Тўпи ғанимат
Дар он соҳили дарё, ки баҳорон пурталотуму тобистон ором ҷорӣ мешавад, дар миёнаҷои ду тал, гўё дар байни синаҳои украинзани тануманд, мавзеъи ободи хонаҳояш сафед ба чашм мерасид. Аз байни теппаҳо селоби тира ҷорӣ буд. Дар ҷое, ки талҳо ба ҳам омада, сойи чуқуреро ба вуҷуд овардаанд, қабл аз афтидан ба гирдоби пуркафк, селоб аз ду ҷониб ба ҳам мепайвасту буттаҳои урёнро шуста, бо ғешаи порсола соҳилро ҷиҷолак мекард ва қамишҳои шамол баркандаро фурў бурда, ба буттаҳои хордори назди пул хурўшон бармехўрду аз зери сояи маҳини шохҳои беди шукуфон мегузашт.
Пулро немисҳо тахриб карда буданд. Дар киштзори васеъи тирамоҳ даравшудаи нишебии соҳил сӣ-чил мошин, ду газики кўтоҳи зиреҳпўш, раддаи тўпҳо — тўпи вазнини кўтоҳмил, минометҳо, «катюша»-ҳои болояшон ҷилдкашида ва боз чанд техникаи дигар меистоданд. Дар байни онҳо ягон қисми сапёрӣ набуд. Бино бар ин дар хусуси кӣ бояд пулро таъмир кунад, муноқиша ба вуҷуд омад. Хоҳишмандон пайдо нашуданд. Сарбозон аз мошинҳо фуромада, дар рўи дарави порсола дароз кашиданд; бархе дар лабашон гандумпоя ба осмони нилгун менигаристанду қисме ба хоб рафта буданд.
Майор Проскуряков хашмгину душном дар нўки забон аз ҳар қисм ва ё боқимондаи онҳо, ки дар нишебии тал ҷамъ омада буданд, панҷ нафариро ба назди пул фиристод. Бо вуҷуди ин, оқибат эрэсовчиёнро дашном дод. Ба пиндори ин эркаҳои ҷанг бояд аз дидани «катюшаҳо» хурду бузург дасту по хўрда, боадабона, чун ба ашрофзодаҳо, ба эшон роҳ диҳанд.
Майор Проскуряков капитани онҳоро базўрӣ тела дода аз мошин фуровард ва алҳол ў бо сарбозони серу ҳавобаланди худ мутеъона дар назди пул арақи ҷабин мерехт. Майорро ҳама чун сардор эътироф карда буданд ва дар ҳалли ҳама гуна масъалаҳо танҳо ба ў муроҷиат мекарданд. Алҳол Проскуряков асабӣ мешуду дар назди қатор ғур-ғуркунон хўрдагирӣ карда мегашт. Баъд фармон дод, ки дар назди мошинҳо навбатдор ва барои ҳимоя аз ҳуҷуми ҳавоӣ (гуфта намешавад!) дар байни киштзор дидбонҳо гузоранд. Дарҳол мисли бало аз таки по лейтенанти хурд Растягаеви ҷавон дурбине дар сари синааш овезон пайдо шуд ва хоҳиши дар ин дидбонгоҳ истоданро кард.
Майор Проскуряков бодиққат ба чеҳраи лоғар, аммо кушодаи лейтенанти хурд, гимнастёркаи оростаю соқи мўзаи парусинии сатангнамо ғиҷимкардашудаи ў чашм давонда, ғур-ғуркунон гуфт: «Хўш!». Лейтенанти хурд пошнаҳои мўзаашро ба ҳам зада, ҳамроҳи ду сарбоз ҷониби пул, ки дуртар аз он анбори бебоми колхоз меистод, нишеб шуд. Дар сояи анбор чанд тўпи ҳафтодупанҷмиллиметраи немисҳо, даҳони милҳояшон ба замин, дар зери ғарами қамиши пўсида қарор доштанд. Тайёраҳои ҳамлавари мо боми ин биноро барканда, артиллеристони немисро хеле тарсондаанд, ки онҳо танҳо нишонгиракҳои тўпҳояшонро бо худ гирифта гурехтаанд. Ҳатто фурсати таркондани мили аслиҳа ва кушодани қуфли онҳоро наёфтаанд.
Сарбозоне, ки ҳамроҳи лейтенант рафтанд, аз дивизиони Проскуряков набуданд. Аз гашташон маълум буд, ки гургони болондидаанд ва яқин он ҷо дар анбор мехобанду лейтенанти бечора ба ҷойи эшон дидбонӣ мекунад.
Майор Проскуряков бори дигар ба алам аз дил гузаронд, ки солҳои охир ба осонӣ командир тарбия мекунанд, барои суханони зебои ватандўстонаю ҳунари хушомадгўиву чоплусӣ мукофотҳо медиҳанд. Ва ба ҳамин тарз осонакак одамонро ба ротаҳои гунаҳгорон мефиристанд, ки вақтҳои охир дар фронт хеле зиёд шудаанду вожаи «гунаҳгор» як мафҳуми одӣ шудааст ва ҳеч кас аз он бим надорад.
Майор Проскуряков, иштирокчии ҳамлаи хунрези тали Ҳасан, дар ин муҳориба ҷароҳат бардоштаву соҳиби мукофот гаштааст. Ў ҳам ба гирифтани рутба ва ҳам ба ҷазою танбеҳ одат карда буд, аскари танбалу пешхезро аз ҷанговари ҳақиқӣ зуд фарқ мекард.
