Одиссей


Набошам аз табори устуворон,
дар ғаму дар тарсу шавқу завқ ҳам ман нестам подор.
Нарафтам ҷанг, бар девонагӣ худро задам он вақт,
Вале девонагии ҷанг бигзашт аз ҳама девонагии даҳр,
Агарчи мисли ҷинниҳо даравкарда заминеро дарав кардам,
Агарчи ҷои гандум ман намак бар кишта пошидам,
Вале оташзани ҷанг ин макри маро донист,
Ба зери позаам тифли маро партофт.
Ва ман маҷбур кардам тарк охир ошёнамро,
Зану атфоли худро мондам, рафтам.
Гирифтам шофрову кардам овезон сипарро низ бар киштӣ.
<...>
Барои он ки ҳарчи зудтар ҷанг аз миён хезад,
Фиреберо биандешидам аз баҳри троиҳо:
Як аспи холие аз тахтаи киштӣ,
Ки сарбозони бисёре даруни он ниҳон кардам.
Накарда ба Кассандра ҳеҷ бовар ҳам троиҳо
Кашиданд он ғаниматро даруни шаҳр.
Атои эзадони хеш бишмурданд он бечораҳо онро.
Ва он шаб ҳам Троя рехт аз ҳам, боз ҳам бишкаст.
<...>
Вале ин ҷанг ҳаргиз сар надода, меситонид интиқом аз ман
Барои он ҳама найрангҳоям. Бист сол ин сӯю он сӯи ҷаҳонро
                                                                         пайсипар кардам,
Намудам борҳо таъмир киштиро,
Задам ҳам бодбонҳои варо бахя.
Ва ҳам ман дӯхтам уммедҳои хеш.
Намудам гум ҳисоби ҳафтаҳоро, кӯҳҳоро, мавҷҳоро, кардагумҳоро;
Вале ҷанги лаъин нагзошт то бар хона баргардам
Ва ман андар ҷаҳон овора гаштам чун саги дайду.
<...>
Зибаски зинда ман мондам, занам медӯхт ҳар чизе,
Замон овард ёд, аммо макон худро бибурд аз ёд.
Замонро ман ба мисли бодбони ранграфта ғоз медодам,
Вале он пора-пора гашт, чун чирке фитода байни ангуштон,
Миёни муштҳо фарсангҳоро мефишурдам — гӯиё суккони киштиро,
Раҳо аммо зи дастам мешуданд онону мегаштанд давру давр мегаштанд,
Ба ҷуз амвоҷу ғайри сад ҷазира дигар уммеде намебахшид,
<...>
Вале вақте ки ман баргаштам аз он ҷанг бар хона,
Маро он боз андар остони хона мепоид ҳамчун саг,
Ба ман овехтанд инак басе домодҳо чун дили аспи троянӣ
Ва аз нав боз маҷбурам ба куштан кардаву қурбонии бисёр
Ба номи ҷанги носерам, ки танҳо гӯшти инсон хӯрад ҳар дам.
Бале, инсон набошад ҷуз кирме ба назди ҷанг.