Евгений Карасев
Соли 1937 дар шаҳри Калинин (ҳоло Твер) таваллуд шудааст. Марде, ки сарнавишташ душвор аст: дар ҷанг ятим монда, дузди кисабур шуд, ба маҳбаси кӯдакон афтида, пас аз он дар маҷмуъ 20 сол дар маҳбас қарор дошт, ҳафт доғи судӣ дошт, аз ҷониби суд ретсидивисти махсусан хавфнок эътироф шуда буд. Паси панҷара мактаби миёнаро хатм карда, дар он ҷо ба шеърнависӣ шурӯъ кард. Дар дарахтбурӣ ва сохтмони роҳҳои оҳани минтақаҳои дурдасти мамлакат кор кардааст. Соли 1986 ӯ олами ҷиноиро тарк карда, ба ҳайси директори мағозаи савдо, антиқафурўш кор кардааст. Нахустин маҷмуааш зери унвони «Роҳҳои Худованд» танҳо соли 1992 ба табъ расид. Муаллифи ҳафт маҷмуаи шеър ва манзумаҳо, аз ҷумла «Бори беимонӣ» (1998), «Шоҳидони айбдоркунӣ» (2000), «Сурудҳои писари фосиқ» (2003), «Далелҳои шайъӣ» (2014). Чанд китоби ҳикояву романҳо, инчунин хотираҳои маҳбасиаш зери унвони «Ҷаҳони мувозӣ» (2007) нашр шудааст. Барандаи ҷоизаҳои маҷаллаҳои «Новый мир» ва «Арион», ҷоизаҳои шоиронаи «Anthologia», ба номи Н. С. Гумилёв аст. Узви Иттифоқи нависандагони Россия буд. Соли 2019 аз дунё даргузашт.
Дар бораи Карасёв шоирон Олег Чухонтсев, Юрий Кублановский, Татяна Бек, Максим Амелин навиштаанд. Мунаққид Лев Данилкин қайд менамояд, ки «вай шоири аҷиб аст, ба ҳеҷ нафар аз одамони маҳаллӣ монанд нест. Ў натанҳо шоир аст».