Шукуфо шуд дархати зери балкон...

* * *
Шукуфо шуд дархати зери балкон,
чуноне ки биафрӯзад ба ранги сурх.
Хамӯшӣ бо забони сабзаҳо дорад навои сабз
ба ангушташ навозад баргҳоро бод,
хиширроси алафҳо мекунад пахмоқ мӯи баргҳоро ҳам
хиширросаш ҳаворо баста доира,
кунад дам рӯшаниро, сояҳоро дур бинмуда,
диҳад бар шохаҳо алвонҷ,
расида то ба қаъри решаҳои шаб.
Гузор ин ҳуштакатро, бигзарад ин ҳам,
шунав, — марге намеояд, биёяд фасли тобистон,
кунун, ки медамад субҳе.
Садо бидҳад варақгардонии баръакс
Китоби хунро, авроқи авлодии хотирро.
Ба ҷон-ш озодии бемисл,
Дарахти зиндагӣ дар зиндагӣ гул мекунад, оре.