Гузел Яхина

Гузел Шамилевна Яхина (с. т. 1977) — носир ва сенариянавис. Барандаи Ҷоизаҳои Ҳукумати Федератсияи Россия (2019), «Китоби асосӣ» (2019) ва «Ясная Поляна» (2015).
Дар Қазон, дар хонадони духтуру муҳандис таваллуд шудааст. Факултаи забонҳои хориҷии Донишкадаи омўзгории Қазон ва факултаи сенариянависии Мактаби кинои Москваро хатм намудааст. Дар соҳаи реклама кор кардааст.
Нахустасараш ҳикояи «Парвона» аст, ки соли 2014 дар маҷаллаи «Нева» чоп шудааст. Соли дигар романи таърихии «Зулайхо чашм мекушояд»-ро, ки ба фоҷиаи деҳқонони тотор дар солҳои 1930 бахшида шудааст, манзури хонандагон намуд. Он бисёр машҳур шуд, борҳо ба табъ расид ва рўи навори кино омад. Романҳои дигари Яхина — «Фарзандони ман» (дар бораи немисҳои Поволже), «Қатораи равон ба Самарқанд» (оид ба гушнагии солҳои 1920 дар Поволже) низ бобарор буданд.
Яхина яке аз муаллифони камшуморест, ки бо эпоси асри ХХ, маводи мураккаби таърихӣ, ки таҳқиқоти бойгониро металабад, сарукор дорад. Насри ў аз забони орому ботамкин ва инкишофи батадриҷу муттасил бархурдор буда, бисёр боби филм кардан аст.