Юрий Гагарин
(порча аз китоб)
Гагарин ва «бародарии ситораҳо»
Фардои он рўз, пас аз парвози бомуваффакияти майор Гагарин, СССР равшан нишон дод, ки мақсади навбатии ў фатҳи Моҳ аст. Ба ҳеҷ яке аз роҳбарони давлат ҳатто лозим набуд, ки онро мисли Кеннеди бо овози баланд эълон кунад. — Хушбахтона, тамошобинон аллакай ба дараҷае бо эҳтирос қабул карданд, ки омода буданд ҳатто ба кинояву ишораҳои ғайримустақим вокуниш нишон диҳанд. Мисол, 13 апрели соли 1961 дар Париж дар Кохи «де Спорт» «80 нафар раққосони Урал» дар назди се ҳазор тамошобин рақси «Радифи сунъи»-ро иҷро карданд. Гуруҳи ҳунарварон, ки мушаки фалакпайморо тасвир мекунад, дар атрофи раққосаи якка, ки ба сари ў — диққат, бонги изтироб! — кураи бузурги зард давр мезад, чарх заданд. «Баногоҳ, — хабар медиҳад мухбири «Л’Авроре» бо оҳанги хавотиромез, — аз гуруҳи ифодагари «ракета» одаме ҷудо шуда, ба сўи Моҳ шитофт ва он ҷо байрақи шуравиро барафрохт». Он лаҳза эътиқод ба қудрати Сарконструктори пурасрор он қадар бузург буд, ки ҳатто ин навъи рақс — танҳо рақс — чун як доғ, як тамғаи сиёҳ барои Амрико қабул шуд. «Вақте, дар ибтидои асри кайҳонӣ, мухбирон аз физики машҳури америкоӣ Тейлор пурсиданд: «Амрикоиён ҳангоми қадам гузоштан ба Моҳ чиро мебинанд?», — ў бе ягон дудилагӣ ҷавоб дод: «Русҳоро»! «Ман намехохам дар зери нури Моҳи коммунистӣ хоб равам, — посух дод Линдон Ҷонсон, — ва тоҷиронро барои хеле гарон будани барномаи «Ҷеминай» ва «Аполлон» айбдор медонист. Худи Том Вулф бо дилсӯзӣ мегўяд: «Худоё, вай аз як сайёра хеле бадтар аст: ҳар шаб моҳи нуқрагине аз болои сарам мегузарад, ки онро русҳо ишғол кардаанд».
Ба парвози қарибулвуқуъ ба Моҳ худи русҳо боз ҳам самимонатар бовар карданд:
Табрикро қабул кунед.
Қатъиян дилпур бошед,
Як рӯзи мавлудатонро
Дар моҳ таҷлил мекунед!
Ин шеър аз номи рӯзноманигорони «доираи атрофиёни Гагарин» ба Валентина Гагарина ҳадя шудааст, ки зодрӯзашро дар сафари навбатӣ ҳамроҳи шавҳараш дар Афғонистон таҷлил карда буд. Чанде пеш Титов як рўзи тамом парвоз кард, Андриян Николаев бошад, ба наздикӣ парвоз мекунад; моҳи декабри соли 1961 барои онҳое, ки шубҳа надоштанд, фурсати хубе буд: пас аз андак вақти дигар ҳамаро ба Моҳ, масалан, чун ба шаҳри Суздал, ба саёҳат мебаранд.
Имрўз барои мардуми асри 21 Моҳ як кураи бузурги доимӣ, рамзи чизи бетағйир, такрор ба такрор даврзананда мебошад; «овезон буд, овезон мемонад». Вале мардумони солҳои 60-ум Моҳро дигар хел қабул мекарданд: ҳамчун объекте, ки амалиёти фавриро талаб мекунад.
Моҳ на «алоҳида», «он ҷо— дар осмон», балки «дар ин ҷо — дар замин», дар майдони назар буд; чун лавҳаи соат, ки ақрабак дар он медавид ва соатҳои замони ояндаро ҳисоб мекард. Ҳар рӯзе, ки ба моҳ оварда намерасонд, чун вақти беҳуда масрафшуда маҳсуб мегашт.
Вокеан, ин кашишу пайвандгарии шадиди вобаста ба Моҳ аз миёнаи солҳои 50-ум сар зада буд: бо вай ҳодисае рух дода, вакти он расид, ки, чуноне Ленин мегуфт, «бо найча ламс карда шавад»; Моҳ намоди Полша буд, ки Россияи Шуравиро аз Олмон — манқали дуюм ва асосии инқилоби чаҳонӣ ҷудо мекард; дур асту душвор, вале таваккал кардан лозим. Барои ба коммунизм расидан дар соли 1980 ба Моҳ «баромадан» лозим буд.
