Тарсуӣ

Ман ҳафт маротиба ситодам Дар додгаҳу ба ҳабс рафтам. Ҷое, ки зи мурдаи рафиқам Бар роҳбарон хабар нагуфтам. То бурдаи нони ӯ бигирам, Аз гушнагӣ то чу ӯ намирам. То саршумурди мурдаҳо ман Дар паҳлуи мурдагон бихуфтам. Бигрехтаам зи ҳабсхона, Бо хавфи зиёди тир хӯрдан. Бо хайли ба марг гашта маҳкум, Сад бор будам ба як вагон ман. Бин, лек чу охирин фраер Бо дафтари лахт-лахти шеърам Дар пеши идораи маҷалла Тарсон зи қабули сахти шеърам. Аз тарс аҷаб шудам дигаргун, Худро нашиносам ҳеҷ акнун.