Поповичҳо

Вақте ки мемирам, ба сари ман чӣ меояд? Баъди нест шудан чиро мебинам? Кадом тасвири зиндагии аздастрафтаро? Як лаҳза қабл аз шаби лояъламӣ кадом ибора чун сатри таблиғӣ сари забон меояд? Оё метавон қаблан як сол ва ё чанд сол пеш барои ин сонияҳо омодагӣ гирифту тамрин намуд? Барои чӣ? Барои он, ки ёва, мисли ҳисобӣ накардани маблағи истифодаи об ва ё аз натюморти ҳасибчаҳою бодирингҳои намакхӯрда нагӯям ва ифодаҳои дилгиркунандаю ду пула гапро ба забон наорам...

Ана ин одамро дар тобути локзадаи монанд бо тӯрнамои сафеди креми торт ороишёфта дар атрофи маъбад бори сеюм мегардонанд — тобути кушода, рӯйи фавтида бо пораи матоъи дигару аҷзои дигари баданаш бо простин пӯшонида шудааст — ин одам дар оғози ниёиши шомгоҳӣ фавтид. Бухрдон дар даст маъбадро гузашту ба ҳар фарди омада, минҷумла ба ҳамсару бачаҳо, аз дуди данди бухрдон имкони шамидан дод ва ба ҷое баромад, ки ҳамеша аз он мавъиза мекард ва ба тарафи дарвозаи кушодаи Шоҳӣ баргашта, бо овози баланди худ ибодатро ҳусни оғоз бахшид: «Ба Офаридгори оламҳо ниёиш мекунем!» — ва дар миёни ҳамхонии «Худоё, мағфират бикун!» такон хӯрду афтод, хомӯш шуд. Либоси мунаққаши тиллоирангу вазнин ба бар дошт...Ибодат қатъ гардид. Кӯшиш карданд, ки ӯро ба ҳуш биёранд, ёрии таъҷилиро даъват бикунанд, аммо ҳамааш беҳуда буд ва дар як лаҳза рух дод: сактаи қалб.

Дар он шомгоҳ ибодати ҷамоъаро ба танҳоӣ пеш мебурд. Аммо дар вақти ҷаноза панҷ кашиши дигар ҳозир шуданд, либоси ибодатии чун барф сафед ба бар доштанд, пушти алами калисо, зери садои пасти зангулаҳо ёвахонӣ мекарданд, аз гаронӣ ҷабин дар ҳам мекашиданд, гоҳо ба якдигар дакка мехӯрданд, аммо хонишашонро қатъ намекарданд. Дар касоне, ки аз онҳо пайравӣ мекарданд, эҳсоси мотам бартарӣ дошт.

Офтоб медурахшад ва чунин менамояд, ки он аз бозии рангҳои сиёҳу сафед ҷолиу канораҷӯ ба ваҷд омадааст, аз ақл берун шудааст.

Осмони шимол нилӣ-шишагӣ, бе ҷон. Кабудиҳои обдор дар миёни дандонаҳои ноҳамвори сангҳо.

Тобутро ба рӯйи курсиҳои чӯбии назди қабр мегузоранд.

Саркашиши ришсафед, бо дастони пурожанги ларзон чумчаи нуқрагинро ҷило дода, салибмонанд хоки зардрангро ба болои матоъ мепартояд.

Панҷаҳои рангпаридаи майит ангуштарин надоранд. Гӯё ба одам хокаи бӯр нишастааст. Рӯяш низ рангбохта. Хоҳише рӯ мезанад, ки ин ҳаво, ин матои пахтагӣ каме бардоштаву бори охир аз ӯ пурсида шавад: он ҷо чӣ ҳол дорӣ? Аммо мумкин нест. Чунин шуморида мешавад, ки кашиш дар вақти ниёиш пеши Худо ҳозир аст, барои ҳамин дидани рӯйи майит ҷоиз набошад.

Тасвири салиби мисӣ дар миёни ангуштони сардгашта ва ҳамчунин тасвири мисии Инҷил болои қафаси синаи фавтида гузошта мешавад.

Барфтӯда дар миёни тобистон.

Бахти ман омад накард, яккаву танҳоям, аммо дар оилаи Сретенскийҳо чун ҳарвақта кашише ҳаст, бачаҳо ба воя мерасанд: ду попович ва ду поповнаҳо, ҳама шир ба шир, яке паси дигар таваллуд шудаанд.

Ман дувоздаҳ сол дорам. Дар вақти таътили зимистона ба ин ҷо, ба деҳаи Вологодск фиристоданд. Падари онҳо — кашиши калони калисоест, ки дар наздаш хонаи калони чӯбӣ ҳасту дар атроф арчазор сиёҳӣ мекунад.