Мардуми солҳои 1960-ум бо фантастикаи илмӣ, ВАО, худи демография (бисёре аз наврасон фарзанди замони тинейҷер-бебибумерҳо шуданд, ба абарқудрат ва ҳақ будани кишвари худ ихлос доштанд, ба чизи дигари то он замон ва баъди он рухдиҳанда бовар намекарданд) чунон «бемор» шуданд, ки худро махсус ҷудо нигоҳдошта меҳисобиданд. Бале, Замин гаҳвора аст, вале дар гаҳвора то абад зистан мумкин нест; ин гузариш бояд сурат гирад, чунон ки шореҳони футбол пеш аз сабқати ҷаҳон мегӯянд, чӣ тавр масъалаи «аз гурӯҳ баромадан ба даври дигар» — бояд ҳатман анҷом дода шавад.
Шояд ин таваҷҷуҳи гарму ҷӯшон низ бо он асос ёбад, ки худи СССР нақши худро ҳамчун «Моҳ» — ҷисме, ки аз сайёраи асосӣ ҷудо шуда, барои зиндагӣ чандон мутобиқ нашуда буд, балки ба таври худ зебо, бемонанд ва аз ҳама муҳимаш, вазифаи махсусро иҷро мекунад: фотеҳи «аввалин ҷазира дар роҳи инсоният дар уқёнуси беканори кайҳон» (П. Клушантсев) аст.
Имрўз, маълум мешавад, ки ин худфиребӣ буд — аммо ба гуфтаи Виктор Пелевин, муассиртарин худфиребдиҳии миллӣ буд.
Рақобат бо ИМА, дар хусуси он, ки аввалин кист? — аз ибтидо моҳияти сиёсӣ пайдо карда, ҳоло ба фикре монанд буд, ки вай аслан моли Иттифоқи Шуравӣ буд, танҳо ба вай мутааллиқ буд ва бояд баргардонда шавад. Моҳро на танҳо «фатҳ кардан», балки «аз нав зада гирифтан» лозим буд; бо Моҳ «ҳамроҳ» шудан лозим буд, монанди Қрим дар соли 2014; ин пойгоҳ, дастрасӣ ба баҳрҳои дигар, «равзана»; он ҷо — таърихи мо, рамзу (вимпел) нишонаҳои мост; мо аввалин шуда акси «тарафи торики»-и Моҳро гирифтем. Мушкилоти техникии тадқиқоти Моҳ (бо ёрии таркишҳо суръати чарх задани онро зиёд кардан лозим, то шабу рўз зудтар иваз шавад, ба таври сунъӣ атмосфера ба вуҷуд оварда шавад ва ғайра), барои омма чандон равшан нест ва аз ҷониби мутахассисон дидаву дониста рангину ҷаззоб карда, тарғиб намуд, дарк менамуданд, ки хушбинӣ назар ба нобоварӣ беҳтар ба савдо меравад ва ин мафҳум соли 1960 мафкураи коллективонаи «аз нав дида баромадан» чунон маънидод карда шуд, ки бархўрд бо фарҳанги душманонаи соҳиби Моҳ шудагон боиси зарурати тағйир додани «террафформинг»-и сиёсӣ — ба таври ҳадафнок ва сунъӣ тағйир додани шароити иқлими атмосфера, ҳарорати сайёра ё радиф ё дигар ҷирмҳои кайҳонӣ барои мутобиқ кардани рушд дар замин мешавад. Моҳро чун ҷумҳурии ояндаи шонздаҳуми СССР тасаввур мекарданд ва онро аз капиталистхо «зада гирифтан» лозим буд — тавре ки дарвоқеъ, дар китоби афсона барои бачаҳо «Нодонхўча дар Моҳ», ки маҳз он солҳо нашр шудааст, чунин навишта буданд.
Ва кӣ аз ӯҳдаи ин беҳтар мебарояд? — На ба таври «умумӣ», балки шахсан?
Хуб, маълум, ки вай кист.
Он, ки аллакай моҳро фатҳ кардааст — ҳадди аққал дар мафкураи намояндагони фарҳанги умумихалқӣ.
Он, ки дар давоми якчанд сол «чеҳраи» афсонаҳои шўравӣ буд, ки тақрибан то соли 1965 давом кард.
Он, ки шефтаи Моҳ буд.
Моҳ косаи муқаддаси Граал, ормони якумрии Гагарин буд.