Дар ин қатор чор батарея дивизиони ўро ташкил медод. Дар ҳар батарея зиёда аз шаш тўп. Шаш карат чор чанд мешавад? Бисту чор. Дастаҳои тўпчиён пурра нестанд, дар взводҳои идоракунии дивизионҳо низ одам намерасад. Аммо ба ҳар ҳол ҳамин ҳам қувва! Қувваи бузург. Ҳуҷум, албатта, боздошта мешавад, зеро баҳор фаро расид, ҳама ҷо лой, зимистони дароз ҳамла карда, пеш рафтанд, одамон лакот шуданд, ҳатто вай, майор Проскуряков, ки кайҳо монда шудану шикоят карданро фаромўш кардааст, хаста шуд. Аммо то ҳол аз рўи инерсия ҳаракат мекунад, бино бар он ки артиши паҳну парешон, аз бехобию ҳарбу зарб лакот то ҳол пеш меравад, аз барои он ки душмани низ хастаю шалпар дигар муқобилият накарда, аз роҳҳои вайрони сиёҳхок ҷониби ғарб мехазад.
Баъзан ҷанг сар мезанад, аскарони мо ба ягон гурўҳи зиреҳпўш ва ё қисмҳои паҳну парешони немисҳо бармехўранд. Сарбозон, Иванҳои рус, ки сиришти танбалию фориғболӣ доранд, ба душмани саркўбшудаю гурезон бе ҷанг одат кардаанд ва баъзан аз ҳуҷуми ногаҳонии онҳо дасту по мехўранд ва дар ин ҳолат... ба онҳо сипардевор лозим мешавад. Ва бисту чор тўп бо захираи андаки лавозимот ҳуҷуми душманро бозмедораду алангаро хомўш ва поргии як гўшаи фронтро дарбеҳ мекунад.
Маҳз барои ҳамин фармондеҳи бригада аз ҳама батареяҳо тиру тўпҳоро ҷамъ оваронду одамонро аз ситод берун кард, аз ҳама мошинҳо сўзишвориашонро гирифта, ба ихтиёри дивизиони майор Проскуряков доду ўро ба хати пеш фиристод. Дигар дивизионҳоро ҳар чи насиб карда бошад, ҳамонро мебинанд. Ҳам фармондеҳ, ҳам майор Проскуряков ва дигар командирон нағз медонистанд, ки агар ин мавзеъро аз дасти душман халос накунанд, баъд барои ба даст овардани он хуни зиёд рехтан лозим меояд.
Ҳангоми ин гуна ҳуҷум ҷонбозиҳо мебояд кард. Ва фармондеҳи бригада майор Проскуряковро барои он пеш андохт, ки вай чашмикордон аст. Агар дивизионро ба муқобили танкҳо фиристодан лозим мешуд, фармондеҳ Проскуряковро безобита намекард, зеро ўро чун афсари корозмуда мудом эҳтиёт мекунад. Барои анҷоми ин кор вай командирҳои ҷасуру тундмиҷозтар низ дошт. Онҳо нисбат ба Проскуряков мукофоти зиёд доштанд ва дар назорати махсуси фармондеҳони олӣ буданд. Алҳол эшон дур аз фронт, дар ҷангали булут шабушкҳои либосашонро меафшонанд, оббозӣ мекунанд, риш метарошанду пеш аз обед чокаронашонро барои овардани арақи дастӣ мефиристанд. Аммо майор Проскуряков бо дивизиони худ дар назди ин пули вайрона дармондаасту бо сарбозонаш мошину тўпҳоро кашолакунон мегардад. Рўзе ки аз бригада ҷудо шуд, тўпҳои ў танҳо боре паронданд ва ў чил ҷанговару нисфи тиру тўпашро аз даст дод. Гушнаю ташна боз чӣ қадар роҳро тай кардан мумкин?
Алҳол ҷанговарон андаруни кабинаю зери мошин, дар болои гандумпояи чиркин бетартиб хобанд. Онҳо баъди меҳнати тоқатфарсо истироҳат мекунанд. Пойафзолашон кандагӣ, гимнастёркаашон аз пушт даридаву бо пойтоба ямоқшуда. То якуми май — муҳлати додани сарулибоси нави тобистона — бист рўзи дигар; мўҳлати иваз кардани сарулибос дар артиши мо ба рўзи ҷашнҳои бузург мувофиқ карда шудааст: якуми май — тобистона, ҳафтуми ноябр — зимистона. Аскарон бояд як сарулибосро аз ид то ид, аз тирамоҳ то баҳор бипўшанд. Ин муҳлати либоспўширо дар ҷанг таҳамул кардан душвор.
Майор Проскуряков ба он қасабаи ободи соҳили дарё менигарист. Шояд нафаси сарди ҷанг алҳол нарасидааст ба он. Вай аз роҳи калон канор, аз дур дида намешавад ва дар он ҷо ягон иморате барои муҳофизат мувофиқ вуҷуд надорад. Танҳо дар байн бинои калисо ба назар мерасад. Гунбазу зангўлахонаи онро фуровардаанд. Сафедорон бо шоху барги хеш мавзеъро аз чашми бад дур, аз ҷанг эмин медоранд. Ягон хона дар ин макон вайрон нашудааст, дар боғҳои он ягон чуқурие аз таркиш ба чашм намерасад. Барои ҳамин он ҷо орому сокит, дар оғўши баҳорон гўё маҳзун табассум мекунад, хурўсҳо гулў даронда ҷеғ мезананд, говҳои ноҷўшида баос мезананд, дар кўча одамон наменамоянд. Шояд дар хона ва ё ягон ҷойи дигар пинҳон шудаанд. Танҳо оинаи тирезаи кулбаҳои сафеди онҳо медурахшанду ҷониби офтоб табассум мекунанд... Хулоса, ин мавзеи обод ба аскарони мо оғўш кушода, ҷониби хеш мехонад.