Охамкинҳо низ аз Ярославл ба ин ҷо омаданд: падару модар, ду писар ва духтарашон.

Мо рӯзона дар назди қалъаи барфини соҳили дарёчаи Жаржен занозанию давуғеҷ мекунем.

Ин қалъаи аҷибро ях бар болои ях фарзанди калонии Сртенескийҳо, навраси бузргҷусса Никита, ки мегуфтанд «дастони тиллоӣ» дорад, сохта буд. Ӯ дар ҳамагуна ҳаво бе дастпӯшак, бо панҷаҳои дами бимафкан, аз шахшӯлӣ монанд ба самбӯсаи рӯсурх дар маърази тамошо қарор мегирифт.

Мо ҳама ба ӯ ёрӣ мерасонидем: лӯлабарфҳоро меғелондем, барфро тӯдаву пахш мекардем, ба ҷойи яхнабастаи об мерафтему об мекашондем. Онро аз сатилҳо ба обпошак рехта, болои барфи ҷамъовардаамонро ҳамвор мекардем.

Никита пайкарасоз (пайкараҳои барои гӯристон хос), дуредгари нодиракор шуд, суфоришҳо зиёд шуданд, зеро ӯ кори худро хуб медонад.

Вай тарҳи се баҳодурро аз барф сохта, бо об ях кунонида, дуртар гузошт. Ин се тарҳи яксони то ҷое ба худи ӯ монандро хоҳараш Дуся бо гуаш ранг дод. Таҳмтанҳо бовиқор меистоданд, оромии яхи дарёчаро посбонӣ мекарданд. Бо зиреҳ, сипар, шамшер ва кулоҳ муҷаҳҳаз буданд. Чашмони кабуди равшан ва ришҳои гуногун доштанд: сиёҳ, зард ва барфии хира.

Дуся-Евдокия, ки аз хурдӣ ба расмкашӣ машғул буд, шунавандаи дайре дар Бурятия гардида, дар он ҷо ба навиштан ва тармими иконҳо сари кор дорад. Ӯ бидуни сарфакорӣ қасрро ранг дод, ранги қирмизӣ ва лоҷвардӣ, ду барфгулӯларо, ки рамзи гунбаз буданд, ранги тиллоӣ бахшид (гузоштани салибро кори нолозим донистем).

Ана дар дохили ҳамин қалъа Сретенскийҳо, авлоди собиқадори руҳонӣ, дар хати муҳофиза қарор доштанд. Охапкинҳо ва ман, ки падаронамон дар насли якум кашиш буданд, барои ғасби қалъа саъй мекардем.

— Ба муҳориба! Барои Рус! — эълом дошт Петюняи лоғар. Охапкини хурд бо ранги парида саъй дошт аз миёни тирҳо гаваккашон ба сӯйи дарвоза, ба душман наздик биравад.

Ӯро пас гардонданд.

— Ӯ бо мост! — фарёд зад бо садои гирифта.

— Худо бо мост! — ислоҳ кард ӯро хоҳараш Маша ва гарданбанду кулоҳи гулранги хандаовари ӯро, ки ба нони гирдаи ширини фаххук монанд буд ва дар иди писҳои насрониён пухта мешавад, дуруст кард. Аммо ӯ бо гузашти андаке вақт даъвати хатои худро аз нав такрор кард.

Пеш аз ҳар як мубориза бо алвонҷ додани шоха дар болои сар салиб мекашид, бо гузашти як дақиқа ба силоҳ мубаддал мешуд ва бо виқор элом медошт: «Ба Офаридгори олам ниёиш мекунем» ва фаххоссазону ба ҳамсароён тақлидкунон ба худ посух мегуфт.

Ин ҳама зери хандаи умум пазироӣ меёфт, то замоне ки Лида Сретенскаяи заҳрзабон (дар оянда як волонтёри фаъол гардид; аз дилу ҷон ҷустуҷӯ мекунад ва бештари вақт одамони гумшударо меёбад) моро фурӯхт. Ҳамон вақт калонсолон Петюня ва моро маломат карданд.

«Ниёиш бозӣ нест, беақлӣ мекунӣ, магар инро намедонистӣ?» — мефаҳмонд модари ӯ, ки саъй мекард тунд нагӯяд ва ба чашмони писараш нигоҳи ҳузнолуд медӯхт. Петюняи маҳкумшуда бо аломати ризо сар ҷунбонд. Акнун қабл аз мубориза зери бинӣ чизе мегуфт, шояд ҳанӯз ҳам барои пирӯзӣ дар зеҳнаш дуо рӯшан мешуд.