Ў сахт ошуфта шуд, ки дар вакти парвоз Моҳро надидааст; аз ин хусус шикоят мекард, вале меафзуд: «Фарқ надорад, дафъаи дигар мебинам». Вай аз наврасӣ ба таври магнитӣ часпон рафтор мекард — Моҳро дар ҷойи мувофиқу номувофиқ ёд оварда орзу дидани онро мекард, монанди одамоне, ки тамоми умр дар хобгоҳҳо азоб кашида, дар орзуи манзили шахсии худ буданд. Дар Саратов, ки навакак ба клуби парвозкунандагон номнавис шуда буд ва дӯстонаш ба ӯ писханд мезаданд: — «Вақте рондани тайёраро ёд гирифтӣ, савор кардани моро фаромўш накун», ба онҳо таҳдид мекард: «Ҳоло ист, ман туро ба Моҳ мебарам!» Вақте ки ногаҳон аз куҷое пайдо шуда меомаду, аз куҷо омаданашро мепурсиданд, ҳатман посух медод: — «Аз Моҳ».
Ин ёддоштҳо чун ихтирои ҳолноманависи нобарор ба назар мерасад, вале аз рӯи бисёр аломатҳои ғайримустақим, ба Гагарин воқеан чунин менамуд, ки ӯ барои ҳамин рисолат интихоб шудааст. На танҳо дарку эҳсоси шахсии худаш, балки бисёр падидаҳо ўро ба ин бовар кунонданд. Ҳанўз соли 1954 ба дасти вай шумораи ноябрии журнали «Знание — сила» бо замимаи «фантастикӣ» — «№11 аз соли 1974» афтода буд, ки дар он гузориши кинорежиссёр В. Журавлев «Филми «Хатсайри кайҳонӣ» чӣ тавр сабт шуд» дар бораи маслиҳатҳои Тсиолковский дар вақти ба навор гирифтан (вай 30 нақшаи рокети ҷониби Моҳ нигарондаро кашида буд) чоп гаштааст, паёмҳо аз Академияи илмҳои СССР, ҳам репортажхо аз дохили киштӣ, нутқи олимон ва аъзои ҳайат дар бораи чӣ тавр тайёр карда шудани парвоз, суратҳо бо маълумоти мухтасари биографии кайҳоннавардон, тавсифи роҳҳои парвоз, расмҳо бо тасвири киштӣ. Аҷоибот дар он, ки сарконструктор ва муҳандиси киштии кайҳонии «Луна-1» Ю Н. Тамарин ном дошт, соли 1934 таваллуд шудааст ва аз вилояти Смоленск мебошад. Вале дар охир идораи нашрия дар фазо нохунак кашид: «Иқрор мешавем, ки... шахсони номбар кардаи мо дар асл вуҷуд надоранд, мо онҳоро дар идора ихтироъ кардаем, зеро мо ҳанўз номи сайёҳони ояндаи байнисайёравиро намедонем. Вале мо шубҳа надорем, ки онҳо аллакай таваллуд шудаанд ва баъзе аз онон метавонанд ҳоло ин маҷалларо дар даст дошта, мехонанд. Бешубҳа, бисьёр хонандагони мо дар сохтани киштии ояндаи байнисайёравй иштирок карда, ба Моҳ маҳсули дасти худро мефиристанд. Ба шумо, пешравони даҳсолаҳои оянда, дар коратон муваффақият орзумандем, умед мекунем, ки шумо тамоми қувваро ба харҷ медиҳед, то киштии ҳақиқӣ, на хаёлӣ, ҳарчи зудтар ба Моҳ равад ва мо, аз тарафи худ, на як гузориши тахайюлӣ, балки ҳақиқиро дар бораи аввалин парвози байнисайёравӣ пешниҳод мекунем».
Маҳз Моҳ, на сардори Кумитаи марказии ҲКИШ ва на кодекси ахлоқи бинокори коммунизм аз Гагарин хаёти солим ва аз худу манфиатҳои шахсӣ гузаштанро талаб мекард; Моҳ полиси суғуртае буд, ки ӯро аз айбдоркуниҳо дар хусуси он, ки дар тӯли 108 дақиқаи дар кайҳон буданат «фақат хобидӣ», муҳофизат мекард. Моҳ ангезаи асосие буд, ки ӯро дар ҳолати инсони комил нигоҳ медошт. Барои ҳавасмандӣ — тасвири ба чашм аёни ҳикматҳои халқӣ аз силсилаи «оринҷ наздик аст, аммо газида наметавонӣ» ва «чашм мебинад, аммо дандон карахт аст» хидмат мекарданд.
