Владимир Личутин
Владимир Владимирович Личутин (с. т. 1940) — носир ва публитсист. Барандаи Ҷоизаи бузурги адабии Русия (2006), Ҷоизаи Ҳукумати Федератсияи Русия (2011) ва ғайра.
Дар шаҳри Мезени вилояти Архангелск дар оилаи поморҳои ирсӣ таваллуд шудааст (дар харитаи Арктика ҷазираи Личутин мавҷуд аст). Падараш дар фронт халок шуд. Хатмкардаи техникуми хоҷагии ҷангал, факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград, Донишкадаи олии адабӣ.
Аввалин қиссааш «Хонаи сафед» соли 1972 нашр шудааст. Личутин бо шохаи шимолии «насри деҳотӣ» фаъолияти адабиро оғоз карда, ҳаёти деҳқонони Поморро равшан ва ҳақиқатнигорона тасвир намуд. Баъд романҳои муосири психологӣ, навишта, ба «насри шаҳрӣ» гузашт. Бозёфти бузурги адабии ў асари сегонаи калонҳаҷми таърихии «Ҷудошавӣ» (дар бораи тақсимшавии калисои рус дар асри 16) гардид. Ин асар бо романҳои «Саргардон», «Любостай», «Хонум Ротман», «Гуреза аз биҳишт» «Дар интизории худо», маҷмуаи «Рўҳи норавшан: Мулоҳизаҳо дар бораи халки рус» аз ҷониби хонандагон баҳои баланд гирифтанд.
Дар маркази осори Личутин тадқиқоти симои мардуми рус ва табиати маънавии Россия меистад. Китобҳои ӯро «таҷрибаи худшиносии миллӣ» ном додаанд. Мунаққидон «садоҳои нотакрор»-и Личутинро зикр намуда, забони ӯро пайванди гуфтори мардумӣ ва «услуби баёни диндорони кўҳнакешӣ» (старообрядчество) номидаанд.