Фозил Искандар

Фозил Абдулович Искандар (1929—2016) — носиру шоир, барандаи Ҷоизаи давлатии СССР (1989), Ҷоизаи давлатии Федератсияи Русия (1994, 2014), Ҷоизаи Ҳукумати Федератсияи Русия (2011).
Дар шаҳри Сухуми, дар хонаводаи эронӣ, таваллуд шуда, дар деҳаи Чегеми Абхазистон тарбия ёфтааст. Соли 1954 Донишкадаи адабии ба номи А. М. Горкийро хатм карда, машғули рўзноманигорӣ ва муҳаррирӣ шудааст. Аз шеър оғоз кардааст ва нахусткитоби шеърҳояш соли 1957 дар Сухуми ба чоп расидааст.
Аз солҳои 60 навиштаҳояш дар маҷаллаи «Юность» чоп мешаванд. Қиссаи «Бурҷи Ҷаддӣ», ки дар маҷаллаи «Новый мир» ба табъ расид, машҳури ҷаҳонаш кард. Асарҳои дигараш — «Сандро аз Чегем», «Бачагии Чик», «Харгўшҳо ва морон» муҳаббати гарми хонандаро бедор намуданд.
Фозил Искандар фалсафию танзомез менависад ва ба тамсилу ҳикмат майли зиёд дорад.