На, ӯ ҳар бегоҳ мисли гург чорпо истода, ба рӯи моҳ зўза намекашид, — аммо ба маънои хубаш, ҳар кори аз дасташ меомадаро мекард, барои иштирок дар лоиҳаҳои «Фатҳи Моҳ» аз пӯсти худ бадар мешуд; албатта, комилан дарк менамуд, ки имкони ба Моҳ расидани ў дар даҳсолаи оянда, дар ҳолати бетарин ночиз аст: сафи калони кайҳоннавардони дар навбат истода, мақоми тарғиботчии давлатӣ, надоштани маълумоти муҳандисӣ, тарзи ҳаёти бо кор алоқаманди на чандон солим — ҳама чиз зидди ӯст.
Гагарин ба Моҳ дил баста буд ва метавонист ин муҳаббатро ба дигарон насб кунад.
Эътимод бар он, ки «ояндаи Моҳ» наздик ва дастрас аст, руҳияи одамонро тағйир дод, онҳоро водор кард, ки рафтори берун аз мантиқу ақлоният кунанд. Дар паси андеша, чунин эҳсосе вуҷуд дорад, ки одамон аз ҷавоб додан ба як саволи оддӣ манфиатдор набуданд — оё дуруст аст, ки сармоягузорӣ ба Моҳ фоида меорад? Шояд беҳтар аст заводи истеҳсоли майонез ё нимноқилҳо сохта шавад? — Албатта на!
Ана, Кореяи Ҷанубӣ — солҳои 1970-ум на ба фатҳи кайҳон, балки ба кашфи нимноқилҳо сармоягузорӣ кард — ва ҳоло Samsung дар он ҷост; ва эҳтимоли ягон вақт ба кайҳон парвоз кардани кореягиҳо нисбат ба онҳое, ки солҳо боз дар чустуҷў буданду дар пўстлохи Истгоҳҳои кайҳонии байналмилалӣ сўрохиҳо парма мекарданд, хеле зиёдтар аст. Шояд барои ҳама беҳтар мебуд, ки Гагарин ба ҷойи тайёрй ба парвозҳо дар киштии «Союз» бо рекламаи нимноқилҳо машғул шуда, сарчашмаи маблағгузориҳоро ҷустуҷў мекард? — Не.
Соли 1965 филми нимҳуҷҷатӣ — нимбадеии Павел Клушансев «Моҳ» — маҷмӯа ва квинтэссенси хаёлҳои «насли Гагарин» ба намоиш гузошта шуд, ки мувофиқи он маълум мешавад чаро шавқу рағбати аҳли ҷомеаро сафарбар кардан осон буд, вале гўш додан ба далелҳои оқилона душвор буд. Дар филм ба таври назаррас ва муассир шарҳ дода мешавад, ки Моҳ барои инсоният чист («ҷазираи аввалин дар роҳ ба фазои кайҳонӣ») ва дар тӯли чанд соли оянда онро маҳз инсон чӣ тавр обод хоҳад кард. Азбаски радиатсияи хавфнок ба одами рўи Моҳ таҳдид мекунад, таркишҳои амиқ, ба вуҷуд овардани ковокихо ва дар онҳо хонаҳои зеризаминӣ сохтан лозим меояд. «Одам ба қабати ғафси хоки моҳ медарояд — мисли тухма ба зери хок. Он гоҳ он баланд мешавад — чунон ки навдаи чандир баланд мешавад — ва ҳуҷум ба замини корамнашудаи Моҳ оғоз мегардад. «Анбори ганҷҳо» — Моҳ, бешубҳа, инсониятро бо маъданҳои фоиданок таъмин хоҳад кард: нафт, шояд тилло, ганҷҳо, конҳои ях. Моҳ ба кайҳоннавардӣ имкониятҳои нав медиҳад: ракетаҳоро ба таври уфуқӣ сар дода, суръатро тезондан мумкин аст, чунки дар он ҷо атмосфера нест, «шаҳрҳои Моҳ бояд зебо бошанд. Одам дар рўи Моҳ устуворона меистад. Ва ба назари ман, замоне фаро мерасад, ки пайи пои кўдакон Моҳро фаро мегирад... Аввалин шахсе, ки дар Моҳ таваллуд мешавад... Аз ў насли нави одамони — сокини шабакаи офтобӣ оғоз меёбад. Мо чӣ қадар зебоиҳоро хоҳем дид! Оё ҳамаи ин воқеъ мешавад? Тсиолковский мегўяд: «Аввал бо эҳтиёт меравад, баъд тамоми фазои атрофи Офтобро фатҳ мекунад... Роҳи сафед, ба ту инсон!
Дар маҷмуъ, ба таври қатъӣ ба Моҳ баромадан мумкин: баъд аз 12 апрели соли 1961 маълум гардид, ки одам дар фазои коинот истода метавонад, ягон монеаи тамоман бартарафнашаванда вучуд надорад. Ин киштии кайҳонӣ тарҳрезии як ҳавопаймо буд, ки метавонад нарм фуруд ояд ва сипас аз сатҳи моҳ дубора парвоз кунад. Кори оддие, ки миллиардҳо рубли гаронбаҳоро талаб мекард.