Интизор мерафт, ки Петюня ба хидмати калисо меравад, аммо кор сурати дигар гирифт, аз хона рафт, гиторнавозӣ мекард, аммо боре роҳгузари тасодуфӣ (падараш) дар ҳоли ғазаб гиторашро зада шикаст. Петюня суратгир шуд, гӯё ёфтани кулба муяссарш нагардид ва бетанаффус оламро сайр карда, шабакаҳои иҷтимоиро бо тасвирҳои гоҳе дилрабо ва гоҳи дигар аҷиби олами табиату вуҳуш пур мекард.

Аз тарафи дигар Митрофан, аз бошишгоҳи Сретенскийҳо, метавонист бе ҳеҷ хавф нақши руҳониро бозӣ бикунад. Ман фурсат ёфтам, ки чеҳраи вайро аз ёд бибарам ва дар хотирам кадом як доғи равшани зардранг дар даруни телпаки гӯшакдори моҳутиаш боқӣ мондааст.

Ӯ бо тарзи гуфтори хоси мутантан ва садои фоҷеаолуде, ки онро бо имову ишораҳои зебову ором пур мекард, фарқ менамуд. Митрофан, дар умум, вазъ гуфтанро дӯст медошт ва касе барои ин монеъ намешуд.

— Бародарону хоҳарони азиз! — аз барфтеппаи яхбаста бо тақлид ба пайвандон маҳзунона оғозид. — Биёед, ба хотир биёрем, ки муқаддасот ба мо чиро меомӯзонанд. Шумо, мо — ақрабо ҳастем ва касеро сахт задан нашояд, набояд буғӣ кард, лозим нест бо лундабарф...

Фурсат наёфт, ки суханашро ба охир барад ва ба сӯяш ҳаводиҳии снарядҳои вазнин аз нав шуруъ гашт.

Ӯ фарди муваффақ шуд: дар худи Вологда кашиши калони калисо гардид, оилаи калон дорад.

Фикр мекардам Тимоша Охапкини рангпаридаи лоғар низ, ки дар муҳорибаамон бо дили нохоҳаму ноқобилона бозӣ мекард, кашиш ва ё роҳиб мешавад. Барфро чунон беҳавсала лунда мекард ва чунон беҷуръатона ҳаво медод, ки ба ҳадаф нарасида, аз ҳам мерехт ва гоҳе дар авҷи мубориза дар як ҷо шах шуда меистод, мафтуншуда ботинан ба кадом чизе менигарист. Яқинан ба ин минвол анатомияи одамро меомӯхт, зеро хидмати артишро ба итмом расониду ҷарроҳ шуд.

Поповаҳо зӯр меҷангиданд. Дуся ва Лида мисли ошпаззанҳои ҳақиқӣ барфро лунда мекарданд, маҳз аз онҳо зарбаҳои нишонрасу дардовар мехӯрдам, аммо маъмулан ба пойҳою зонуҳоям ва ҳамин буд, ки намадмузаҳоям аз барф пур мешуданд.

Дар қушӯни заифи мо Маша ёвари ман буд, бодиққат, ҳатто дарандавор, бо як гармии ваҷди пинҳонӣ барфро ҳаво медод. Ман ҷаҳд доштам, ки ба Никитаи бузургҷуссаи дар пеши аркаш андармон пирӯз биоям ва чун тирамро ба нишон мерасондам, лабҳои бастаи Маша гулгун, мулоим ва аз якдигар канда шуда иродаи шодиро бозгӯ мекарданд. Маша бо ҳар бори муваффақ шудан «Ой» ё «Оҳ» гӯён садо мебаровард ва агар баръакс мешуд, хомӯширо ихтиёр мекард ва боз ҷиддитар барои посух додан саъй менамуд.

Маша аз оилаву калисо канор рафт, дар Маскав хона ба иҷора гирифт, дар як қаҳавахона ба сифати пешхидмат ба кор даромад, боре дар он ҷо (кушодарӯ-ҷиддӣ) бароям оби ҷав рехт, гумон мерафт, ки дар ишқ ноком гаштааст, баъдан ба ҷазираҳои Валаам рафту муаллимаи синфҳои ибтидоӣ шуд.

Агар сармои сахт буду лунда кардани барф муяссар намешуд, мо — артиш ба артиш наздик гардида, барфпораҳоро ба чашму гиребони якдигар ҳаво дода, ҳамдигарро бо буғи ширмонанд бераҳмона кӯр мекардем.

Зимистони Рус, кабутари сулҳпарвари фиребои Пикассо, моро дар минқори тунукагии худ мебурд ва бо қанотҳои ҷанговаронаи хеш ба сурати пурдабдаба бод медод.