Майор Проскуряков, чашмаш ба ин манзараи зебо, ба сокинони ин мавзеъ ҳасад мебурд ва ҳамзамон афсўс мехўрд, ки бисёр аскарон то ин ҷо нарасиданд ва дигар намебинанд, ки чӣ тур дар ин мавзеъ обҳо ба марғзорон ҷорӣ мешаванд ва чӣ гуна дар болои онҳо мурғи лойхўрак фарёд мекашаду пуштаҳои сабзпўш дар соҳили дарё медурахшанд ва боғҳои олуболу дар тараддуди шукуфтананд. Дар ҳавлии охирин инак се-чор раҳ хурўси сурх мокиёнеро сур кард, аммо занаш ба ў тан намедод.
Майор Проскуряков танҳо он аскару афсаронеро ба ёд меовард, ки ба қарибӣ фавтида буданд. Ў онҳоро нағз дар хотир дошт; чеҳраашонро, чӣ гуна фавтиданашонро низ. Чеҳраи дигаронро, ки солҳои ҷанг бо ў буданд ва онҳоеро, ки ҳамроҳашон дар госпитал табобат гирифт, майор равшан пеши назар оварда наметавонист. Зеро онҳо хеле зиёд буданд. Албатта, ў ба ёди онҳо ашк намерехт, аммо бисёр мехост, ки кош он одамон низ зиндаю саломат то ин мавзеъ мерасиданд, рўи пояҳои мулоими гандум ғел мезаданду аз ғизою рўзи зафар меандешиданд. Аммо ҳарчанд онҳо дар ёди майоранд, дигар ин рўзҳоро намебинанд. Ў акнун то дер дўстонашро ёд мекунад, аз фироқашон месўзад. Шояд алҳол дар куҷое ба номи онҳо варақаи мукофотдиҳӣ пур мекунанд, номашон ба рўйхати таъминшавандагон ворид карда мешавад, дар куҷое зан ва ё модаре бо ёди онон ба хоб мераваду ба эшон низ хоби ширин орзу мекунад.
Чанд муддат чунин идома хоҳад кард, баъд ҳама чиз барои мурдагон қатъ мегардад; ҳатто хотираашон тадриҷан фаромўш мешавад. Агар ёд кунанд ҳам, ба алоҳидагӣ мисли Ванка, Васка, Петка — аскарҳои қаторие, ки замин меканданд, дар сатил ҳамроҳи либосҳояшон шабушк меҷўшонданд, Гитлеру старшинаҳоро дашном медоданду мехостанд то сер шудан бихўранду бештар бихобанд. Онҳоро якҷоя чун иштирокчиён, шояд қаҳрамонони ҷанг ёд мекунанд. Аммо онҳо худро ҳеч гоҳ қаҳрамон намедонистанд. Аз ин сабаб чеҳраи Ванка, Васка ва Петка аз ёд меравад ва ба ҷойи онҳо ягон муҷассамаи бесулуқайи сангин, дар сараш тоскулоҳ, бегона, барои одамон беаҳамият зоҳир мешавад.
Ҳамин гуна андешаҳои дарозу ғамангез майор Проскуряковро азият медод. Ў дар нишастгоҳи «студебеккер*» якпаҳлў ёзида, бо чашмони нимкоф гўё хобида буд, аммо ҳама чизро медиду мешунавид. Медид, ки дар назди пул ба ҷойи кор кардан бештар папирос мекашанду хурсандӣ мекунанд. Аз афти кор, дар байни ҷанговарон ягон ҳазлбоз пайдо шудааст. Чунинҳо дар ҳар взводу рота ҳастанд. Ҳазлбозонро дўст намедошт майор Проскуряков, зеро онҳо танбалу муғамбиранд, дандонашонро дуру дароз барои он мешўянд, ки дар ин вақт соддалавҳон ба ҷойи онҳо кор кунанд.
Майор Проскуряков ба назди онҳо рафтан нахост. Вақти хўроки нисфирўзӣ фаро мерасид ва ў медонист, ки агар ҳама ба ин мавзеъ дароянд, то ғизо пайдо накунанду каме нахобанд, аз ин ҷо баровардан мушкил мешавад. Мавзеъ ба назар бисёр ҳам сероб ва дилкаш мерасид. Бино бар ин майор фикр мекард, ки шабро дар ин ҷо рўз кардан лозим ва ў ҳатто хаёлан нақшаи дар куҷо гузоштани батареяи навбатдор, чи гуна дар хонаҳо тақсим кардани ҷанговаронро мекашид, то онҳо анбори ғизои соҳибхонаҳоро нарўбанд. Бигузор серӣ бихўранд, аммо то аз пой афтодан нанўшанд ва дар вақти даркорӣ онҳоро базудӣ сарҷамъ ва ба ҷанг омода карда шавад. Зеро дар ин гуна рустоҳои орому дилкаш, дар чунин вазъи осоишта дар ғафлат мондану дивизиону ин русто ва худу сокинони онро ба ҳалокат расонидан баробари ду карат дуст.
Алҳол, майор Проскуряков аз ин қитъаи ҷангу одамону техникаи дар ихтиёрашбуда меандешиду лейтенанти хурд Растягаев дурбинро аз чашм дур накарда, — он нахустин ғанимати ў дар ҷанг буд, ки аз аскарон ба ивази тамокую як ҷуфт сарулибос гирифта буд, — ба гирду атроф чашм медавонд. Душман наменамуд ва ин алами лейтенанти хурдро меовард: ў магар аз ҳазор чақрим роҳ ба ҳамин умед ба ҷанг омада буд, ки фашистонро ҳатто аз дурбин ҳам набинад.