Вазорати мудофиа, ки бояд бо амрикоиҳо дар рӯи замин сару кор дошта бошад, нафаҳмид, ки моҳияти мудофиавии он, яъне ҳарбии Моҳ дар чист. Баъзе аскарони шуравӣ чунин мешуморанд, ки Моҳ нуқтаи фармондиҳии идеалист, ки аз Замин дастнорас аст, ба зарбаи ядроӣ гирифтор намешавад: атмосфера, ки нест, таркиши бомбаи атомӣ бесамар аст — дурахши як барқ ва радиация. Аммо ҳамаи ин фақат тахмин буд, харҷ кардани буҷаи мудофиа барои саёҳати байнисайёраҳо бошад, чун фиребу найранг ба назар мерасид. Гагарин фахмид, ки дар оянда имконият мавҷуд аст, вале ҳеҷ чизро исбот карда натавонист. Моҳ хеле, хеле наздик — ва бениҳоят, бениҳоят дур буд. Масали «Рӯбоҳ ва ангур»-ро ба ёд меовард.
Вале дар ҳамин ҳол, ҳеҷ кас расман аз фикри фатҳ кардани Моҳ даст накашид, аз ин рӯ дар байни солҳои 1961 ва 1966 СССР, рости гапро гўем, хеле дурўғҳо бофт. Рақсҳо, сурудҳо буданд дар бораи кайҳон, «дар планшетҳо харитаҳои кайҳонӣ насб шуданд», ҳатто дар дафтари кории Гагарин глобуси Моҳ буд, аммо ягон барномаи мушаххаси парвоз ба Моҳ вуҷуд надошт. Ва ин ба астрономи ҷосус Ловелл имкон дод изҳорот диҳад, ки аслан, Ийолоти Муттаҳидаи Америка барои фатҳи Моҳ бо худаш сабқат мекунанд ва СССР дар он ширкат
надорад.
Вакте эйфория ба охир расид ва маълум шуд, ки амрикоиён дар мусобиқаи кайҳонӣ аз ҳар ҷиҳат пешсаф мебошанд (идораи ҳарбии ИМА бо баҳонаи афсонавии таҳдиди Моҳ аз андозсупорандагон пули зиёдро чида, ба коргоҳи худ ворид мекард). Ва ба таври ҷиддӣ «ба Моҳ часпиданд». Лоиҳаи фатҳ намудани Моҳ дар шакли умумӣ аз охири солҳои 50-ум вуҷуд дошт, (яъне вай дар ҳақиқат, дар фикри Королев буд); аммо ҳоло нақшаи нисбатан каму беш мушаххасе тартиб дода шуд, ки дар он буҷа ва барномаҳои таълими сарнишинони киштӣ муқаррар карда шуданд. Дар Планетарияи Москва барои иштироккунандагони эхтимолии сафарҳо ба Моҳ машғулиятҳо ташкил карда шуданд, ки дар онҳо на танҳо кайҳоннавардон, балки ходимони роҳбарикунандаи Вазорати мудофиа (сарфармондеҳи неруҳои ҳарбии ҳавоӣ Вершинин, маршал Руденко) низ иштирок доштанд. Мехостанд фаҳманд, ки дар асл, ин миқдор маблағи зиёдро аз онҳо барои чӣ талаб мекунанд. Коршиносони Моҳ ҳама чизеро, ки дар бораи ин ҷисми осмонӣ медонистанд, баён карданд. «Махсусан, — қайд мекунад Каманин, — маърузаи Козырев дар бораи он, ки сатҳи Моҳ дар таҳти таъсири ҳолатҳои вулканӣ ва обхезиҳо бо таъсири Замин ба вуҷуд омадааст, шавқовар буд. Ҷисмҳои метеорӣ низ дар рӯи Моҳ осори худро гузоштанд. Сатҳи Моҳ ба назари ман моси каме сахтшуда менамояд.
Нақшаи мукаммалтарини тайёр кардани экспедиция ба суи Моҳ — бо экипажҳои мушаххас, бо барномаи тайёр танҳо дар ибтидои соли 1966 қабул ва барои дуюним сол пешбинӣ карда шуд. Моҳ мебоист дар се давра азхуд карда мешуд. Якум — парвоз (шаш-ҳашт киштӣ; на дар як вақт, албатта). Баъд — фуруд омадани дастгоҳи моҳгард, ки мебоист ҷойҳои фуруд омадани киштиро бо кайҳоннавардон тафтиш мекард. Ниҳоят, ҳуҷуми воқеӣ: парвози киштӣ бо одамон сурат мегирад. Ҳайати гуруҳи кайҳоннавардон, ки аз рўи барномаи парвози Моҳ тайёр карда мешаванд, доимо тағйир меёбад; бешубҳа одамонро аз бюрои конструкторӣ дохил кардан мехостанд. Гагарин мебоист командири яке аз он экипажҳо мешуд.