Мо аз дигарон куллан фарқ мекардем. Ҳатто симои поповичҳо ситезаҷӯёна буд. Волидайн моро на танҳо ба тақдирҳои ғайриодӣ, балки ба либосҳои ғалатӣ низ маҳкум карда буданд.

Бачаҳои рустоҳои ҳамсоя, ки барои бозӣ аз дигар тарафи соҳил меомаданд, либоси фақирона, аммо синтетикии рангорангу шинам ба бар доштанд. Замонавӣ набудани либосҳои мо бармало намоён буд. Муназзамӣ (покизакорӣ) бо бетартибӣ (чиркинӣ), ки метавон онро бепарвоӣ ба зиндагӣ хонд, тавъам мегардид. Дар қиёс бо либосҳои маъмул ҳамаи либосҳои мо халтамонанд, васеъ ва дароз ба чашм менамуданд, гӯё ки барои ба бар кардани қабои калисоӣ кӯшиш сурат мегирифт. Дар ҳарду оила бачаҳо, сарфи назар аз ҷинсият, либосҳои ҳамдигарро мепӯшиданд. Никита пӯстину мӯза ба бар карда буд. Духтарон аз зери нимтанаю пӯстинҳои мӯинаи худ камзулчаҳои худбофти хонагӣ доштанд. Сари остинҳои свитери сиёҳи Петюня аз риштамуинаи рангаш дигар, тавре ҳозир ҳам дар ёдам ҳаст, ранги кабуд, тӯрдӯзии иловагӣ дошт. Ҳеч гуна пораи иловагии навиштаҷот ва суратдор дар либосҳо дида намешуд! Лида худро намунаи ибрат нишон медоду аз юбкааш ҷудо намешуд ва он дар вақти задухурд бо барф барояш халал эҷод мекард.

Ман тоскулоҳи фарсуда ба сар доштам. Он ҳадяи зане аз қавми калисоии падарам буд ва ба шавҳари фавтидааш тааллуқ дошт. «Пӯсти тоза! Барои ҳама гуна сармо коромад!» — гуфт модарам, ки аз диданаш ба ваҷд омада буд.

— Ин чист? — ҳуштаккашон пурсид яке аз бачаҳои деҳотӣ. — Магар зини байтал аст?

— Кулоҳи сарнишини тайёра! — даст ба чакка бурда, бо тантана гузориш додам, хостам ба ин васила таваҷҷуҳи Машаи меҳрубонро ҷалб намоям.

Ӯ бо дилсӯзӣ аз бачаҳо дар мавриди зисташон мепурсид. Онҳо манманӣ мекарданд, аммо бидуни пинҳонкорию макру ҳила, чунон ки дар вақти талаби омурзиш аст, посух медоданд, шояд ҷамъияти самимонаи моро эҳсос менамуданд: «Падарам фавтид», «Падари ман бошад, рафт», «Волидайни ман кор мекобанд, мушкил афтодааст...», «Мехоҳам мутриб бошам, баъди дарсҳо ба маҳфили санъаткорон меравам, гурӯҳи худро дорем, дар сози пардадор менавозам, аммо дар хона мегӯянд: челонгар шав, он дурусттар аст...»

— Мусиқӣ беҳтар аст! — Петюняи мубориз эътироф кард.

Шояд ҳамон вақт дар Маша хоҳиши худро омиёна нишон додан пухта расида буд:

— Шумо фақат тамоку накашед, шароб нанӯшед, — мутақоид месохт бо меҳрубонӣ, — илтимос, шумо хуб хонед...

Сухани вайро Лида бурид, насиҳатомез, мисли соҳибзани ин ҷойҳо:

— Ба наздикӣ мактаби якшанбегӣ мекушоянд. Ягон оят медонед, не? Ба шумо лозим аст, ки рӯзи якшанбе ба калисо биоед, падари ман ба шумо китобҳои дуруст медиҳад.

Стресенскийҳо таълими хонагӣ мегирифтанд, Охапкинҳо дар гимназия таҳсил мекарданд. Боре ибодати нимарӯзиро ба ҷо оварда, сурудхонӣ карда, аз нону оби табарруки калисо хӯрда, кулчаҳои аз хунукӣ санггаштаро газида-газида, ба сӯйи қалъа, ки дар он ҷо бачаҳо моро интизор буданд, давида рафтем.

— Шумо чӣ мехоед? — бо шубҳа пурсид кадоме аз онҳо. — Мазаашро чашам!

— Ба шумо мумкин нест, — туршрӯёна посух дод Никитаи тавоно.

