Владимир Строчков

Соли 1946 дар Москва таваллуд шудааст. Донишкадаи пўлод ва хӯлаи Москваро хатм кардааст. Дар сафи артиш ба ҳайси афсар хидмат карда, ба взводи танкчиёни миёнаи полки паради дивизияи Кантемиров фармондеҳӣ мекард. Дар соҳаи технологияи нимноқилҳо ва металлургияи сиёҳ кор кардааст. Солҳои 1990 ба кори интишорот машғул буд. Осораш дар нашрияҳои ғайрирасмӣ чоп мешуд. Нахустин китоби ашъораш соли 1994 ба табъ расидааст, муаллифи нӯҳ китоби шеърӣ, аз ҷумла «Зарф ва ҳолҳо» (2006), «Пушкин ҷуфт меронад» (2010), «Буколики плюс» (2010), «Ҳудуд вуҷуд надорад» (2012), «Вақт дигар нест» (2018). Шеърҳояш ба забонҳои англисӣ, венгерӣ, ибрӣ, испанӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ тарҷума шудаанд. Барандаи Ҷоиза-стипендияи Бунёди ёдбуди Иосиф Бродский (2000), Ҷоиза-стипендияи Бунёди Боляско (Итолиё, 2001), Ҷоизаи «Московский счёт» (2007) ва ғ. Дар Москва зиндагӣ мекунад.
«Дарки Строчков танҳо ба ҳайси шоир, бешубҳа, нопурра аст. Он чи ки ў дар адабиёти рус кард ва карда истодааст, аз ҳадди ақидаҳо дар бораи шоирӣ/ғайришоирӣ берун аст. Кайҳони мутуни вай на танҳо «назм»-ро дарбар мегирад. Баъзан асарҳои Строчковро тасниф намудан душвор аст», — иброз доштааст мунаққид ва адабиётшинос Артём Сквортсов.