Соли 1968, ду ҳафта пеш аз вафоти Гагарин барномаи нави тайёр кардани кайҳоннавардон барои экспедиция ба сўи Моҳ барои 2,5 сол тасдиқ карда шуд. Дарвоқеъ, аз моҳи январи ҳамон сол мо дар доираи ин барнома ба таълими 18 нафар кайҳоннавардон шурӯъ кардем. «Дар доираи барномаи парвози Моҳ экипажҳои мушаххас аз омӯзиши пуршиддат гузаштанд. Мо ҳатто ба Сомали рафта будем, то ки бурҷи Салиби Ҷанубӣ ва дигар хусусиятхои осмони нимкураи Ҷанубиро, ки дар Москва мушоҳида кардан имконпазир нест, ба таври аёнӣ омўзем». Аммо, агар ҳамин тавр ҳам бошад, ин аслан чунин маъно дошт, ки «парвозҳои аввалини киштиҳои маҳтобӣ дар мадори атрофи Замин танҳо дар нимаи дуюми соли 1969 ва «экспедиция ба Моҳ на пештар аз солҳои 1970—1971» ба амал омада метавонист».
Ақидае умумӣ гашт ва онро ворисони Королев — Мишин ва баъдтар Глушко бо шавқу ҳавас дастгирӣ карданд, ки Королёв дар солҳои охири умраш роҳгум зада, ба як масири сарбаста расид ва аз сабаби якравии худ таҷрибаи барои фатҳи Моҳ сохтани як ракетаи калони Н1-ро давом медод. Гарчанде медонист, ки лоиҳа маҳкуми нобарорист. Дар китоби шавқовари «Лоиҳаи Марси Королев» гуфта мешавад, ки Королев ба Моҳ ягон дилбастагӣ надошт ва барои «сабқати фатҳи моҳ» умуман талош накардааст: танҳо Миррих орзуи ӯ буд, ба худи Моҳ фақат чун марҳилаи мобайнии гузариш таваҷҷуҳ дошт; аз ин сабаб дар байни солҳои 1961—1965 барномаи фатҳи Моҳро пешбарӣ накард.
Оё Гагарин ҳамаи инро фаҳмида буд ва то чӣ андоза умеди тасаллобахш дошт, ки соли 1974 касе, шояд ў ҳам, ба Миррих парвоз мекунад? Ҳарчанд соли 1966 вимпел — нишонаҳо сохта буданд, чор баҳрнавардро дар контейнери зериобӣ чор моҳ дар — чуқурии 200 метр шинонданд, то фаҳманд, ки мушкилоти мувофиқати руҳи-равонӣ ҳангоми ба масофаи дур сафар кардан дар киштиҳои сарпўшаш ба таври герметӣ маҳкам то чӣ андоза муҳим аст. Сухани аниқ гуфтан мушкил аст. Аз ҷиҳати назариявӣ имкон дошт дар воқеаи умедбахши дигар — парвоз дар меҳвари Офтоб иштирок намояд: Королев онро низ чун марҳалаи муҳими мобайнии фатҳи Моҳ ва Миррих ба нақша гирифта буд. Албатта, мо аллакай дар атрофи Офтоб парвоз карда истодаем, вале Королёв дар мадори гелиоцентрӣ парвоз карданӣ буд, ки аз мадори замин фарқ мекунад, эхтимол, ба самти дигар. Ҳамаи ин хеле шавқовар буд, вале, ба эҳтимол, Гагарин ҳанўз ҳам дар фикри тасхири Моҳ монда буд ва тайёр буд бо ҳар чиз, ҳатто бо ҷорўб ва бо ҳар гуна шарту шароит — ҳатто бо «хатсайри парвоз танҳо дар як самт» амал кунад.
Ҳол он ки дар мавзуи дипломии ў «Тадқиқоти Моҳ» бояд «Аҳаммияти мудофиавии тадқиқи Моҳ» нуқтаи муҳимтарин бошад ва маҳз дар ҳамин ҷиҳат баррасии асбобҳои автоматӣ, киштиҳои парвозкунанда, дастгоҳҳо, воситаҳо барои фуруд омадан ва ба Замин баргаштанро маршал Руденко дастгирӣ накард, ба амалӣ гардидани лоиҳаи «Моҳ» сахт шубҳа дошт. Ба Гагарин интихоби се мавзуи рисолаи хатмро пешнидод карданд: «Самолётҳои разведкавии мадорӣ», «Самолётҳои дастгиркунандаи мадорӣ» ва «Киштии фалакпаймо барои зарба задан ба объектҳои Замин».