Рустоиҳо чашмакзанон ба мо ҳасадолуду бо эҳтиром менигаристанд, гӯё мо, фарзандони коҳинон, чизе сеҳрнок мехӯрдем...

Аммо кадоме аз мо аз ҷиҳате ба онҳо ҳасад мебурд ва худро дар маҷмуъ дар қиёс бо эшон ақибмонда эҳсос мекард. Ҳар қадар, ки меғунҷид, онҳо бо интихоби барномаҳои аз одоб беруни нимашабӣ телевизор тамошо мекарданд, ҳама сурудҳои фаҳшолуди гурӯҳе чун «Сектори Ғаззаҳ»-ро ки аз фиттаҳо мешуниданд, медонистанд.

Дашноми деҳотиҳоро мо бо шарти бидуни чуну чаро ношунида мегирифтем, худамон ҳарфи ҳақорат ба забон намеовардем. Бо бардоштани зарб аз лундабарф ва ё мушт метавонистем ифодаҳое чун «Сабил монад!» ва ҳатто «Худоё, ту қодирӣ!»-ро ба забон биёрем. Ин ҳиқ-ҳиқҳои малакӣ бо дашномҳои лоуболонаи ошноҳои заминии мо бо зиддияти хос ифода меёфтанд. Онҳоро танбеҳ намедодем...

Аммо якдигарро бо рамзи такондиҳанда, ки дар ҷамъияти зимистони Вологодск қабул гардида буд, танбеҳ медодем: («Намурдед!»).

Як дафъа Никита дар мавриди шавҳаре латифа нақл кард, ки ба вақти фурсат ёфта бозпас гаштанаш ҳамсари ӯ бо хушдораш аллакай чой менӯшиданд ва ман нокомил будани сужаи латифаро эҳсос кардам. Ногоҳ латифаи дигари дар мактаб шунидаамро хушҳолона ба ёд овардам.

— Шавҳар аз сафари хидматӣ бармегардад, — оғоз намудам, — ҳамсараш бо дӯстдораш дароз кашидаанду...

Вангоси ҷамъияти ба шӯру ғазабомада даҳонамро баст.

Поповичҳо (инро ман дар дигар поповичҳо низ дидаам ва шояд ин дар ман низ ҳузур дошт) дарҳол ваҳшатзадаю карахт гаштанд. Гоҳе лаҷомгусехта, беҳаё, ҳатто бадахлоқ буданд, эҳтимол дорад ба хотири он ки худро на мисли бачаҳои дигар эҳсос мекарданду бештари вақтро дар миёни калонсолони ғайриодӣ мегузарониданд, гоҳе дигар бар асари назорати парҳезкорона занҷирбанду тақводор ба назар мерасиданд.

Шояд онҳо маҳдудиятҳою мамнуъотро бо баррасию муҳокима кардани ҳама гуна дӯзах бо шавқу завқ ҷуброн менамуданд. Чунон ки ҳоло ҳам дар ёд дорам, Петя дар хусуси садама ва одамони сӯхта, ки дар мошин намои дигар гирифтаанд, бо шавқ нақл мекунад: «мегӯйӣ мӯрчаанд», аммо Дуся дар бораи он ки чи гуна падарашро дар вақти ҷамъугир кардани ҳалокшудаҳо ҳамроҳӣ карда буд, гуфт: «Рухсораи яке аз бибиҳо тосида, дандонҳои тиллоияш намоён буданд». Дар ин лаққиданҳои ҳавлангез муболиғаи асри миёнагӣ вуҷуд дошт.

Аммо поповичҳо бо шавқу рағбати тамом гоҳо дар бораи масалан, ҳайвонот, моҳиҳо, парандаҳо низ нармдилона нақл мекарданд.

— Мо дар хона танҳо будем. Калонсолон набуданд...Дар худи таги бом зиндагӣ дорем, — Маша, ҷарангосзанон ҳамаро омехта намудаву набзи қиссагӯии хешро тезонида дар гуфтор шитоб мекард.— Дар ваннаамон лӯлаи ҳавокаш дорем. Петя ба он ҷо рафт ва ногаҳон фарёд зад: «Парандаҳо!». Моро ба дарун роҳ дод ва воқеан ҳам, мисле ки дар ҷангал бошад, парандаҳо мехонанду хеле ширин чаҳ-чаҳ мезананд... Мо панҷараро гирифта мебинем: чӯҷа дар лӯла дармонда бол мезанад ва модари ӯ аз боло нигоҳ карда, таскин медиҳад. Ман ба Тимоша гуфтам: бо дастат онро бигир, аммо ӯ аз думаш дошту пареро канд. Он гоҳ рафтаму қуттиеро овардам ва чӯҷа ба он афтод. Фахмӯй, бо минқори зард. Мо онро ба айвон овардем ва дарҳол модараш парвозкунон омаду ба назди ӯ даромад, ба якдигар чизҳое ҳам гуфтанд ва бол афшонданду рафтанд. Баъдтар дар қомус ёфтам, ки сангобдавакҳои сафед будаанд. Чӣ хел сафед? Дар асл онҳо гуногунранг ҳастанд — хокситарӣ-сиёҳ-сафед, аммо аз чи бошад, ки онҳоро ҳамту «сафед» менависанд.

