Аз гачи хираравшани куҳна...
* * *
Аз гачи хираравшани куҳна
Мезанад духтаре ба ман лабханд,
Навбаҳор асту нуқтаҳои ранг
Бар сараш қатраҳои боронанд.
Симгун доғҳои ранг диҳанд
Нур бар чашмҳои нобино.
Гӯиё як даме занад чашмак
Мисли панҷоҳ соли пеш аз мо.
Хам намуда тани наҳифашро
Байни он роғу доғҳои зиёд.
Ончунон менамуд гӯё ҳеҷ
Ин ҳама солро надорад ёд.
Шавқи тифлии даври кашшофӣ
Бо гачи дилпазир дар таҳпӯш.
Поси дӯшизагию бенуқсӣ,
Ҷашни ҳафтодсолаи хомӯш.
Эй зи картону тахтаю аз гач,
Гарчи бисёр мондаӣ бар ҷо,
Дон, ки ҳафтод сол кашшофон
Орзу кардаанд васли туро.
Ин қадар гарду чанги сунъӣ, бин,
Дорад ин духтари зи ақл барӣ.
Ё Раб, ин чист? Ин зимистон аст,
Чӣ ба мо шуд? Кӣ медиҳад хабаре?
Аз гачи хираравшани куҳна
Мезанад духтаре ба ман лабханд,
Навбаҳор асту нуқтаҳои ранг
Бар сараш қатраҳои боронанд.
Симгун доғҳои ранг диҳанд
Нур бар чашмҳои нобино.
Гӯиё як даме занад чашмак
Мисли панҷоҳ соли пеш аз мо.
Хам намуда тани наҳифашро
Байни он роғу доғҳои зиёд.
Ончунон менамуд гӯё ҳеҷ
Ин ҳама солро надорад ёд.
Шавқи тифлии даври кашшофӣ
Бо гачи дилпазир дар таҳпӯш.
Поси дӯшизагию бенуқсӣ,
Ҷашни ҳафтодсолаи хомӯш.
Эй зи картону тахтаю аз гач,
Гарчи бисёр мондаӣ бар ҷо,
Дон, ки ҳафтод сол кашшофон
Орзу кардаанд васли туро.
Ин қадар гарду чанги сунъӣ, бин,
Дорад ин духтари зи ақл барӣ.
Ё Раб, ин чист? Ин зимистон аст,
Чӣ ба мо шуд? Кӣ медиҳад хабаре?




