Happy Birthday
Вақти он омад, ки мебоист одат кард,
лек ман чун бори аввал боз дар эҳсосу ғам,
ҳамчунин ҳар бор андар изтироби сахт меафтам,
мисли рӯзе, ки ба бисту ду расидам.
Менишинам ман ба танҳоӣ, ба торикиву тарс
бо пари испед рӯи фарш, ҳолам хуб,
бо малах дар сар, ба рӯи сина ғук
дар батарея ғубори гарм ҷорист
менишинам ҳамчуноне форс, медонам аниқ
менатонад рӯ диҳад ҳодисае
менатонад
в-он гаҳ онон оқибат оянд, зеро
бениҳоят дӯст дорамшон.
ваҳ, чӣ қадре ин сана гӯянд беҳамтост
ваҳ, чӣ қадре ту аҷоибӣ бигӯянд,
шӯру шавқ, оҳангҳову базми шодӣ
ид равшан мешавад равшан.
Эй азизонам, азизони тилоӣ.
Мекунам оғӯшашон бо сад таманно
низ бахшандам таманно
ҳам ба ман шафқат кунанд,
чунки дорандам басе дӯст.
Мекунам оғӯшашон то кас набинад
аз чи рӯ имрӯз дусӣ нест,
як ҳамин парҳои сӯзонанд дар гирди чароғ,
гӯ, ки камбудӣ дар ин ҷо чист?
Зиндагии мо ҷудову ихтиёрист,
зиндагӣ бе ҳасрату бе хастагӣ, бе ғам
ҳар карат дар ишқу андар шавқ дорам зиндагӣ
он гаҳе ки ман ба 22 расидам.