Ҳолати маъмуле, ки аз тарафи ин духтари хушқаддуқомати дорои мӯйҳои малларанги ҷилояшон чун тилло ҳикоят шуд, хеле аҷибу мароқангез буд, мисли тасвири Густав Доре аз Инҷил.

— Ман шунидам, ӯ ба сӯйи марг рафт, — бо нигаронӣ қайд кард Тимоша.

— Кӣ? — пурсидем мо.

— Паранда, — гуфт ӯ бо нармӣ ва бидуни эътимод. — Модом ки парвоз кард, ин магар ба сӯйи марг нест?

— Хур! — сухани вайро Митрофани таблиғгар буриду бо каме таваққуфе, ки дар худ аломати ифшогарӣ дошт, гуфт: — Чаро ту хур мегӯйӣ?

Маълум шуд, ки ӯ калимаи «хурофот»-ро дар назар дорад, ки онро то сатҳи ин неологизм ихтисор кардааст.

— Парандаҳо — паёмрасони хубиҳоянд, — бо виқор дастгирӣ кард Лида. — Магар шумо аз ёд бурдаед, ки баъди тӯфон кабӯтар ба назди Нӯҳ омад?

— Обхезӣ дар мо ҳам мешавад, — розӣ шуд Маша. — Бом занг задааст...

Мо андешаманд ҳолати ғайриодиро пазируфтаву интизор шуда, хомӯшӣ ихтиёр кардем.

Модарон — Стренскаяи рухсораҳояш барҷаста ва Охапкинаи боназофат дар мавриди зодан, бемориҳои кӯдакона, дурандешии пирон ва асрори ғизои болаззату солим бисёр мелаққиданд. Падарон дӯст доштанд, ки қадаҳ ё паймонаҳои шароб бинӯшанд, бо тамкин роҷеъ ба ҷараёнҳои мухталифи калисо, зинаҳои арзишманду камарзиш, Ватикани дур, сектантҳои дар ҳама ҷо ҳозир ва боз доир ба роҳзанҳои ба ибодатгоҳҳо одаткарда муҳокимаронӣ бикунанд.

— Ба назди ман ҳамингунаҳо меомаданд. «Ту муллоӣ? Бачаро дуо хондан даркор!» — падар Василий Охапкини пурэҳтирос, мӯяш мошубиринҷ, ришаш ду булак қиссахонӣ кард. — Ман рост ба рӯяшон гуфтам: «Ӯ кист? Нону шароби табаррукии калисоро чашидаст? Омурзиш хостааст? Чун шумо роҳзан аст? На, наметавонам». Онҳо маро бардоштанду ба қабристон бурданд. «Мепаронему таги хок мекунем. Дуо мехонӣ?». Ман сар меҷунбонам. Ҳамон ҷо партофта рафтанд...

— Шояд ман ҳақ набошам, аз нигоҳи ту, — дурахшида, эътироз намуд падар Иоанн Сретенскийи тоссари зардина, ки ба тасвири чӯҷаяки навакак аз тухми идона беруномадаи рӯйи руқъа монандӣ дошт, — ҳатто гоҳо чунин мешавад, ки барои ҷип ҳам дуо мехонам. Аммо ҳамеша ҳарф мезанам. Дар мавриди раҳм, шафқат. Шояд ин ҳарфҳо ба дили касе роҳ ёбад.

Шомгоҳҳо мо бо пирогҳои гоҳо замбурӯғдору гоҳи дигар карамдор чойнӯшӣ мекардем, то замоне ки касе бо овози баланд «Солҳои бачагии набераи Багров»-и Аксаков, «Дарвеши афсуншуда»-и Лесков, «Тобистони Офаридгор»-и Шмелев ва ғайраро мехонд. Бештари вақт Лида барои хондан рағбат зоҳир мекард, пандомӯз мебаромад, ба сурате, ки гӯё Псалтир ва ё зиндагинома мехонда бошад.