Растягаев Сергей Сергеевич, писари марди соҳибмаълумоти рустоӣ, баъд аъзои гурўҳи лекторони кумитаи ҳизби ноҳия, Сергей Потапович Растягаев дар хобаш низ худро дар ҷанг медид, танҳо соли таваллудаш — 1925 — ўро дар ақибгоҳ нигоҳ медошт. Вай чанд моҳ остони комиссариати ҳарбиро охурча кард, аммо то ба синни балоғат расидан маҷбур буд дар мактаб таҳсил кунад. Баъд ба ҳайси муаллими ҳарбӣ дар ин дабистон кор кард, зеро аз шумори талабагони аълохону дар тайёрии ҳарбию сиёсӣ барои дигарон намуна буд.
Он рўз, ки ниҳоят ўро ба омўзишгоҳи ҳарбӣ қабул карданд, модараш бемори бистарӣ гашт, падараш бошад, бо ғазаб гуфт: «Аблаҳ! Оқибат ту дар фронт гарданатро мешиканӣ. Охир, дар мактаб кор мекардӣ. Баъд...»
Сергей давоми ин «баъд»-ро медонист: «баъд ту охир беморӣ». Аз кўдакӣ ин «баъд...» ўро ба ҷон расонда буд. Дар асл ў кайҳо ба ин беморӣ одат кардаасту дер боз бо оби яхин дасту рўй мешўяд, дар турник бозӣ мекунад, медавад, меҷаҳад, тир мепаронад, аммо боз ҳамон «баъд...». Дар оилаи зиёӣ таваллуд шудан... онҳо ҳама чизро медонанд дар бораи ту, ба ҷои ту. Ва оҳу воҳ, ту лоғар, ту рангпарида, ту хаста шудӣ, ту гушна..
Безор шудам!
Аз омўзишгоҳ Сергей ба волидайнаш номаҳои ҷиддӣ менавишт. Ва онҳо нафаҳмиданд ва дигар ҳаргиз нахоҳанд донист, ки чӣ гуна старшинаи чирросӣ Закорюченко аз гўшаш кашида ўро маълумоти олидор кард, чӣ тавр вай тоқати гуруснагӣ надошту аз камхўрӣ ва аз ҳама асосӣ аз ғазаби ниҳонӣ нисбат ба одатҳои зиёиёна аз қабили «шумо», «марҳамат», «иҷозат фармоед», «марҳамат кунед» азият мекашид.
Ў дилбохтагие дошт ва ишқи нахустини вай донишҷўдухтари лоғару асабӣ Валя буд. Шомгоҳон, пеш аз рафтани ў ба фронт, онҳо дар соҳил, дар паси заврақи кўҳна гарм-гарм аз лабони якдигар бўсиданд ва Валя аз байни лабони ҷафскардааш садо мебаровард: «Ту онҳоро бикўб, бераҳмона бикўб!» ва баъд рўи рег дароз кашида, илова намуд, ки танҳо аз они ўст ва барои ин ба ҳама қурбонӣ тайёр аст.
Сергей шарм дошт, музтар монду бахшиш пурсид ва онҳо аз соҳил хомўшу хиҷолатманд баргаштанд. Валя қариб ҳар рўз ба фронт нома менавишту муҳаббати онҳо аз як нома то номаи дигар меафзуд. Дар умқи қалби Сергей ҳамеша таассуфи ниҳоние нуҳуфта буд аз боби он ки чаро он бегоҳ дар пушти заврақ коре карда натавонист. Ҳамзамон афсўс мехўрд, ки наметавонад дар бораи қаҳрамониҳояш дар фронт чизе бинависад. Ба дурўғ гуфтан забонаш намегашт. Ў нисбат ба аскароне, ки дар номаи хеш ба маҳбубаҳояшон дар бораи ҷанг, корномаҳои худашон ҳар гуна афсона мебофтанд ва он духтарони бечора ба ин дурўғу ҳарзаҳо бовар карда, бо онҳо мефахриданду дуои ҷонашонро мекарданд, нафрат дошт.
Инак як ҳафта боз Сергей дар фронт буд; ҳамроҳи аскарони дигар барои мукаммал намудани ҳайати артбригада ўро ба ин ҷо фиристоданд. Ў медонист, ки вақтро беҳуда мегузаронад ин ҷо, зеро вай тайёрии умумиаскариро гузашта буд. Аммо бо вуҷуди он ки ҳама чизро медонисту метавонист, бояд мисли дигар ҳамсолонаш, агар вазъияти ҷангию командирони падарқусур имконият диҳанд, аввал каме дар майдони ҳарб маҳорат пайдо кунад.
Ҳангоми убури дарё яхи рўи он шикасту командири взводи идоракунии дивизиони майор Проскуряков бо аслиҳааш ғарқ шуд. Ҳам тўпу ҳам ҷасади афсарро аз таки ях ёфта бароварданд, аслиҳаро тозаю равғану коршоям карданд, аммо ҷасади яхшудаи афсарро ба хок супориданд. Ҷанговарон командири взводашонро дигар ба ёд намеоварданд, ба лейтенанти хурди навомада хусумат доштанд, фармонҳояшро на ҳама вақт ба ҷо меоварданду баъзан бо ў муноқиша мекарданд. Майор Проскуряков гўё инро намедиду намешунид.
Дар ҷанге, ки рўзи сеюм ба амал омад, лейтенанти хурд иштирок надошт. Майор Проскуряков ўро барои расонидани маълумотномаю қуттиҳои холӣ, бочкаю гилзаҳо ба ситоди бригада фиристода буд ва ў то он ҳама лашулушро супорида, ба ҷойи онҳо нони қоқ ва даҳҳо тири тўп гирифта баргашт, ки ҷанг хотима ёфта, фавтидагонро кайҳо гўронида буданду захмдоронро пиёдаю ба мошинҳои раҳгузар ба ақибгоҳ фиристоданд, зеро майор Проскуряков сўзишворию тирҳоро эҳтиёт мекард ва барои бурдани захмиён танҳо як мошини занҷирдор ҷудо карду халос.
