Владимир Солоухин
Владимир Алексеевич Солоухин (1924—1997) — носир, шоир, публитсисти маъруф, барандаи Ҷоизаи давлатии РСФСР ба номи Максим Горкий (1979).
Дар деҳаи Алепинои губернияи Владимир, дар хонадони деҳқон таваллуд шудааст. Баъди хидмати ҳарбӣ дар хадамоти муҳофизати Кремл дар донишкадаи адабии ба номи А. М. Горкий хондааст. Ҳангоми кор дар маҷаллаи «Огонёк» ба гўшаҳои гуногуни мамлакат сафарҳои зиёд кардааст.
Шуҳрати адабии Солоухин соли 1957, бо нашри очерки лирикии «Роҳҳои деҳоти Владимир» дар маҷаллаи «Новый мир» оғоз ёфт.
Солоухин яке аз намояндагони намоёни ҷараёни маъруфи адабии «насри деҳот» буд. Дар эҷодиёташ насри ёддоштӣ — романҳои «Модар-моиндар», «Адигенеи соҳибҷамол», «Ҳукм» ва китоби ҷамъбастии эҷодиёташ — «Зинаи охирин (Муноҷоти муосири шумо)» мавқеи хос дошт.
Ба ҳайси муаррих оид ба таърихи фоҷиавии Россияи асри ХХ («Паймона»), қисмати деҳот, муносибат ба таҷрибаи шўравӣ, ҳифзи мероси фарҳанги миллӣ («Номаҳо аз осорхонаи Рус», «Тахтаҳои сиёҳ») андешарониву хулосабарорӣ мекард.
Ба эҷодиёти Солоухин публитсистизм, эҳсоси шадиди таърих, омезиши гражданият ва лиризми баланд хосанд.