Виктор Лихоносов

Виктор Иванович Лихоносов (1936—2021) — носир, публисист. Барандаи Ҷоизаи давлатии РСФСР (1988), Ҷоизаи бузурги адабии Россия (2010), ҷоизаи ба номи Бунин (2013) ва ғайра мебошад.
Дар вилояти Кемерово ба дунё омада, дар Новосибирск ба воя расидааст. Падараш қурбонии ҷабҳаи ҷанг гаштааст. Пас аз хатми Донишкадаи омўзгории Краснодар ба ҳайси муаллими деҳа кор кардааст. Аввалин ҳикояи Лихоносов зери унвони «Брянскиҳо» соли 1963 дар маҷаллаи «Новый мир» чоп шудааст.
Ҳамчун муаллифи насри лирикӣ-файласуфии «Туро ман дўст медорам, рўшноӣ», «Тирамоҳ дар Таман», «Марсия» ва ғайра мавриди эътирофи хонандагон гардидааст. Романи фарогиру калонҳаҷми «Хотироти нонавишта. Пориси кўчаки мо» (1986) ба ў дар Аврупо шуҳрат овардааст. Маҷмуаҳои эссе «Пушаймонӣ», «Қайдҳои пеш аз хоб» ва китоби публитсистии «Ҳасрат» падидаҳои пас аз давраи бозсозӣ гардиданд.
Насри Лихоносов дар худ омезиши диди шоиронаву таърихии Россия ва ҷаҳонро таҷассум менамояд. Мунаққидон ўро «охирин нағмасарои» адабиёти рус медонанд, ба қавли А. Т. Твардовский, «Насри вай мисли насри Бунин ҷило менамояд».