Лейтенанти хурд Растягаев аллакай гирду атроф, роҳи даромаду баромад, иншооту нуқтаҳои барои дидбонӣ мувофиқи ин мавзеъро барои саркўб кардани душман омўхта буд. Роҳ ба ҷониби ин мавзеъ якто буд. Ин роҳаки одӣ аз поёни пул, он ҷое ки ду рўдча ба ҳам меоянд, ибтидо мегирифт ва аз таги сафедорон ба тарафи чап тоб хўрда, дар пошнаи талҳо ба воситаи пайраҳачаҳо ба пушта мерасид ва дар дуриҳо кўр мешуд. Ана дар ҳамон пушта, дар роҳи чуқур чўкида лейтенанти хурд ногаҳон мошини болопўшидаро дид. Мошин андармон шуда буд, аз зери чархҳояш дуд мехест, лойпораҳо мепариданд, дар атрофаш одамон бел дар даст давуғеҷ доштанд. Лейтенанти хурд Растягаев дарҳол дарк кард, ки ин на ягон васваса, балки мошини немисҳо, техникаи душман аст. Чун ў дурбинро аз чашм гирифт, мошин дарҳол хеле дур рафту ба ҷомадон бадал шуд, одамон ба назар мўрча барин намуданд.
— Рафиқон! — бо овози гирифта фарёд зад лейтенанти хурд. — Немисҳо!
Ду аскаре, ки дар назди девори гилин, дар таки бистари қамишини аз боми анбор партофташуда пинҳон шуда буданд, парида аз ҷой хестанду камонашонро ҷустанд.
— Ку немисҳо? — пурсиданд онҳо, ҳаросон ба атроф нигариста.
Лейтенанти хурд аввал ба ишораи даст нишон дод, баъд дурбинро ба аскари ҳампаҳлуяш дароз кард. Аммо сарбоз дасти командири взводу дурбинро рад карда, кафашро болои чашмонаш лапар сохт.
— Дармондаанд, — ғурунгос зад ў ба ҳамроҳаш ва суки дар даҳонаш бударо ба замин андохта, бинӣ афшонду бо домани гимнастёркаи аз шарораи папирос сурохшудааш онро пок кард. Рафиқаш хоболуду фаҳўлона папирос даргиронд.
— Чӣ хел!.. Мераванд, охир! — оқибат канда-канда гуфт лейтенанти хурд Растягаев. — Немисҳо, фашистон мераванд мегўям! — баланд дод зад ў.
— Дафъ шаванд! — ғурунгид ҳамон аскари тамокударгиронда. Рафиқи ў ҳатто наҷунбид. Аз лабҳои овезони ў маълум буд, ки хоб аст. Ин рафтори онҳо лейтенати хурдро бесаранҷом кард.
— Чӣ хел... Хабар додан даркор... Фашистанд онҳо...
— Дур намераванд, — яқин ба хотири ором кардани командир даст афшонд сарбоз, — хабар... чӣ хабар медиҳем? Мебинанд, кўр нестанд.
— Мебинанд?! — ҳайрон шуд лейтенанти хурд. — Мебинанд ва... халос... ягон чора намебинем?!
— Худоё, боз чӣ хел чора дидан даркор? Ором шав ту, лейтенанти хурд, ҳоло аз ҷанг сер мешавӣ.
Лейтенанти хурд якбора ихтиёр аз даст дод:
— Аввал ин ки «ту» не, «шумо!» Дуюм, — лейтенанти хурд чашмонашро нимпўш кард, — дуюм, папиросро парто. Баъд, бархез! Рост ист, мегўям!
Сарбоз заҳрханда карду бедилон рост шуд, аммо папиросро напартофт, номаълум онро дар остинаш пинҳон кард. Акнун дуд амсоли мўрӣ аз гиребони гимнастёркаи ў мебаромад.
— Чӣ, ба шумо алоҳида фармон диҳам? — дод зад лейтенанти хурд ба сари аскари дигар.
— Игнат, — бо нўки по рафиқи хобидаашро тела дод сарбоз, — бихез! Ба машқи сафдорӣ машғул мешавем...
— Дафъ шавед, — ғурунгид Игнат, — ба ғайр аз ҳазлу шўхӣ дигар кор надоред.
— Чи-и-ӣ? Шўхӣ? Бархез!
— Хайр, ана хестам, чӣ даркор дашном додан? — кулоҳи дар байни ғарамҳои қамиш гумкардаашро ҷўён ғурунгид Игнат. — Гўё банг зада бошад, дод мезанад, дод мезанад.
Дар ин вақт мошини немисҳо ҷониби пушта мерафт ва ана-мана нагуфта боло мебаромаду аз назар ғоиб мешуд. Ҳамин вақт ба ёди лейтенанти хурд тўпи паси анбор расид.
— Аз қафои ман! — хашмгинона фармон дод ў. Сарбозон китф дарҳам кашиданду камону борхалтаи қариб холияшонро ба китф карда, ба ақиби анбор гузаштанд.
— Бел ҳаст? Зуд барои пояи тўпҳо чуқурӣ бикан! Мили тўпро гардон! Ба ҷанг!
— Даркор нест, лейтенанти хурд! Чӣ лозим ин кор!..
— Хомўш!
— Хайр, дам намезанам.
Аскари дар синну сол ҷавонтар нияти лейтенанти хурдро дарк карда, зуд чуқурӣ канд.
