёҳ худро дар канор медошт,
мисли лӯхтаки таълимӣ, ки дар мобайни дарё кашида дар гирдоб буд.
Ва калпесакҳо забон дар лаб дар соҳил пачақшуда дар девор буданд.
Дар саҳро гурӯҳе мегуфтанд, ки ҳатто норафта то авҷ
санг гашт дастгоҳи сикказадаи дирижабл— нодида Медузаро дар абрҳо.
Велосипедронҳо офтобхӯрда ранги йод, гумон метавон дошт ҷамъомади
чормағзҳост,
онҳо фурӯ рафтанд дар пероҳанҳои варзишӣ, ва айнакҳои нуқратоб дар
пешонӣ.
Ёд дорам дастгоҳи д’Эскювели, он зинапояи аз пушт шикастаро,
он мурватеро, ки омехта кард, дудила шуда дар сахра.
Чӣ гуна оинапоккунак бухор мешавад, сулолаи морони осмонӣ мурданд.
Аэроплан давр мезанад дар ҷои пешина, бо ӯ тоза мекунанд оинаҳоро аз
чирки бодҳо.
Кунун бо суратҳои хардалӣ душвор аст тасаввур кардан фирӯзаиро,
Ранги муайяни идонаи сабадҳои лентадори онҳо дар бодҳо,
Аммо равшан аст, ки дирижабли онҳо пошхӯранда ва комбинзонҳояшон
қабатдор.
Вақте ҷисмҳоро аз замин чидаанд, пайи онҳо то субҳ бо об пур шудаанд.
Аз паси фазои охири асабҳо табиат оғози худро мегирад.
Водии хамзада дар торикӣ ҳамқади мо нест. Ҳар қадар дуртар равад ово,
он қадар
наздиктару баисрортар аст ҷузъиёт. Он қадар бебозгашт аст гунҷоиши маъно.
Ва ҳар чашми дақиқбини атом дастнорас, дар ҳолаи тахмин.
Шаб осуда. Феъл хомӯш. Эҳтиёткоронатарин коллапс дар сакта.
Ва хиширосҳо мисли дар дар синфи расмкашӣ ҳосил кардани гӯшмоҳӣ.
Гамбӯсак уфуқӣ ҳаракат мекунад, ҳеҷ кас наметавонад кафҳои ӯро
бишмарад, ҳеҷ кас.
Паромчӣ бели заврақро ба рӯи об бардошт, аммо бел назад.
Баррачаи рострав ҳама рӯи сумҳои сабук, аз хирмангоҳи дур
медавад рӯ-рӯи ҳаво ва сарашро ба сӯи дум гардонида
ва нӯг-нӯги по рафта,мекӯшад дар оина пушташро бубинад.
О, дар куҷост ҳоло Пармиҷанино, ки дар парвоз гардани ӯро дароз кунад?
Дар оромгоҳи кимиёвии сабз ман муҷассамае гузоштам сайёр, ноустувор.
Дар девораҳояш ман балони ҳаворо кашидам.
Фол аз сояҳо мебинам-онҳо барчошанд дар ҳамвораҳои хайма,
Мисли анҷомҳои анбор, дар ҷойе, ки 36 асбоб кушода дар кунҷанд.
Анбӯрак, аррача, кордҳои консерв, алмосе, ки лоҷвард аз танаш хам мезанад,
пармаҳои дастӣ, дандонхона барои нохунҳо, мурваттоб, чангак.
Яке парраи ҳавопайморо ба дӯға мебурад, яке аз буридаҳои он Билбао
ҷамъ меоварад.
Аз паси паҳна бо гунбазҳои варамида коинот ҳадафҳоро ба даст меорад.
Баъзан курраҳои ҳавоии худро ба болои шаҳрҳо барварда, мефуроранд.
Курра ово мебарорад аз пӯст, ба канораҳо тоб хӯрда.
Ба банд медорад сутунмӯҳраи тасаввуриро. Дар байни асбобҳои ҷойгир
дар кунҷ
ҳамдигарфишорӣ ва инак-курра меёзад ва аз моварояш мегузарад
стратонавт.
