Евгений Попов
Евгений Анатолевич Попов (с. т. 1946) — носир, драматург, очеркнавис. Барандаи ҷоизаҳои «Tриумф» (2009), «Китоби бузург» (2012).
Дар шаҳри Красноярск таваллуд шудааст. Донишкадаи ҷустуҷўи геологии ба номи Орҷоникидзеи Москваро хатм намуда, дар шимолу шарқи Русия ба ҳайси геолог кор кардааст. Дар нашри маҷмуаи бесензураи «Метропол» (1979) иштирок кардааст.
Ҳикояҳои аввалинаш дар маҷаллаи «Новый мир» нашр гашта, ба онҳо Василий Шукшин сарсухан навиштааст. Попов муаллифи маҷмуаҳои сершумори ҳикоёт («Руси шодон», «Ишқи бовафоро мунтазирам», «Тайёра ба Кёлн»), романҳо («Дили ватанпараст», «Дар арафаи арафа», «Устоди саргумиҳо») ва пйесаҳо мебошад. Муаллифи (бо Александр Кабаков) китоби «Аксёнов» (дар бораи Василий Аксёнов).
Ба фикри мунаққидон, насри Попов падидаи рўшани миллӣ аст. «Насри ў зебою дурушт, равшану пурмуаммо, ҳушёру маст, мисли марди рус. Аз ин рў, вайро чун як шахси рус мешиносанд» (Сергей Боровиков). «Шавқу ҳавас ба одам, муҳаббат ба ў ва ҳаёти озоди хушу хурсандона бо тамоми шаклу зуҳуроташ — принсипи солими ҳаётдўстона аз бисёр ҷиҳат асоси насри ўро ташкил медиҳад» (Артемий Леонтьев).