— Хўш? Ҳозир мо ўро. Чӣ гуфтӣ, Игнат?
Игнат ба савол ҷавоб надоду ҷониби рафиқаш сар ҷунбонд ва онҳо ҳарсе базўр, ўх-ўҳкунон тўпро тоб доданд. Игнат ба гўр кардани пояҳои тўпи немисӣ оғозид.
— Чӣ хел паронам? Нишонгиракашро немисҳо бурдаанд.
— Бо мил нишон гир, рафиқ ҷанговар, бо мил, — бо ангуштон шикан-шикан кард лейтенанти хурд Растягаев. Вай дигар қаҳру ғазабашро фурў нишонда буд. Ин лаҳза ҳатто ин Игнати каме дағал ба ў маъқул шуда буд. Ҷанговари кордидаю аз кўраи оташ гузашта бояд чунин бошад. Агар ў, лейтенанти хурд Растягаев, оташин шуда бошад, ҳеҷ гап не, дар ҷанг чӣ корҳое намешавад.
— Аз рўи мил душвор, аз рўи мил танҳо дар кино мепаронанд. Бо нишонгирак ҳатто бисёр вақт ба ҳадаф намерасанд...
— Чӣ ин қадар ғурунгос мезанед! Тир! Ти-р-ро ҷой кунед! — дод зад лейтенанти хурд.
— Э, ана худатон ҷангед! — Игнат гилзаи дарозро бо тир ба мили тўп тела доду қуфли онро маҳкам кард.
Сарбози дуюм дастаро тоб дода рост намуд, лейтенанти хурд Растягаев ба мил нигаристу ранги рўяш канда фармон дод:
— Болотар, болотар. Боз каме болотар. Ист! Каме ба чап. Ист! Мепаронам! — вай тугмачаро даст-дасткунон ёфту бо овози паст илова кард: — Тир меандозам! — Ва чашмонаш нимпўш тугмаро пахш кард.
Тўп баланд садо дод. Тири он дар паси пушта афтиду таркиш ба амал омад ва дар баробари расидани овоз мисли пати занбўруғ паҳну парешон шуд. Чунин занбўруғро дар зодгоҳи Растягаев номи бад додаанд: гўз.
Одамон дар назди мошин ба таҳлука афтода, ба доводав даромаданд.
— Оҳо-о! — баробар фарёд заданд аскари ҷавону командир, ки чашмонаш аз шавқ медурахшиданд. — Рафиқ ҷанговар, тирро ҷой кун! — фармон дод ў.
— Номи шумо чӣ, рафиқ лейтенанти хурд? — софдилона пурсид аскари ҷавон ва ҷавоби командирро мунтазир нашуда, худро шиносонд: — Номи ман Леонид, Лёнка сода карда гўем.
— Бис-ёр нағз! Аз шинос шуданамон дар майдони ҷанг шодам. Насаби ман Растягаев. Лейтенанти хурд Растягаев, — посух дод командир ва дарҳол худро ба тартиб оварда дод зад: — Тирро ҷой ку-у-н!
— Дигар парондан даркор нест, душманро хабардор мекунем, — чашмонашро ба дигар тараф гурезонидаю бо дили нохоҳам тирро ба мил андохта, бори дигар ғурунгид Игнат.
— Шумо чӣ хел одамед! — ба ғазаб омад лейтенанти хурд ва нишон гирифтанро фаромўш карда, тугмаро зер кард.
Вақте ки дуд пасанда шуд, Игнат андуҳгин дасташро боло кард:
— Ана, кулбаро хароб кардем, мумкин дар дохили он одамон, кўдакон...
Лейтенанти хурд Растягаев ба он мавзеъ чашм давонд. Ва нохост дид, ки боми хасини кулба фурў рафта, аз байн дуди сафед бархосту баъд якбора оташ аланга зад.
— Биёед, беҳтараш ман худам, — лейтенанти хурдро аз тўп дур кард Игнат ва чусту чолок ба тирпаронӣ оғозид.
Тирҳо дар пушта, дуртар аз мошин метаркиданд. Ҳангоми тирандозӣ ба назари лейтенанти хурд чунин мерасид, ки тири навбатӣ ҳатман мошини фашистонро пора мекунад. Шояд дар он аскарони пулро харобкарда ва ё радиостансия бошад, зеро мавҷгири он намоён буд. Хуб мешуд агар радиостансияро ба даст меоварданд. Дар назди мошин на кам аз панҷ нафар давуғеч доштанду чанд нафар ноҷунбон дар даруни лой мехобиданд.
Тўп садои гўшхарош баровард, аммо ин даъфа низ тир ба ҳадаф нарасид. Аз дур аскарбачае давон-давон чизе мегуфту даст меафшонд. Аз парондан бозистоданд.
— Эй, — садо кард аскарбача ба онҳо расида, — чаро беҳуда мепаронед? Рафиқ майор ҷанҷол дорад.
— Ба рафиқ майор гўй, ки — таҳқиромезона чашмонашро нимпўш кард лейтенанти хурд Растягаев, — вақте ки душман техникаашро мебарад ва ё таслим намешавад, тавре Горкий гуфта буд, ўро боздоштан ва нест кардан лозим. Ва... Ба пас гард!
Игнат табассумкунон сар ҷунбонд, Лёнка худро ба тартиб оварда, ба тарзи шўхӣ ва ё ҷиддӣ пурсид:
— Боз мепаронем? Эзорашонро тар мекунем...
— Биё!
