Татяна Толстая

Татяна Никитична Толстая (с. т. 1951) — носир, эссенавис, публитсист ва мунаққиди адабист. Барандаи ҷоизаҳои «Триумф» (2001) ва «Адиби сол» (2019).
Дар Ленинград, дар хонадони физик таваллуд шудааст. Бахши филологияи классикии Донишгоҳи Ленинградро хатм намудааст. Дар нашриёт кор ва дар Амрико тадрис кардааст. Солҳои зиёд дар телевизион барномаи худро дошт.
Ҳикояи аввалинаш — «Дар айвони заррин менишастанд...» соли 1983 дар маҷаллаи «Аврора» ба табъ расид. Соли 1987 дар Москва маҷмўаи ҳикояҳояш чоп шуда, чун падидаи равшани насри муосир муаррифиаш кард. Маҷмўаҳои «Рўди Оккервил», «Рўз», «Шаб», «Дунёҳои сабук», «Бонуи ноаён», «Мавиз», «Асри намоз», «Хоҳарон» ва ғайра мақоми ўро чун яке аз ҳикоянависони беҳтарини замон муайян намуданд. Романи аввалинашро низ хонандагон бисёр хуш қабул карданд.
Ба насру эссеҳои амиқи Татяна Толстая забони ифоданок, равон, табиӣ ва тасвирҳои мураккаби психологӣ, муҳокимаронии озодона, ҳассосият, тундгуфтории равшанфикрона хосанд. Бо вуҷуди майл ба услубу анъанаҳои гуногун ҳаводори насри классикии рус аст.