Бо автомоли ростшуда қомати рост истодан ба зери варақаҳо,
Аз он ҷо ГЭС-и гаҷӣ рафт ба хокашавӣ ва сӯрох шудан дар ҳаво ва кино.
Дар байни саворон, суратгирҳо, кӯдакон — Васенко, Федосеенко, Усискин.
Ва нимрухи ҳар яке бардошта то канор ба пешвози «бе гуфтугӯ!».
Чаро ҷарроҳони чашмкабуд даромаданд ба рости ҷисм чун платинаи
борик,
ва ба чап — устоён бо балзам ва ба пешонӣ арғамчини хираи гипнозгар.
Хостанд оранд аз нав бар сари фармон ҳавонавардро,
аммо ӯ мерехт, ба ҳеҷ ваҷҳ пур мекард ҷиҳозоти масомаии сохтмонро.
Дар дигар кишвар, дар замони дигар ӯ метавонист посбони армадаи
қатористода
ва лайнерҳои беамал бошад, онҳо интизори фурӯш ва ӯ дар ҳалқаи сагон
нури прожекторонро ба ҳамвориҳо раҳнамо мешуд ва пардаҳои
чиғпардаи Невадаро сар медод,
дар он ҷое, ки дар анборҳои кушудаи ҳавопаймо лаки тухмшаклро медошт.
Ва шояд ӯ гуреза рӯ-рӯи бомҳост ва ҳама аз пайи ӯ ва насими поён бо
камонҳо мусаллаҳ шуда
кӯлмакҳоро танг мекунад ва канораҳои овезони осмонро ба паҳлу мегардонад,
Ӯ дар торикӣ дирижабли худро мебуррид ва дар титри филм наменамуд.
Ва бандинаи резиниро дам карда, рефлексҳои дастнарасонро ба тарҳ
медаровард.
Ӯ ба ҳайрат меомад. Ӯ ба Николо Тесле навишт: «Сайёраҳо мунаввар
мешаванд.
Пардаҳои нерӯандохтаи мурдагон метарканд — ғалтак дар печиши худ
канда мешавад».
Кист, ки замину осмонро ба ҳам мебандад, агар на ҳавовонаварди мурда?
Шахтёр сари по нишаста нишони раъди барқиро дар рўи сипари ба ёд меорад.
Релефҳо, бутҳо, лавҳаҳо, меҳробҳо, рӯгардонӣ, бо оринҷҳо кор мекунанд,
пинҳон шудаву ба боло давида мисли маймунҳои чаққону турушрӯ,
ҳар касе аз интихоби табиӣ нагузашт, ӯ хапу дам сим мекашад
дар гирди худ ва ҷараёни часпак намоён аст, то аз сад нагузарад.
Аммо бо вуҷуди ин нури боисрор аз умқ мебарояд ва глобус рост мегардад,
чунон ки агар найчаи ғиҷимшударо пуф кунед,
калоба ҳамвор мешавад, ба ҳама забон нишон медиҳад ва меёзад ба ягонагӣ
ва аз рӯи абрҳои монда дар зери мо роҳро муайян мекунем.
Ҳама фурсат намеёбад барои рафтан аз қафои Жак ва Жозеф, ҳарчанд дар
сари онҳо бовар на камтар аст, бар он ки дуди сигори конвертро пур карда,
ўро ба сақф мекашад.
— Коғаз на барои ҳарфҳост, дар сангҳо нависед — дегҳоро бардошта,
парвоз карданд Монголферҳо.
Шуд мунаққаш коргоҳ бо кандакорӣ. Борей катибаи гӯрро суфлёрӣ мекунад.
Даҳҳо чалак дар ҳавлӣ бо тасмаҳои оҳанин. Ва метаровад амиаки берӯ,
аз ин рӯ ҳама дар ниқобанд. Кислота металро мегазад аз асос, печида дар қубур.