То он фиристода баргашта ба назди мошини Проскуряков омаду суханони лейтенанти хурдро ҳарф ба ҳарф арз кард, онҳо боз ду бор аз тўп паронданд. Аскарбача барои он ҳарф ба ҳарф арз кард, ки то ин дам ба ў касе ба чунин тарзи масхараомезона фармон надода буд: «Ба пас гард!». Вай кайҳо боз ба майор хидмат мерасонд ва хулқи ўро хуб медонист.
— Чи-ӣ? — ба ғазаб омад майор. — Ку зуд баргарду ба он ҷанговар гўй, ки ба назди ман ояд!
Аскарбача хушҳол аз пайи иҷрои супориш шуд. Дар ҳамин асно аз паси пушта садои кунду ғиҷиррос баланд шуд ва ҳамин ки аскарбача худро ба зери мошин гирифту майор Проскуряков хешро аз дохили «студебеккер» берун андохт, ба сари онҳо шиллики миномётҳои шашмила фурў рехт. Баъд якбора хомўш шуд он. Ҳама ҷо пур аз дуд, чангу лой буд. Танҳо аз як шиллик. Немисҳо низ аз камии лавозимоти ҷангӣ азоб мекашиданд, аммо танҳо ҳамин як шиллик кори худро кард: қатори мошинҳоро мисли калтакалос ду тақсим намуд, аз мошини боркаше дуд мехест, дигарон аз хавфи таркидани мошини оташгирифта худро пешу пас мегирифтанд, захмдорон доду вой мекарданд. Ҷанговарон аз болои мошини даргирифта ду нафари фавтидаро берун оварданд, дар гирду атроф чанд сарбози мўйи сару гимнастёркаашон сўхта ноҷунбон мехобиданд.
Дар назди пул мардум ба ҳаракат омаданд, ронандаҳо барои аз чашми душман пинҳон кардани мошинҳо ҷойи муносиб меҷустанд, «катюшаҳо» ба анбори гандум дароварда шуданд, сарбозон роҳравон тирдони автоматҳояшонро васл намуда, ҷониби анбор, ба сари тўпи ғанимати ҳамин ҳозир тирпаронида давиданд. Ин манзараро майор Проскуряков ҳангоми аз ҷой бархестан мушоҳида намуду дарҳол фаҳмид, ки чаро аскарон автомат дар даст чунин чолокона ҷониби хирманхона медаванд. Ва баъд якбора дод зад:
— Ист! Ист, мегўям!
Аммо садои ўро касе нашунид ва ё шунидан нахостанд. Ҳама дашном кардаю бо аслиҳаашон таҳдидкунон ҷониби тўпи ғанимат медавиданд.
Майор Проскуряков нохост дарк кард, ки дод гуфтан фоида надорад дигар, гўш намекунанд ўро, бино бар ин худаш низ ҷониби тўп давид. Душвор буд барои ў давидан, зеро кайҳо боз надавида буд, командирон дар ҷанг танҳо ҳангоми ақибнишинӣ медаванду вақти ҳуҷум бо фармони онҳо аскарон тозон пеш мераванд. Бар замми ин вай фарбеҳ шуда буд ва либоси танаш низ вазнинӣ мекард бар ў. Майор ҳис кард, ки аз сарбозон, хусусан ҷавонҳо, пеш гузашта наметавонад ва яқин кори лейтенанти хурд Растягаев тамом шуд. Ў барои, лаҳзае бошад ҳам, ҷалб намудани таваҷҷуҳи одамон дартоз тугмаи ғилофро боз намуда, таппончаи ба чарми он часпидаро бароварду тирҳои онро пурра ба ҳаво холӣ кард. Аммо ин ҳам кора накард. Тўда ба болои тўп рехт ва ногоҳ ба гўши Проскуряков овозе расид:
— Ба-ро-о-дарон, тараҳҳум кунед, — ин садои сард, садои ноумедӣ буд. Танҳо шахсе чунин садо мекард, ки рўзгордида аст ва ба чӣ корҳо қодир будани инсони ба ғазабомадаро медонад.
Ин садо Проскуряковро саросема кард. Аз куҷое нерў гирифту аскаронро тела дода, вориди давра шуд. Ду сарбоз — яке пиру дигаре ҷавонро мезаданд. Лейтенанти хурд Растягаев дар гўшаи хирманхона, дар байни дарзаҳои қамиши гардолуд мекўшид то аз ҷой хезад. Вай бо як даст бинии шикастаашро пок менамуду ба дасти дигар аз ғилофи кирзагиаш нагани** куҳнаро гирифтан мехост. Лаҳза ба лаҳза имконияти боздоштани одамон номумкин мегардид.
— Бас кунед! Ист! — нафасаш гирифта дод зад Проскуряков. Баъд ба командири взвод дарафтода, таппончаро аз дасташ гирифту беихтиёр, бо савқи фармонфармоию садои чирросӣ дод зад: — Ором! — ва ҳарчанд ў бадзабон набуду ҳақоратчиёнро ҳамеша танбеҳ медод, дашноми қабеҳе зам намуд. — Ором! — Баъд каме бо овози паст такрор кард: — Ҳамаатон ором шавед!
Дар байни сарбозони аз ғазаб ларзандаю рангашон парида парешонӣ ба амал омад ва ба задану лагаткорӣ кардани он ду сарбоз хотима доданд. Алҳол, ки шавқун намекунанд, ба ин тўда (маҳз тўда, на дастаи ҷанговарон)-и ақлбохтаю шалпаршуда бояд зуд ҷавоби дандоншикан дод. Майор то метавонист ҷидӣ, аммо бо овози паст гуфт:
— Лейтенанти хурд Растягаев, шумо ба ҳабс гирифта мешавед! Пишенко! — ёвари худро садо кард ў. — Баред лейтенанти хурдро!
