Андрей Геласимов

Андрей Валерйевич Геласимов (с. т. 1966) — нависанда, ношир, сенариянавис, омўзгор. Барандаи ҷоизаҳои «Бестселлери миллӣ» (2009) ва ба номи Аполлон Григорйев ва ғ.<br>

Дар Иркутск таваллуд шудааст. Соли 1987 дипломи филологро дар Донишгоҳи давлатии Якутия соҳиб шуда, инчунин факултети режиссёрии ГИТИС-ро хатм кардааст. Номзади илмҳои филологист. Дотсенти Донишкадаи адибии ба номи А. М. Горкий мебошад.<br>

 Бо нахустин қиссааш дар бораи ишқи аввал зери унвони «Фокс Малдер ба хук шабоҳат дорад» вориди саҳнаи адабиёт гаштааст. Қиссаи «Ташнагӣ», ки ба муҳорибаҳои Қафқози Шимолӣ бахшида шудааст, романҳои «Соли фиреб» ва «Рахил» ўро аз ҷумлаи шуҳратмандтарин нависандагони муосир намуданд. Ба шарофати романҳои «Садбарги бодҳо», ки ба азхудкунии Шарқи Дур дар асри XIX ва «Кайфи тоза», ки ба рэпи русӣ бахшида шудаанд, ў сазовори эътирофи умум гардид. Барои романи «Худоёни даштӣ», ки ба Ҷанги Бузурги ватанӣ бахшида шудааст, вай сазовори Ҷоизаи «Бестселлери миллӣ» гардид.<br>

 Мунаққидон бар ин назаранд, ки сенария ва психологизми амиқи асар, муколимаи устодона пешниҳодгардида ва таваҷҷуҳи хосса ба рўҳи замон хусусиятҳои фарқкунандаи насри Геласимов мебошанд.