Ҳаст водород, ки хатарро амиқтар эҳсос мекунад, нисбат ба Орфей дар ҳалқаи
коҳинзанон.
Ва одами урён ба мутахассисон нақшаро дар тани худ нишон медиҳад:
риштаи кашидашуда аз банди даст то оринҷ. Тобхӯрда дар гардан.
Дукарата қавӣ
кардашуда бо гираҳ. Ба оринҷи дигар мефурояд. Тавассути банд мерасад
ба камар.
Гираҳе, ки идомаи кушодааш бозгашта ба пешвози реша меравад.
Дар ин қафас ҷисмҳо озодона парвоз мекунанд, сухан мегӯянд.
На як бор мушоҳида кардаам, аз айнаки ӯ канда мешуд варзишгоҳи
тобистона ва одамон
қитъа-қитъа мерехтанд, вақте ӯ рӯяшро мебардошт ва чизеро ба ёд меовард.
На як бор мушоҳида кардаам, аз шаҳр ӯ ба қариби саҳар бо гулӯлаи ҳавоӣ
бозмегашт.
Боре ӯ ситода буд дар ҳаво пиёда, дирижабли худро тоб дода,то дарояд ба
терминал.
Шаҳодат медиҳам, дар бар: автоматҳо ӯро бо ҳалқа мерасониданд ва
мепартофтанд ба назди китобхона
Ва ба хоб даромаданд зиндонҳои саҳроӣ, ки бунёди зудӣ дар саҳро ёфтаанд
аз ғуломони зангзада ва дирижабли сарзада аз шарқ, ки пеши рӯдро мебандад
ва тӯри зиреҳии майдаоб, бо роҳҳои кӯтоҳтарин барои моҳичаҳо. Бихоб.
На бори аввал мушоҳида кардаам: ӯ мебаряд аз хона чандир, аммо беҷуръат.
Бо лӯлапечи нақшаҳо ва бо ҷузвдонҳои чӯбӣ дар тасма.
Ва алафҳо мисли шиорҳои овеза, кандашуда аз мурватҳои боло,
хам мешуданд пеши ӯ, ва ӯ пичирос мезад, нигариста ба тарқҳои
кушодашавандаи девор.
Ӯ ба ногаҳ ғайб зад, ман ӯро вонахӯрдам ва наҷустам ҳини фуромадан аз
зинапояҳо ба замин, нигариста ба роҳҳо ва ё дар меҳмонхонаҳо,
рӯзҳоро гузаронида.
Аммо вертикал чун гармошка теға кашид, мисли ин ки зебраро баногоҳ
зер карда бошад, худро ҷаъм кард.. Аз рӯи маълумоти Иоанн
ӯ аз қафо ва аз пеши хеш аст.
Ман дигар наҷустам пайи ӯро, зуҳури рӯшноӣ, ки хоси нимбу аст,
алҳол боре тобистон дар Сан-Франсиско, ҷойе, ки дар бар «Садбаргҳо
ва хори каррок»
дар рӯзномаи ламинаткардаи субҳ ба мо моҳии норинҷӣ доданд.
Дар байни қабурғаҳои ин ҷонвари уқёнус ман некрологи муқаррариро
хондам.
Азнавгӯршудагон. Қабр-холӣ. Таҳқиқ шуда. Намунаҳои хок гирифта
шудаанд.
Бигзор сокини он аз осмон фармудашуда буд, касеро хафа намекард,
на нишону на хокистар.
Ӯ маро на танҳо чун дӯст, ба пиндорам, чун агенти дилпуре ҳам қабул кард.
Ман баҳо додам ҳам радиус, ҳам кунҷро, зер хӯрда зери печиши вазн.
Ҷойгиршавӣ дар ҷаҳонҳои дигар,
Дар толорҳои дирижаблҳои хомӯш, ҳанӯз нодӯхта аз канораҳо ва матоъҳо
алвонҷ мехӯранд аз нафас, онҳо моро афтонданд ба рӯи алаф.