Пишенко зуд аз куҷое пайдо шуду дасташро ба пилоткааш бурда, бо овози ҷаррангосӣ гуфт:
— Итоат! — Баъд ба Растягаев рўй оварда беэътиноёна афзуд: — Хў-ўш, мур-р-дор, баттол, мурдам гуфтан гир.
Ду сарбози шаттахўрда то ҳол аз ҷой нахеста буданд. Хурдиаш, ки кисаи гимнастёркааш дарида буд, номаю суратҳои афтидаашро ҷамъ намуда, талх гирякунон пурсид:
— Барои чӣ моро заданд, Игнаттағо? Барои чӣ, а?
Игнат бо дастони калону аз дуди гилза чиркинаш тугмаҳои гимнастёркаашро гузаронидан мехост, аммо дар он танҳо як тугма боқӣ монда буд. Ў он тугмаро мегузарониду боз мекард. Доғи кабуди дар зери чашми варамидааш пайдошуда рўи рафидаю пурожанги ўро безебтар карда буд.
Атроф пур аз ғавғою мағал буд. Табиист, ки агар дастони сарбоз бекор бошад, забонаш ба кор медарояд:
— Ҷангидан хостед, лаънатиҳо!
— Ин пирсаг ҳам!
— Чӣ қадар одам талаф ёфт ба гуноҳи инҳо...
— Аблаҳон! Ба майор раҳмат гўед, набошад...
— Бозича ёфтаанд! Ҳаваси ҷангбозӣ доранд.
— Гўё дер мемонанд!
— Ин лейтинантак орден хостааст!
— Хайр, аллакай дар пешониаш як орден гирифт!
— Он аблаҳ ҷавон аст, аммо ин пирсагро чи бало задаст?
Гапи бисёр, дашном, аз ҳама зиёд таънаю маломат. Муҳим, ки гузашт, ҳама ором шуданд, оташи ғазаб хомўш гардид.
— Бубахшед, бародарон, ман гунаҳгор, лейтенанти хурдро огоҳ накардам. Баъд ана ин чаққон, — бадхашмона ба рафиқаш нигарист Игнат. — Рафтем акнун...
Майор Проскуряков то рафтани сарбозони шаттахўрда мунтазир истод ва баъд бо овози баланд, қатъӣ ба забон овард:
— Хоҳиш мекунам, рафиқон, пароканда шавед ва ба роҳпаймоӣ омодагӣ гиред.
— Ман намехоҳам. Ман намеравам! — мисли писарбачаҳо баланд чиррос зад лейтенанти хурд. — Ба ҳеч куҷо намеравам. Ман мубориза мебарам, меҷангам то нафаси охиринам!
Пишенко ўро тела дода, қариб афтонда буд. Вай кулоҳи аз сараш афтидаро аз замин бардошту ба сари зонуяш такида, баландтар дод зад: — Соли чорум аст, ки меҷангед, боз даҳ соли дигар хоҳед ҷангид...
Майор аз роҳравӣ бозистод ва баргашта сар то пои лейтенанти хурдро аз назар гузарониду ба ҳама фаҳмонида гуфт:
— Мур-дор! — ва зуд ҷониби «студеббекер» рафт.
Пишенко низ ба ҳамон оҳанг ба лейтенанти хурд дод зад:
— Равед, зуд ба кабина дароед, одамонро аз ҷон безор накунед, вагарна онҳо муҳлати ҷангидани шуморо ба анҷом мерасонанд!
— Чӣ хел ба анҷом мерасонанд?
— Одиякак! Мепаронанду ана бо он нафароне, ки ба айби шумо фавтиданд, якҷоя мегўронанд ва дар лавҳачаи фанерӣ менависанд: «Дар мубориза ба фашистони истилогар қаҳрамонона ҳалок шуд». Ҳатто ба модаратон намегўянд, ки шумо чӣ хел фавтидед. Мурд... мурд... — Пишенко одами хурдагир буд, аммо майоррро дўст медошт. Вай баргашта илова намуд: — Воқеан, рафиқ майор ҳанўз дар ҷанги Ҳасан захмӣ шуда буд... — ва баъд каме сукут варзида афзуд: — Рафиқ майор аҳён-аҳён дашномҳои қабеҳ медиҳад.
То бегоҳ Растягаев дар кабинаи мошин нишаст. Вақти говгум пулро таъмир карданд ва қатори мошинҳо ба ҳаракат омада, оқибат ба мавзеи Гритсев расид. Дар он ҷо аллакай сарбозони чусту чолоки дигар қисмҳо дар кулбаҳо тақсим шуда, дар пуштае барои ҳимоя аз душман мавқеъ гирифта буданд. Ҳамзамон то мавқеи тўпчиён хати алоқа кашида шуда буд, барои кашондани тири тўпу сўзишворӣ ва ғизо нақлиёт ҷудо кардаанд. Вақте ки лейтенанти хурд Растягаев расида омад, таппончаи ўро баргардонида, супориш доданд, ки дар газики взводи идоракунӣ аз ақиби ҳамон мошин ояд. Худсарӣ накунаду супориши муҳимро ба ҷо оварда, ҳангоми бозгашт тири тўпу нони хушк биёрад. Пишенкои нешзан суханҳои майор Проскуряковро расонд: «дар роҳ бояд он рафторатонро мулоҳиза кунед».
Лейтенанти хурд Растягаеви биниаш варамида шараққосзанон дари газикро пўшиду ба ронанда фармуд, ки ҳаракат кунад. Ў раҳораҳ меандешид, ки суханҳои ҳангоми хайрухуш ба забон овардаи Пишенко на аз майор, балки бофтаи худи ин думрави командир аст. Бо вуҷуди ин дар бораи баъзе чизҳо бояд андешид...



