Борис Екимов
Борис Петрович Екимов (с. т. 1938) — носир ва очеркнавис. Барандаи Ҷоизаи давлатии Федератсияи Россия (1997), мукофоти «Ясная Поляна» (2014) ва дигар ҷоизаҳои бонуфуз.
Дар шаҳри Игаркаи кишвари Красноярск таваллуд шудааст. Дар завод механик, танзимгар, барқчӣ, дар деҳот бинокор, муаллими меҳнати мактаб шуда кор кардааст. Навиштаҳояш бори аввал соли 1965 дар маҷаллаи «Гвардияи ҷавон» ба табъ расидааст. Донишкадаи адабиёти ба номи А. М. Горкийро хатм кардааст.
Муаллифи беш аз 200 китоби ҳикоя, қисса, романҳо. Асарҳои машҳуртаринаш, ки ўро чун адиб ба мардум муаррифӣ намудаанд: маҷмўаҳои «Бозгашт», «Ситораи чўпон», «Тороҷ», «Тирамоҳи соҳили Дон», «Рўз бедор мешавад», романи «Пиночет». Солҳои 90-ум як қатор очеркҳои бадей — публицистӣ дар бораи хароб шудани деҳоти шимоли соҳили Дон ба табъ расонд. Мавзўи асосии Екимов, ба ақидаи мунаққидон, «ҳаёти одами одӣ» аст, ки барояш виҷдон ва меҳнат арзишҳои асосӣ мебошанд.