* * *
Алоқамандии Гагарин ва Моҳ алъон, нарм карда гўем, ба назар намоён нест:
Гагарин саргузашти худро дорад, ки он то 12 апрели соли 1961 мерасад.
Моҳ таърихи худро дорад, ки то 20 июли соли 1969 мерасад.
Дар ҳакиқат, мо ақидаҳои имрўзаро ба гузашта мекўчонем, ҳол он ки дар ҳақиқат, дар тўли солҳои 60-ум то марги Гагарин ин ду хат дар шуури коллективӣ ба ҳам зич алоқаманд буданд. Гагаринро дар миёнаи солҳои 60-ум на танҳо чун аввалин «одам дар киштии кайҳонӣ», балки чун дар ояндаи наздик «тақрибан» «одами рўи Моҳ» меҳисобиданд.
Тахмини муаллифи ин китоб аз он иборат аст, ки маҳз марги Гагарин масъалаи хориҷ шудани СССР-ро аз пойга барои тасхири Моҳ комилан возеҳ муайян кардааст. Далели васеъ паҳншуда ва дидаю дониста такрор кардани он, ки «пас аз америкоиён ба Моҳ парвоз кардан маъно надорад», ба назар боварибахш наменамояд: пас, барои чӣ, масалан, америкоиён ба мадор баровардани ҳамроҳи сунъии худро пас аз шуравӣ cap карданд? Кас ҳайрон мешавад, ки чаро пас аз голи аввал дар футбол дастаҳо бозиро давом медиҳанд?
Маълум, ки ИҶШС барои пурра иштирок кардан дар ин мусобиқа муддати дароз маблағи зиёдатӣ надошт: мамлакат аллакай дар як вақт бо Ғарб дар бисёр ҷабҳаҳо сабқат мекард; ва ин кайфияти лаззати пирўзӣ арзон ба даст намеомад. Айни замон, баъди бомуваффақият иҷро шудани барномаи парвози одам ба коинот «даст кашидан аз фатҳи Моҳро» эълон кардан мумкин набуд. Тайи чанд сол посухи СССР ба худпарастии беҳад, вале талаби душвори афкори чамъият дар бораи «ба Моҳ фиристодани нерў» на барои қабули барномаи Моҳ, балки истифодаи дурушти маҳорати муоширати Гагарин буд ва ба ў фармон дода шуд, ки бар зарари обрўи худаш, маълумоти бардурӯғро қасдан ба оламиён расонад. Азбаски мақомоти салоҳиятдор намехостанд дар ин хусус чизи аниқе бигўянд, маҳз Гагарин, чеҳраи рақами яки кайҳони Шўравӣ дурўғро ба гардани худ гирифт (ва аз ин рў ба «амортизатсияи нақшавӣ — камшавии ба нақша гирифтаи эътибораш» дучор шуд).
Яке аз саволҳое, ки бештар, дақиқан, аз ҳама бештар дар доираи пурсишҳоло ба таври оммавӣ ба Гагарин дода мешуданд, ин аст: «Мо кай ба Моҳ парвоз мекунем»? «Худи Ў кай ба Моҳ парвоз мекунад?» Чунки ҳеҷ кас фикр ҳам кардан намехост, ки 12 апрель «ҳодисаҳои асоси»-и ҳаёти ў ба охир расид; чи тавр ба охир расад, ки фатҳи моҳ дар навбат меистад.
— Ҳамин ҳоло мепарем. Мо дар арафаи парвоз ҳастем, ман худам дар ҳар лаҳза омодаам, фақат олимон каме дар андешаанд, аммо ба зудӣ, дере намегузарад, — тақрибан чунин мегуфт ӯ аз апрели соли 1961 ва минбаъд ҳам.
Ин ҳақиқат буд, ё не, вале дар «мафкураи мардум» Гагарин ҳамчун кайҳоннаварди яккарата маҳсуб намегашт. Баръакс, аз саволҳое, ки пайваста ба ў медоданд, маҳз ўро ҳамчун довталаби асосии фотеҳи Моҳ медонистанд; хайр, аз ў беҳтар боз кӣ ҳаст? Маҳз ӯ буд, ки «ин тиҷоратро оғоз кард» ва бояд идома диҳад, забт кунад, азхуд кунад; ин лоиҳаи ӯст.
