Иҷрои хоҳишҳо

Бо нафасҳо мебарорам дуд. Рӯ оварда бар рӯҳ. Мекунам эҳсос андар тахтапуштам мошини ёрии таъҷилӣ. Сигарета. Манзари уммедбахш, асли ҷануб. Мерасад овои торикӣ, ба ковокӣ расида, Мерасад аз зери по савти шағал бар гӯшҳо чун тир. Тормози сахт... Худ мошин гузашт. Меравад амвоҷу аз нав бозмегардад. Мерасад овои пойи пошна Ман ба як пероҳан истодам, само болои ман Мекунад сар дуд гӯӣ ҳамчуноне деги мис. Дастҳоямро ҳаво додам, шарарҳо хест, Сохта гунбаз, ба ахтарҳо расидем. Ларза дар танҳо, ҳама омодаи парвоз, Ларзад ово: ҳеҷ гоҳе ҳеҷ чизе дер нест. Ҳуштаки поезд омад ваҳмнок, Мавҷҳо аз ҳам ҷудо созанд ин тӯри тиҳиро. Мерасад аз нав қатора бо думи печон, Мешавад андар суруди чирчиракҳо ғарқ овои шағал аз зери по. Охирин, бингар, қатора бо ҷирангаш бурд мардумро, Ман ситода як худам дар баҳр то зону фурӯ дар об, Гунбази торики умедам варам карда зи ахтарҳо. Меравад партавфишон бар сӯи бесӯӣ, Меравад бо орзӯи рӯзи менӯӣ, Ногаҳон ҷавлон занад чун барқ рахшон карда оламро, То уфуқҳо нурафшон дар назар, Меравад бо симҳои сурхи сурхи барқгустар. Афканад ҷойе шароре бар алайҳи шомҳо, То шабонро пушти сарҳо карда дар менӯ, Эшелонҳои қатора бо рақамҳои гуногун мераванд оё абас. Гулдурос афканда андар вартаҳои бекаронӣ, Мешавад истораборон дар ҳама ҷо, бар ҳама кас.