Кефир
Ман ба хона гаҳе чунин ҳастам,
Мезанам гом чу Мефистофел.
Ҷумла андешаманду ҳайбатнок,
Ҳамсарам ларза дорад андар дил.
Медароям ба хонаи дигар,
Шах бигардам кушода ман яхдон,
Ман чӣ мехостам, ба ёдам нест,
Бингарам ҳамчунон Наполеон.
Ман чаро, баҳри чӣ кушодам дар?
Ман зи яхдон чӣ хостам гирам?
Балки тарбуз? Ё чизи дигар?
Ё ки зефир?.. Ёфтам: кефир!