Митрофани чорпаҳлу бо талқини модар рӯшану ифоданок мехонд, гоҳе каме дамаш мегирифт ва бо имову ишораҳои мавзун худро ёрӣ медод:



Ва мори бохирад нешаш
Бар лабони карахтшудаи ман,
Ба дастони хунолудам ниҳод...


Ӯ айнан ба ҷойи «беҷоншуда» калимаи «карахтшуда»-ро истифода кард, гӯё сухан дар мавриди дандонпизишке мерафт, ки дар болои даҳони боз баъди сӯзандоруи карахткунанда сеҳркорӣ мекунад. Гоҳо баъди чой Дусяи ба бар пироҳани кабуди гулдӯзиҳояш сафед дар электропианино — Чайковский ва ё Свиридовро менавохт, аммо одатан танҳо тармим мекард. Барои он ки ба касе халал эҷод накунад, гӯшӣ мепӯшид ва аз ҳуҷраи ӯ дурудароз садои тақ-тақи пурҷӯшу хурӯш ба гӯш мерасид.

Маша месуруд. Хати қомат рост кардаву пеши бари хурдашро бархезонда — тоза ва гӯшхарош. Бо чашмони пурнаму ҳаяҷонзада...

Ӯ дар таътили гузашта танҳо ду маротиба суруд. Ин «суруди динии халқӣ»-ро содаю фораму гуворо ва бо лаҳни омода, нафис мисли карахши болои барф месуруд. Ӯро бори аввал волидайнаш нооаҳлона ҷалб намуданд, аммо бори дуюм ҳамаамон ҳамовозӣ кардем:



Оҳ, роҳест он осуда,
Он ҷо, ки авроқчаҳо мераванд...
Ба Еруссалим мераванд онҳо,
Ва онҳоро фариштаҳо мебаранд.
Аллилуйя, аллилуйя,
Ва онҳоро фариштаҳо мебаранд...



Обшавии барф фаро расид ва мо якҷоя бо рустоиҳо тамоми рӯз хушҳолона лундбарфҳои бузург сохта, баъдан бо корбурд аз пой, белҳо ва ҳатто кундаҳо онҳоро болои ҳам фишор дода, часпондем.

Дар рӯзи дигар, чун сармо баргашт, бо сатилҳо аз сурохии ях об кашондем. Атрофи сурохии сиёҳи ях тира ва лағжонак гардида, ба рақсидани хавфнок водор мекард.

Никита тавассути лундабарфҳо, ки зинамонанд сохта шуда буданд, бо чаққонии ҷаллодона ба болои кундаи қатлгоҳ баромад ва боэҳтиёт сатилро як тараф хам карду обашро ба сӯйи нишеб рехтан гирифт. Ҳамин хел рехтани оби сатил паси сатил дар болои барф карахши қавӣ ба вуҷуд меовард. Зуд бегоҳ шуд, мо девонасон барои лаззати пешакӣ ғавғо бардошта, бо муштҳоямон дартоз ба боло мебаромадем — «санг-миқроз-коғаз» — парвозҳои ояндаро мебозидем (чана кам буд), аз ин хотир, на сари вақт доду фарёд шунида мешуд.

Доду фиғони давомдори яъсу ноумедии марговар...

Якум барои имдод навраси деҳотӣ шитобид, ҳамоне, ки намехост челонгар шавад.

Ман аз пайраҳаи соҳил давида, дар нимторикии кабудфом дидам, ки касе ба тарафи сурохии ях дар ҳаво хест, пасон хам гашту бо тамоми қувват чизе тираро ба қафо кашид, аз паси ӯ Никита барои ёрӣ даррасид. Дарҳол ғайриинтизор Никитаро Митрофани чусту чолоки даррасида ба оғӯш гирифт. Афсонаи шалғам дар се дақиқа рӯйи саҳна омад ва он суроби тирафом маълум гардид, ки Лидаи аз ях наҷотёфта будааст, ки оҳу нолиш мекард. Акнун вайро ба хона мебурданд.

Юбкаи тираранги дарозаш пойҳояшро печонда гирифта буд ва монанд ба думи парии обӣ бо пулакчаҳои лағжонак ях баста буд.

Ин рухдод истироҳати боқимондаро вайрон кард ва ҳатто яхмолакбозӣ ҳам аз аҷоиботу завқу рағбат холӣ шуд.

Тавре интизор мерафт, Лида бистарӣ шуд, ҳарораташ баланд буду месулфид, дар ибодатгоҳ бо нишони шукргзорӣ ва шифоёбӣ ниёиш мекарданд, мо нӯг-нӯги пой дар хона мегаштем, хомӯшу ором, гӯйӣ он ваҷди пурғавғоро пазируфта будем, ки бар асари он наздик буд Лидаро аз даст бидиҳем.

