Бар марги баҳмут бо номи Алмаз дар боғи ҳайвоноти Свердловск, соли 2012

Баҳмут Алмаз мурд андар шаҳри мо. Шуд ғамангез, ашк рафт аз дидаҳо. Ӯ ки то андак бувад ҳамсоли ман, мурд андар соли 37-и умр, мурд мисли мурғи тӯфон, мурд аз пирӣ ба-дин сон. Ман ки баҳмутро зи тифлӣ ёд дорам, хоб буд дар лойоба чун хамир, гаҳ касал мешуд, гаҳе ҳиққасзнон хӯрок мехӯрд, буд пир. Аз карам не, буд хӯрокаш зи арча сахту бемазза, ба пешаш рехтандӣ аз сатил, ҳастии ботил. Зиндагоние шабеҳи умри баҳмут пур зи танҳоиву захм андар ин ҷо ҳар касеро интизор аст, одамӣ хор аст. мон, ки аз библия* бошӣ, зиндагонӣ мекунӣ дар чоҳ, бо нигоҳи африқоӣ, маргро созӣ тақозо. Гуфтаам ман ин суруда гарчи бе қофия ноҷӯр, нест беҳуда, азеро дорам аз эҷод дастур. Сурудак: «Модаро, хоҳам, ки бошам ман коргар дар боғи ҳайвонот, то ки бо як рӯдаи обе тоза шӯям ҷисми бегемот, то ки хӯронам варо сабзӣ, сабзии ширину рангаш зард, то ба ӯ тақдим кунам меҳрам, то шавад шоду набинад дард. Бо таваҷҷуҳе назар кардем дар канор истода мо он ҷо. Ҷумлаи ин ҷонварон ёбанд дар биҳиште оқибат маъво». * Аз тавроту инҷил.