Навозиши планерӣ пешониро ором мекунад, манзара дар пардаи қабули савт,
Он ҷойе ки бо телефони хомўш дар манора ман аз мобайни биёбони
махмалин ҷуғзро мешунидам.
Ангар дар шом
Шохҳои ангар халида ба саҳро,
Мутаассирӣ аз баландӣ, дар ҷойе, ки ашё во гардидаанд.
Боз мешавад қитъаи даштии пешонии
дирижабли нимсохта.
Мо сабуктар аз ҳавоем ва озодона меафтем
ба тарзи уфуқӣ. Мо пур мекунем чинҳову кунҷҳоро,
Тиҳӣ гардида ба дарозии шишаҳои вокзал.
Ва дирижабл шино мекунад ва аз таҳи шикам оташакҳо садо мекунанд.
Кӣ рӯзона пинҳон кард зери панҷараи дастгоҳи кафшерӣ
мағзи чиркнобардори худро? Дар кисачаҳо гузоштааст
асбобҳои айнушшамсашро. Яклухт
ангар чош хӯрдааст. Ва роботҳои карахтшуда покетҳои ноустуворро нигоҳ
медоранд.
Ангар, хомӯш шуд, ҳайф шуд. Аммо бо вуҷуди ин чизе дар ҳаракат аст
аз қитъа ба қитъа, аз ҳозир то ҳозир.
— Чаро сар гирд мегардонӣ? Чаро меравӣ по ба боло?
— Ман муқаддас чеҳраҳоро меҷӯям.
Ҷадвал
Қатраҳои калони борон ба рӯи баҳр, чун мурваттоб қабза-қабза сӯи поён
мефитанд.
Дар обрези нарми работ ва манзараи бе сарҳади аниқ.
Қабои дарози ӯ байни дарахтон дар рафт тобиши дигар мекунад.
Чизест дар ӯ аз ҷадвали афсар — дар гардиши доира ва мижгонҳо.
— Ба дилам задааст, — мегӯяд ӯ, — ки чархе бошам дар хокистар ва
гаравгони лотерея.
Варақ мезанам «Таърихи дирижаблҳо»-ро, пардаҳои бузургҷусса
ба зонуҳо меафтанд, пора шуда дар заминҳо,
чарх задаву аланга гирифта-хоҳ бубарорӣ муқаддасотро.
Мебароранд муқаддасотро. Таблакҳои лотерея чарх мезананд.
Фоҷиаҳо бузурганд, агар садоро
бухор кунем ва сӯрохиҳои сиёҳро барангезем.
Геодезистҳо ба ҳамдигар хира менигаранд, дар кисаҳо тротил.
Ҳаракат мекунад киштӣ ҳамроҳи Замин ба болои абрҳо, беҷо нагашта дар
зери Офтоб.
Вале ман дар ин ҷо боғчае дорам гунбаздор бо ҷосусон ва керамика.
Бар сари лоиҳа сеҳр мекунам, чӣ ҳам тавон кард ҳанӯз дар ҳабси хонагӣ?
то ки чун партоби мадфун шӯъла диҳад ба фарсахҳо дирижабл.
Хоб дидам, ки ба ман нон доданд сабуктар аз ҳаво (дар шакли нони гирд),
дар дохили он варзишгоҳ ва бозӣ дар айни авҷ — миллиметри
ғалладонаи талх.
Ман медавам ба рӯи рег, сар медиҳам варо ба осмони торики заргарӣ.
— Эҳтиёт, он ҷо анбӯҳи мардум, ҳатто агар ту суғурта шуда бошӣ дар
сатҳи хобат.
Субҳ ман қадам мезанам мисли посбони қабристони уран,
Намунаҳо мегирам ва муқоиса мекунам бо феҳрист, йога мекунам, худро
дар равшанӣ мебинам.
Куҷо шуд офтоб? Мисли паргор дар байни ангуштони Коперник
Ман дар ҳақиқати бетараф овезон мешавам
Дар хонаи покизашустаи ман дар кандакориҳо кураҳои хамёзадор дар
манбаъ ва бозгоҳҳо,
аэронавтҳо правоз мекунанд бар киштиҳои бандар, аммо он ҳамеша аз
паси онҳост.
