Ирина Ермакова

Соли 1951 дар гулӯгоҳи Керч, дар киштӣ таваллуд шудааст. Дар Черкасс (Украина) ба воя расидааст. Донишкадаи муҳандисони нақлиёти Москваро бо ихтисоси муҳандис-конструктори пул ва нақбҳо хатм кардааст. Ба ҳайси муҳандис-конструктори пулҳо кор кардааст. Муаллифи ҳашт китоб, аз ҷумла «Алла барои Одиссей» (2002), «Оилаи занбӯри асал» (2007), «Дар интизори ид» (2009), «Бо туши гулгун бар абрешими сиёҳ» (2012), «Ҳафтум» (2014), китоби шеърҳои ба забони итолиёвӣ тарҷумашуда «Ninna-nanna per Odisseo e altre poesie» (2008), чанд шуъбаадабозии адабӣ, ки машҳуртарини онҳо шоираи ҷопонии асри 12 Йоко Ириначи мебошад. Шеърҳояш ба забонҳои англисӣ, арабӣ, булғорӣ, итолиёвӣ, каталонӣ, чинӣ, латишӣ, мақдунӣ, олмонӣ, полякӣ, португалӣ, руминӣ, сербу хорватӣ, фаронсавӣ ва ғайра тарҷума шудаанд. Барандаи ҷоизаҳои маҷаллаҳои «Арион» ва «Октябрь», «Anthologia», «Lerici Pea Mosca»-и Итолиё ва Россия, «Московский счёт», ҷоизаи байналмилалии ба номи Волошин мебошад. Дар Москва зиндагӣ мекунад.
Ирина Ермакова вориси ду анъана — классикӣ ва авангард буда, моҳирона аз шаклҳои гуногуни назми рус — аз ямби чоррукна> то верлибр истифода намуда, онҳоро бо таъсири тобеи «ман»-и лирикии худаш навсозӣ карда, такмил медиҳад.