Бо гузашти биступанҷ сол яке аз мо фавтид ва чунин шуд, ки ба якдигар занг зада, асосан паёмак навишта, ба қароре омадем, ки ба ҷаноза равем.

Ман дар наздики метрои «Медведково» ба автобус нишаста, тамоми шаб дар роҳ будам. Хобам набурд — шояд бар асари бардорузан ва шояд аз таъсири афкоре буд, ки дар сарам то рафт бештару бештар ҷамъ омада, рухсораҳоямро месӯхтанд. Чаро ман рафтам? Ман он дӯстии наздикеро, ки миёни Сретенскийҳо ва Охапкинҳо буд, намедонам ва аслан ба ҷамъияти онҳо иттифоқан афтодам, баъдан баъзе аз онҳоро гоҳе-гоҳе медидам, маъмулан падарони оилаҳоро, ки дар Маскав хидмати падари маро мекарданд. Бо ин поповичҳою поповнаҳо маро як таътили кӯтоҳи зимистони хеле дур пайванд дода буд. Аммо чизе маҷбур сохт, ки тарки ҳама кор намуда, барои видоъ бо одаме, ки ҳеч гоҳ ҳатто суҳбате ҳам бо ӯ надоштам, бишитобам. Ман аз шиша ба сиёҳии номаълумӣ менигаристам, ки чеҳраи бегона ва ҳаяҷонзадаи ман дар он мунъакис мешуд, гӯё кадом суратроботе буд, то замоне, ки об шуда ба майдонҳову ҷангалҳо табдил ёфт ва дар болои онҳо аз нав равшании гулранг падид омад. Шояд ман мисли бачаи гумроҳ мерафтам, то ки бо чунинҳо ва ё на чунинҳои на он қадар шиносу ба якдигар хиёнат намекардагӣ наздик бишавам ва саъй бикунам он сағирагиеро, ки солҳо боз маро дар кӯчаҳою тангкӯчаҳои аз остонаи гарми бачагии калисо дур таъқиб мекунад, рафъ бикунам. Охир, мо дигарем, аз шумори хосонем, маълум мешавад дар ҳамин синну сол ҳар қадар одамеро вохӯрдем, ба ҳеч ваҷҳ дар онҳо чизе аз он, ки мо якдигарро аз ним нигоҳ дарк мекунем, намерасад. Ин тақво ва нафрини мо — шояд ягон ҳақиқати хандаовару даҳшатбор дар мавриди он бошад, ки мо шаётин-васвасакорон ва фариштаҳо-муҳофизонро яксон ҷазм мекунем. Шояд дар мо одати ғайритабиии шустанашаванда, шояд бозии зиндагӣ ва ҳамзамон ҳақиқӣ, ғайриодӣ, қадимӣ, фидокории пурҳарорат ва ташнагии хизмат кардан мавҷуд бошад.

Ва ҳама ин ҳарфи бисёри аз дарун нешзану ҷарангосӣ ногаҳон парешон шуданд ва тафаккури ман зери зангулаи мотам, дар миёни занҳои гирёну бачаҳои тарсон ва онҳое, ки бо имону бемаргӣ ва равшании фавти бошарафона худро далер мегирифтанд, холӣ шуд, зеро майит ба осмон, ба пеши меҳроб даъват гардида буд.

Ҳар як зангула як маротиба ҷарангосзанон садо медод — аз хурдтарин то калонтарин — зиндагии вусъатёбандаро ёдрас мекард ва баъдан зангулазан ҳамзамон ба ҳамаи зангулаҳо зарб мезад, ки маънои хотима, гусастагӣ, шикастро дошт.

Ва боз аз нав...

Ман ором, аз чи бошад, ки каме ҳайратзада, чанд дафъа дар паллаҳои фарсуда пешпо хӯрда, бо касе бо сарҷунбонию дастфишорӣ (на ҳама омада тавонистанд) чуну чаро намуда, аз паси се руҳонии ҷавон ва ду руҳонии дигари на ҷавон, ки яке аз онҳо падари бадбахт буд, аранге қадам мезадам.

Онҳо тобути ресмони сафеддоштаро фуроварданд.

Зуд ба болояш хок рехтанд ва аз боло салиблавҳаи тунукагиро гузоштанд, ки зери нури офтоб медурахшид : «О. Митрофан Сретенский, 1981—2017».

Маша оромона ба назди ман омад, пероҳану рӯсарии сиёҳ дошт, ки аз зери он ҳамон қабзаи мӯйи малларангаш намудор буд.

Якдигарро оғӯш гирифтем, бидуни ба забон овардани ҳарфе.