Шоҳидони гунаҳгузорӣ

Вақте ки наврас будаму навкисабур будам, Бори нахуст афтодам андар дафтари пулис. Донистам он ҷо, изи ангуштони худ дорам, Аммо барои дузд марг аст ин гапу ин ҳис. Пас ман дар ангуштони мусиқинавози худ Ҳар гуна нақше мехарошидам ба теғу неш. Ин нақши барҳамхӯрда ҳам лекин ҳамешуд фош, Мемонд дар купюрҳо изе зи пас ё пеш. Он гоҳ ман роҳи дигарро пеш бигрифтам: Ангуштҳоямро задам дар оҳаку ишқор. Аммо пас аз ин ҳам хутути наҳси ангуштон Аз нав ҳамешуд барқарору мешудам безор. ...Ҳаргиз накӯшам ман шавам бо зевару пӯшок Машҳур байни халқ, ин бодо фаромуштам. Дар шеър танҳо хоҳам охир ман намоям фарқ, Рӯзи қиёмат то бишносанд изи ангуштам.