Бӯҳрони ҳақиқӣ. Ва дастаи растаниҳо, ки номашонро намедонам...
Хӯрандагони маккори Офтоб — морҳои ҳавоӣ ва обӣ.
Шояд, ман пайрави аз кадомин хаскашакҳое дар либоси лавандона,
шояд, ман компютерро гирондам бо дасти рост на, балки чап?
Шояд китобҳоро пешниҳод кардам на он соне, ки дархости табиат буд?
Акси манора дар об парешон шуд мисли риштаҳои кушодашуда.
Фақат сабти ман дар дафтар: офтоб нагузашт
хати уфуқро. Намудҳо такрор нашуданд. Вақт худро пуштнокӣ медошт.
Қисми дарахтон ғарқи торикӣ шуд, қисме баромад ба рӯшании дарунхолӣ,
Бо қаҳр афзуданд беҳудаҳо, аммо анбӯҳе пайдо шуд, ки маро ҳимоя кард.
Ҳайвонот бетартиб ақибнокӣ рафтанд ба суроғи рӯшноӣ,
Махлуқоти сафедаӣ ва сангӣ манзилҳои худро тарк карданд.
Аз Сахара омад ин фарди парзадарӯй бо гӯшҳои чун кассета
ва дар ҳароратҳои сафедиҳо дар пораи чапараки яхин ба тасаввур меояд.
Ин одӣ, чунон, ки дар синф аст, аз рӯи китоби дарсии Перишкин:
вагонҳоро ист
доданд ва ҳаракати ҷомадонҳои лағжонак бо мусофир идома ёфт.
Ва гоҳе ки тарҳ ба ду гӯшаи сиёҳу сафед ҷудо шуд,
кулоҳкашида дар маҳрук шаб бо дирижабл омехта шуд.
Ва аз нисфи сайёраи шабона аллакай норавшан дида мешуданд
командирҳои Невина,офтоби хаста дар пешонии буридаи шаҳриёни сода.
Бар тахтаи ҷиҳозот пуштнокӣ ақрабакҳо меафтоданд. Ба болои киштӣ
пластинаҳо хушк мешуданд. Ва дирижабл дарҳам кашида мешуд.
Ва ӯ қабул мекунадаш ба ҷои яке аз тасаллои осмонӣ.
Тайи се рӯз арраи дар таҳхонаҳо раҳгумзада садо медод.
Ва ба назари ӯ менамуд (баднамуд, бемаънӣ, рашкин, афтода аз ресмон)
ҳуҷуми саробҳо, саробҳои ҳуҷум — хаёлро ҷамъ меоварад дирижабл.
Мори коғазӣ
Риштаи нолон, шамоли гарм
коғазин мори парешонхӯ,
мепарад рамзи Иерихон,
риштае ҳамчун давоми ӯ.
Дар қаторакҳои он пинҳон
хирачашмону заифақлон,
қуттиҳо аз ҳам ҷудо гарданд,
чеҳраи боде халад бар он.
Мекашам аз гипотенуза
мори дар парвозро ҳар сон,
меравад ғӯтида болотар
сар ба парсек ораду эон.
Бо азоби танба дар боло
Белзан аз худ ба сӯи худ,
Ҳар мураббаъ миллиметрро
Ҳис ба воҳид менамояд зуд.
Сум занад чун асп бар сӯяш
Лашкар аз абре чу ояд зер.
Ҷамъ дар дандонак ояд вақт,
То ки н-андозӣ ту аввал тир.
Ҳамчунон парчин ба зеҳ ларзад,
бигзарад аз байни мо нохост,
сӯи халқи бархато кушта...
Бар кӣ махрутро халонад рост,
он гаҳе, к-ӯ хост дар тангӣ
бар азимаблаҳ шавад табдил,
ӯ ба коғаз сабт кард ин акс
то замин минқори беҳосил?



