Андрей Волос

Андрей Германович Волос (с. т. 1955) — нависанда, шоир, мутарҷим. Барандаи Ҷоизаи давлатии ФР (2000), ҷоизаи «Букури Русӣ» (2013) ва «Антибукер» (2000) ва чанд ҷоизаи дигар.
Дар Сталинабаде (Душанбе) дар оилаи геолог ба дунё омад. Дар Институти саноеъи нафтушимӣ ва гози Маскав бо номи Губкин бо тахассуси «Геофизика» таҳсил кард. Ба ҳайси риэлтор, барномасоз фаъолият кардааст. Ба тарҷумаи ашъори шоирони тоҷик машғул буд. Дар интиҳои солҳои 80-ум ба ба майдони адабиёт омад. Профессори Институти адабиёти ба номи А. М. Горкий.
Муаллифи романҳои «Хуррамобод», «Амволи ғайриманқул», «Маккаи Маскав», «Аниматор», «Ғолиб», «Хоин», «Бозгашт ба Панҷрӯд» (ин роман аз зиндагӣ ва рӯзгор Рӯдакӣ буда, соли 2020 дар тарҷумаи Қодири Рустам ба забони тоҷикӣ чоп шуд) ва ғайра. Дар жанрҳои романи торихӣ, антиутопия таълиф мекунад. Яке аз мавзуъҳои асосии осори Волос — Осиёи Миёна (бахусус Тоҷикистон), маънавиёти торихӣ ва замони муосири он аст.
Ба ақидаи мунтақидони адабӣ, «дар насри Волос реализм дар шаклҳои суннатии худ истифода мешавад ва неруи доимфаъъоли худро ба намоиш мегузорад».