Шояд маҳз дарки ҳамин, ки умеди омма дар ин самт маҳз ба Гагарин нигаронида шуда буд, садорати идораи кайҳон ба ў дар барномаи Моҳ ҷой дода, ўро дар қатори дигар кайҳоннавардон ба омўзиш ҷалб кард. (Гарчанде, албатта, пеш аз ҳама саъю талоши худи Гагарин буд, ки ҳамаи корҳоро ба ҷо овард, то хоҳиши иштирок карданаш ба назари роҳбарон намоён шавад.)
Марги Гагарин барои худи лоиҳаи Моҳ ҳалокатовар буд. Мушкилот одӣ не — «ҳуҷумкунанда аз саф баромад», дар курсии эҳтиётӣ навбат дароз аст, ҳа; вале «на ҳама» Гагарин мешаванд», маълум шуд, ки ўро ба таври механикӣ бо каси дигар иваз кардан ғайриимкон аст.
Гагарин бо «чеҳраи одамиаш» кафолат дод, ки Моҳро на дастгоҳ, балки одам азхуд мекунад.
Масъаларо на танҳо омӯхт — балки ба он сифати башарӣ, «инсонӣ» бахшид.
Гагарин ҳалқаи асосии пули байни Замин ва Моҳ буд; пуле, ки аз ҷиҳати техникӣ сохтмони он бояд қариб анҷом меёфт, вале ҷанбаи равонияш ҳанўз мавҷуд нест. Барои ба Моҳ расидан, воқеан, шумо бояд тағйир ёбед, шахси нави беҳтар шавед (шояд «аз нажоди олии коммунистӣ»; равшан нест), аз худ бурун бояд шуд, аз худ болотар мебояд ҷаҳид.
Гагарин чун намунаи мавҷуде қабул гашта буд, ки бар худ пирўз шудааст. Мисли эъҷоз. Вай мӯъҷизаи зинда буд (боз шарҳи динии парвози апрелиро ба ёд меорем: шахсе, ки ба арсаи илоҳӣ баромад, ба таври рамзӣ мурд ва пас дубора эҳё шуд, маргро мағлуб кард). Моҳро танҳо бо роҳи таслим шудан ба ҳиссиёти беақлона, ба он чун ба Муъҷиза бовар кардан, азхуд кардан имконпазир буд.
Моҳро бояд одам азхуд мекард — на шахси мавҳум, балки маҳз Гагарин.
Ҳоло Гагарин мурдааст — он кас, ки мебоист ин корро мекард, рафт; ҳадди ақал рамзӣ.
Ба хотири Гагарин зўр зада, «моҳро фатҳ кардан» мумкин буд. Танҳо ба хотири Моҳ? — Не. Моҳ дигар ҷаззобият ва кашиши худро гум кард: як санги калон аст дар фазо, тамом.
Ҳангоми вафоти Гагарин «талош барои Моҳ» аз мусобиқае, ки кайҳоннавард бояд муъҷиза нишон дода тавонад, ба мусобиқае онҳое табдил ёфт, ки пули бештар дорад ва ба таври пешбинишаванда анҷом ёфт.
Ин марг маънои гузаштан ба стратегияи нав — стратегияи СССР дар бораи даст кашидан аз парвози одам ба сўи Моҳ ва ба кайҳон тағйир додани муносибати инсонро дошт.
Аз он, ки ин ҳолат — расидани осеби ниҳонӣ ба саркӯб шудани талош барои тасхири Моҳ, чи андоза асабонияти шадидро ба вуҷуд овард, танҳо тахмин кардан мумкин аст.
Мо ҳоло Моҳро ҳамчун «майдони Гагарин» қабул намекунем ва мисли он замон, ки барои парвоз кардан ба Моҳ сабабҳои махсуси оқилона надоштем ва ҳоло ҳам надорем.
Аз лиҳози сиёсӣ ҳам моҳияти он гум шуд: чӣ гуна «ҳамроҳшавӣ бо моҳ» вуҷуд дошта метавонад, вақте мо ҳатто ба Украина фаҳмонда натавонистем, ки чаро ин қадар замони тулонӣ ҳамроҳ зиндагӣ кардем.
Кайҳон дигар на он қадар ашёи ифтихори миллист, балки ҳамчун моли сарбории иловагӣ аз андози ба сари мардум боргашта қабул мешавад, ки аҳолӣ ба пардохти он чандон шавқ надошт. Ҳукумати Шуравӣ аз эътимоде, ки дар фатҳи кайҳон ба даст овард, беҳунарона, бад, истифода бурд. Шавқу рағбати дар аввал самимӣ ба сохтакорӣ табдил меёбад.
Ҳодисаҳои воқеан ба мардум писанди марбут ба фатҳи кайҳон торафт кам, вале ҳодисаҳои хандаовар торафт зиёд мешаванд.